Қобили зикр аст, ки дар ҷаҳони муосир тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба барои рушди кишварҳо муҳим ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар сатҳи минтақа диққати аввалиндараҷа медиҳад. Зеро ҳадафҳо ва вазифаҳои муштарак дар минтақа кишварҳоро водор менамояд, ки муносибатҳои байниҳамдигариро дар соҳаҳои гуногунҷанба тақвият бахшанд. Вобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамкориҳои дуҷонибаро дар асоси эҳтироми ҳамдигар, адами дахолат ба корҳои дохилидавлатӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии боэътимод ба роҳ мондаанд.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории пурсамарро роҳандозӣ намуда, беш аз 30 сол байни ҷонибҳо сатҳи баланди эътимоди мутақобил, наздикии мавқеъҳо дар аксари масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ ба вуҷуд омадааст.
Робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ, нақлиётӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ, энергетикӣ, маориф, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ бемайлон рушд карда истодаанд. Инчунин, давра ба давра ҳамкорӣ ва шарикию тиҷоратӣ байни минтақаҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ду кишвар тавсеа ёфта истодаанд.
Тазаккур бояд дод, ки ҳамкорӣ дар самти иқтисодӣ – тиҷоратӣ байни ҷонибҳо фарқкунанда мебошад, зеро кишварҳо дар соҳаи иқтисодӣ на рақобат, балки ҳамдигарро пурра мекунанд. Имрӯз бештари молҳои Тоҷикистон тариқи Қазоқистон интиқол меёбанд. Зикр бояд кард, ки Ҷумҳурии Қазоқистон дар савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷойи намоёнро мегирад.
Муносибатҳои гуногунҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар тамоми соҳаҳои мавриди назар ба таври бемайлон рушд карда истодаанд. Ҳамзамон, ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ мунтазам баргузор мегардад. Барои тавсеи иқтисодӣ миёни ҷонибҳо харитаи роҳ оид ба афзоиши тиҷорат ва савдо роҳандозӣ гардидааст. Инчунин, ҷиҳати густариши робитаҳои дуҷониба Шурои ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон низ амал менамояд.
Давра ба давра байни Тоҷикистон ва Қазоқистон корхонаҳои муштарак зиёд шуда истодааст. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон 92 корхона бо сармоягузории Қазоқистон ва 89 корхона дар кишвари бародар ва дӯст бо иштироки соҳибкорони тоҷик фаъолият доранд. Асосан ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти корхонаҳои муштарак аз соли 2006 инҷониб идома дорад. Аввалин ширкати муштараки ду кишвар ҶДММ “Зерновая Компания” ба ҳисоб меравад. Ҳамкорӣ дар соҳаи саноат барои Тоҷикистон бисёр муҳим мебошад, зеро кишвар дар чанд соли охир саноаткунонии босуръатро ҳадафи худ қарор додааст, ки барои зудтар расидан ба он кумак мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Қазоқистон робитаҳои тиҷоративу иқтисодиро бо кишварҳои Ҷануб ба монанди Ҳиндустон, Афғонистон ва Покистон тавсеа дода истодааст. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики боэътимоди Қазоқистон шуда метавонад. Ҷумҳурии Қазоқистон ба воситаи роҳҳои Тоҷикистон, ки Осиёи Марказиро ба Осиёи Ҷанубӣ мепайвандад, имкон дорад, ки муносибатҳои иқтисодӣ – тиҷоратии худро тавсеа диҳад. Тоҷикистон ҳамчун дарвоза натанҳо барои Қазоқистон, балки барои дигар кишварҳо низ гардад. Чуноне ки мебинем, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои сармоягузорӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сайёҳӣ ва содироту логистикӣ ба ҳисоб меравад.
Мавриди зикр аст, ки санаи 22 – 23 августи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом доданд. Дар доираи сафари мазкур як қатор санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ба имзо расонида шуданд, инчунин, чорабиниҳои муштарак, аз ҷумла, рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар Тоҷикистон, форуми тиҷоратӣ – сармоягузорӣ ва ҳамоиши илмӣ ва ғайра баргузор гардиданд.
Сафари мазкур аз чанд ҷониб қобили таваҷҷуҳ буд:
Якум, муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвари дӯст ва бародарро то сафари давлатии Қосим-Жомарт Тоқаев 153 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ танзим менамуд. Дар доираи сафари мазкур 16 санади нав ба имзо расонида шуд, ки акнун ин шумора қариб ба 170 адад расид.
Дуюм, ба имзо расидани «Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон». Созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон дар доираи иттиҳод ҳамкориҳои дар самти дуҷониба ва бисёрҷониба таҳким бахшанд. Инчунин, аз сатҳи баланди эътимоди мутақобилаи ду кишвар хабар медиҳад. Дар асоси ин созишнома робитаҳои дуҷониба амиқтар гардида, ҳамкориҳо дар самти гуногунҷониба ба сатҳи сифатан нав бароварда мешаванд. Ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои дуҷониба, яъне, имзои «Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон» дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони таҳкими бештари робита байни ҷонибҳо ба вуҷуд хоҳад омад.
Сеюм, тиҷорат ва сармоягузорӣ. Дар раванди сафар робитаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар авлавияти ҷонибҳо қарор дошт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмонадӣ изҳор дошт, ки гардиши мол миёни ду кишвар нисбати соли гузашта 20 дарсад афзоиш ёфтааст. Бояд зикр намуд, ки ҳанӯз 25 августи соли 2023 дар раванди сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҷонибҳо ба мувофиқа расида буданд, ки гардиши тиҷоратӣ миёни ду кишварро ба 2 млрд доллар расонанд. Ба эҳтимоли хеле зиёд то охири сол тарафҳо метавонанд, ки гардиши тиҷоратиро ба 2 млрд доллар расонанд. Ҳамзамон, дар 5 соли охир сармояи мустақим 700 млн долларро ташкил медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои саноат, инфрасохтор, маъдан, мошинсозӣ ва роҳи оҳан мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Масалан, соҳаи истихроҷ ва коркарди маъдан яке аз самтҳои афзалиятнок буда, ҳар ду кишвар имконият доранд, ки ҳамкориро дар самти мазкур тақвият бахшанд, зеро Тоҷикистон аз канданиҳои фоиданок бой буда, ҳамкорӣ бо Қазоқистон дар ин самт метавонад ба рушди саноати кӯҳии кишвар мусоидат намояд.
Ҳар ду кишвар дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба – СММ, САҲА, ИДМ, СААД, СҲШ ва МҲТБО бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд ва мавқеъҳоро ҳамоҳанг намуда, аз ташаббусҳои ҳамдигар ҷонибдорӣ менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати таҳкими равобити сиёсӣ ҳавасмандии зиёди манфиатбахш доранд. Дар муддати беш аз 30 сол ду кишвари дӯст таҷрибаи бузурги ҳамкории созандаро дар шароити нави давлатдорӣ ба вуҷуд овардаанд ва миёни ҷонибҳо масъалаи ҳалношуда вуҷуд надорад.
Дар маҷмуъ, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи шарикии стратегӣ дар соҳаҳои гуногунҷанба то имрӯз бемайлон рушд карда истодаанд. Ҳар ду кишвар аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ҳамкориҳоро дар соҳаҳои мавриди назар тавсеа дода, робитаҳои фаъоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва саноатиро ба сатҳи сифатан нав мебароранд.
Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
сармутахассиси Раёсати
таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии
МТС–и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон