Аз аввали солҳои соҳибистиқлолии кишвар илму маориф яке аз самтҳои асосии афзалиятноки сиёсати давлат, аз ҷумла Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки онро бевосита Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ менамоянд. Дар ин самт тибқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар солҳои 2013–2020 як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.
Яке аз ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии солҳои 2013–2020-и ин ҳизб рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, заминаҳои моддиву техникӣ ва имкониятҳои кадрии ин муассисаҳо мебошад. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар низоми маориф барои тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун равона гардидааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҷумла 56 литсейи касбии техникӣ фаъолият менамояд. Шумораи коллеҷҳо бошад, ба 75 адад расидааст, ки он дар соли 2013 – 53 ададро ташкил медод.
Фарогирии донишҷӯён дар ин муассисаҳои таълимӣ ҳамасола зиёд гардида, шумораи духтарон дар ин зинаҳо бештар ба назар мерасанд. Дар аввали соли таҳсили 2018/2019 шумораи донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба 86,5 ҳазор нафар расидааст, ки аз онҳо 53,8 нафар духтарон мебошанд. Таносуби духтарон дар шумораи умумии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 62,1%-ро ташкил медиҳад.
Шумораи омӯзгорон дар ин муассисаҳои таълимӣ дар ҳайати асосӣ 5670 нафар ва ҳамкор 1474 нафар мебошанд, ки ба ҳар нафар омӯзгор 15 нафар донишҷӯ рост меояд.
Ҳадафи дигар, давом додани ислоҳот дар соҳаи маориф ба шумор рафта, давоми солҳои 2013–2020 ислоҳоти соҳаи маориф таҳти шиори “Ташаккули мактаби нав” идома ёфта, ҷиҳати дастгирии омӯзгорон имтиёзҳо аз қабили ҷудо намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, кумакпулиҳо ва қарзҳои имтиёзнок давра ба давра бештар карда шуд.
Таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, фарогирии кӯдакон дар ин зинаи таҳсилот давра ба давра зиёд шуда истодааст. Тибқи маълумоти омории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ соли 2019 миқдори муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 659 ададро ташкил медод, ки дар онҳо ҳамагӣ 98030 нафар кӯдакон фаро гирифта шудаанд. Ин миқдор дар муқоиса бо соли 2013 – 132 адад муассисаҳои томактабӣ ва 17,6 ҳазор нафар кӯдак зиёд (дар соли 2013 шумораи муассисаҳои томактабӣ 527 адад ва шумораи кӯдакон 80,4 ҳазор нафар) мебошад. Ҳоло шумораи муассисаҳои томактабии хусусӣ ва Марказҳои хусусии инкишофи кӯдак дар сатҳи ҷумҳурӣ 153 ададро ташкил медиҳад, ки дар соли 2013 дар ҷумҳурӣ 30 адад кӯдакистони хусусӣ фаъолият менамуд. Аз рӯйи маълумоти омори расмӣ фарогирии кӯдакони синни аз 1 то 6 сола дар соли 2013 – 6,2 фоиз ва дар соли 2019 бо баҳогузории пешакӣ 7,7 фоизро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2013 – 1,5 фоиз афзудааст. Айни замон дар муассисаҳои томактабии минтақаҳои гуногуни кишвар 11682 нафар корманди педагогӣ фаъолият менамоянд, ки шумораи онҳо дар соли 2013 – 1271 нафарро ташкил медод.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон дар онҳо давра ба давра рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст, вале ҳанӯз ҳам дар ин самт, бахусус, дар сатҳи деҳот мушкилоти зиёд мавҷуд аст. Дар аксарият деҳоти дурдаст солҳои зиёд аст, ки биноҳои мавҷудбудаи томактабӣ таъмирталаб ҳастанд ва фарогирии кӯдакон дар онҳо хеле кам ба назар мерасад. Фарогирии кӯдакони синни аз 1 то 6 сола дар кӯдакистонҳои давлативу хусусӣ то соли 2020 ба 15,9 фоиз зиёд гардид.
Ниҳоят тибқи барномаи пешазинтихоботии солҳои 2013–2020-и ҲХДТ бояд муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаю олии касбӣ ба низоми ягонаи таҳсилот ворид мегардиданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нақшаи ворид шудан ба низоми ягонаи таҳсилот тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва гузаштан ба низоми кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соли 2015 ва таҳсилоти миёнаи касбӣ дар соли таҳсили 2018-2019 анҷом ёфт.
Айни замон, ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар ба низоми таълими кредитӣ гузаштаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қонунгузорӣ низоми сезинагии таҳсилотро қабул намудааст, яъне бакалавр, магистр ва (PhD) докторантура аз рӯйи ихтисос. Чӣ хеле маълум аст, тибқи Низомномаи низоми кредитии таҳсилот кишвари мо бо мақсади таъмини болоравии сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ, сафарбар намудани донишҷӯён барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷ ва барои фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид гардидан, ин низомро қабул кардааст.
Тибқи таҳлили коршиносон, дар маҷмӯъ, аз рӯйи барнома ва нақшаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020– 135 муассисаи томактабӣ, 740 маркази ташаккули зеҳнии кӯдакон, 1444 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуданд. Инчунин, таъмири асосии 439 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба анҷом расида, 5 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шуд ва ин иқдом идома ёфта истодааст. Ҳамзамон, дар ин давра, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблаѓгузорӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ бо зиёда аз 160 ҳазор ҷойи нишаст сохта, мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолии кишвар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Барномаи нави пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020–2027 таҳия намудааст.
Азбаски илму маориф ҳамчун омили муҳимми таъмини ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангии ҳар як давлат баромад менамояд, рушди босуботи давлату миллатро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, дар ҳадафҳои аосии барномаи мазкур дар бахши илму маориф ба самтҳои зерин афзалият дода шудаанд:
- таваҷҷуҳи авваландараҷа зоҳир намудан ба соҳаҳои илму маориф, идома бахшидани ислоҳот дар ин самт, давра ба давра зиёд намудани маоши кормандон ва таҳкими пояҳои моддиву техникии онҳо, аз ҷумла таъминот бо технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ;
- баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар раванди таҳсилот;
- амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи «Барномаи рушд ва омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020–2040 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- такмил додани низоми таҳсилоти муттасил, фосилавӣ ва фарогир ва фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати касбу ҳунаромӯзии наврасон, ҷавонон ва калонсолон;
- фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ барои фароҳам овардани шароити баробари дастрасӣ ба рушди зеҳнии кӯдакон дар деҳоти кишвар;
- андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати дар ҷомеа баланд бардоштани мақоми омӯзгорон ва беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии онҳо;
- амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ доир ба рушди сармояи инсонӣ, тавсеа бахшидан ба имкониятҳои зеҳнии кишвар ва навсозии низоми идораи тамоми зинаҳои таҳсилот дар шароити замони муосир;
- таъмин намудани робитаи илм бо истеҳсолот ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш миёни муассисаҳои илмиву таълимӣ ва ширкату корхонаҳои истеҳсолии давлатӣ ва хусусӣ;
- муайян кардани самтҳо ва равияҳои афзалиятноки илм, таҳким бахшидан ба заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмиву таҳқиқотии муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар;
- таҳия ва татбиқ намудани “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технологияҳо ва инноватсия барои давраи то соли 2030”;
- тавсеа додани ҳамкориҳои илмӣ доир ба масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ ва масъалаҳои марбут ба об дар сайёра;
- андешидани тадбирҳои зарурӣ барои ҳавасмандгардонии ихтироъкорӣ ва навоварӣ.
Ҳамаи ин он афзалиятҳое мебошанд, ки дар самти илму маориф бахшида шудаанд. Ин афзалиятҳо таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, бахусус, роҳбари он – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад. Дар ин самт яке аз нуктаҳое, ки аз тарафи Пешвои миллат доир ба соҳаи маориф садо дода шуда буд: «маориф омили асосии таҳкими давлат ва наҷоти миллат аст», ки ѓамхориҳои он касро ба соҳаи маориф нишон медиҳад.
Хуллас, қайд кардан зарур аст, ки дар баробари соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ соҳаи илму маориф яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат ба ҳисоб рафта, рушди он аз омилҳои гуногун вобаста мебошад, ки инкишофу пешрафти босуботи давлат ва миллатро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, Сарвари кишвар низ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи илму маориф, ки ҳамчун пойдевори рушду пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мебошад, таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоянд. Моро низ зарур аст, ки на танҳо дар самти илму маориф, балки дар самтҳои дигари соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ҳамқадами Пешвои худ бошем ва дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро гузорем.
Назирова М.Н.,
сармутахассиси Раёсати таҳлили
масъалаҳои иҷтимоии МТС – и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон