Ҷанбаҳои асосии иштироки занон дар равандҳои идеологию иҷтимоӣ вобаста ба мушоҳидаҳо ва таҳлилҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар чораҳои андешидашудаи ҳокимиятҳои иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои мусоиди рушд фароҳам оварда шудааст. Арзёбии баъзе масъала ва мушкилоти дар ин самт вуҷуддошта марҳала ба марҳала барои боз ҳам ташаккул додани дониш, малака ва зеҳнияти занон роҳҳои ҳалли худро ёфта истодаанд.

Воқеияти таърихӣ ин аст, ки тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар ҷомеаи имрўзаи кишвари тоҷикон барои баланд бардоштани мақому манзалат ва беҳбудии вазъи занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Дар ин муддат роҳбарон, ваколатдорон ва масъулони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари шаклгирии давлат тавонистанд, ки барои мақому манзалат ва беҳтар гардидани вазъи занон дар ҷомеаи имрўзаи кишвар ба муваффақиятҳои намоён ноил гарданд.

Бо мақсади таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ масъулони Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намуд, ки онҳо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Вобаста ба ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи шаклгирӣ ва ташаккулёбии фаъолияти бештари занон бо дар назар гирифтани таъсири оилаҳои анъанавии тоҷик, таҳкими ҷалби занон дар равиш барои иштироки онҳо дар равандҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, дастгирии давлат ва ҳукумат аҳаммияти ҳалкунанда дорад.

Моҳият ва муайян намудани хусусиятҳои масъалаи иҷтимоикунонии занон, мавҷудияти қолабҳои анъанавӣ ва дурнамои таѓйиру таҳкими он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун муайянкунандаи нишондиҳандаи татбиқи меъёрҳои рушди демократия дарҷ мегардад.

Таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарии мардону занон  чун тамоюли хоси ташаккулдиҳанда, таъсири иҷтимоӣ, сиёсию идеологӣ, аҳамияти технологияи ворид намудани унсури иҷтимоикунонии занон ба сиёсати давлатии кишвар бо дарназардошти тамоми хусусиятҳои қишрҳои ҷомеа яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати давлатӣ арзёбӣ мегардад.

Дигар ин ки яке аз умумиятҳои таърихие, ки дар доираи он ҳамзистӣ, ташаккули тарзи рафтор, мафкура, зиндагӣ, фарҳанг ва анъанаву урфу одат ба миён омадааст, ин миллат аст, ки ҳар ду ҷинс дар рушду мавҷудияти имрўзаи он нақши асосӣ доранд.

Бояд қайд кард, ки нисбат ба даврони Шўравӣ дар ҷомеаи имрўза иштирок ва фаъолияти занони тоҷик дар ҳаёти фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ моҳияти нав ва рушдкарда гирифта, ҷойгоҳи онҳо дар равандҳои идеологию сиёсӣ ба таври чашмрас бештар гардидааст.

Асосҳои таҳлили амалии иштироки занон дар равандҳои сиёсӣ-идеологӣ нишон медиҳад, ки он дар ҳаёти сиёсии ҷомеа чун падидаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ замина ва хусусияти махсус дорад. Ҳамчунин, паёмадҳои ҳуқуқии иштироки занон дар раванди иҷтимоӣ-иқтисодӣ низ нақши бориз гузоштааст.

Кор ва фаъолияти онҳо дар мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, илм ва маориф, фаъолияти бонкӣ, тандурустӣ ва ѓайра, аз як тараф, барои пешрафти кори иҷтимоию иқтисодӣ амалӣ карда шавад, аз тарафи дигар, ҷиҳати интихоб кардан аз байни занҳои таҷрибадор барои корҳои роҳбарикунанда замина ва шароити мусоид фароҳам овардааст. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 омадааст: “Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.”

Иззату манзалати зани тоҷик ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ бо иқдоми Пешвои миллат ҳанўз дар декабри соли 1999, таҳти фармони №5 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расида буд, ки аз хирадмандии роҳбарият ва мардуми сарбаланди мо дарак медод. Дар баробари ин, таҳия ва қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар дар самти беҳдошти вазъи занон, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои миёнамуҳлату дарозмуддати давлатӣ, ки масъалаҳои мубрами таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон, барои пешгирии зўроварӣ дар хонавода, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, стратегияҳои миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ѓайра кафолати он шудаанд. Амалигардонии онҳо барои беҳтар сохтани вазъи фарҳангӣ, пешгирии хушунат дар оила нисбати занон ва барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии ниҳодҳои давлатӣ, албатта, аз ҳисоби кадрҳои болаёқату донишманд имкони хуб ба миён овард.

Ташаккул ва рушди масъалаи иҷтимоикунонии занон ҳамчун равияи илмӣ ва зуҳуроти таърихию иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, хусусиятҳои шаклгирии баробарии ҷинсӣ ва нақши он дар бештар гардонидани фаъолгардонии занон дар ҷаҳон ва минтақа дониста мешавад.

Дар мақомотҳои давлатӣ бо интихоби занон ба мақоми зан-роҳбар боиси аз як тараф, аз байн рафтани фаҳмиши тафаккури ѓалат (стереотип) нисбати занон мусоидат карда, аз тарафи дигар, маҳз бо дастгирии мардҳо дар корҳои вазнини хоҷагӣ барои сабук гардонидани фаъолияти роҳбарикунандаи онҳо имкони вақтӣ пайдо мешавад. Масъала ин аст, ки дар ҳақиқати ҳол иштироки занон дар баъзе корҳо душвор мегардад, бо сабабе, ки онҳо имконият ва қудрати инсонияшон барои иҷрои масъулияти модарӣ ва ҳамсариашро сарфа мешавад.

Дуруст ва ҳикматомезона аст, ки дар баъзе самтҳо нисбати фаъолияти занон вобаста ба ҷинси латиф буданашон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои махсуси сабуккунанда қабул кардааст, ки аз дастгирӣ ва ѓамхории роҳбарият гувоҳӣ медиҳад.

Маълум аст, ки барои боз ҳам тақвият ва зиёдтар намудани захираҳои кадрӣ аз ҳисоби занон консепсия ва барномаҳои кўтоҳмуддат низ амалӣ мегардад, ки ҷиҳати тақвияти донишу малакаҳои онҳо ёрирасон аст. Дигар ин ки нашри зиёдтари китобҳо ва дастурамалҳо дар бораи зан-роҳбар аз манфиат холӣ нест.

Баҳри беҳтар намудани вазъи  гендерӣ баробарҳуқуқии мардону занонро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кафолат медиҳад, ки раванди амалишавии онҳо ба пешрафти иҷтимоии  занон, устуворшавии мавқеъ ва мақоми онҳо дар ҷомеа мусоидат менамояд. Таҳлилҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки таҳкими мавқеи занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама самтҳо ва сатҳҳои роҳбарикунандаи давлатию ҷамъиятӣ ҷавҳари сиёсати иҷтимоикунониро ташкил дода, баҳри самаранок татбиқ гардидани  мақсадҳои давлат дар ин самт мусоидат мекунанд.

Зимни мушоҳидаҳо муайян гардид, ки якчанд соҳаҳое вуҷуд доранд, ки ба андешаи мо барои муайян намудани нақши фаъолияти муҳимтар ва беҳтари зан дар давраҳои мушкили охир дар сохторҳои гуногун назаррас гардид.

Дар айни замон маорифро шакли олии ташаккули маърифати зеҳнии занон донистан бамаврид аст. Маълум аст, ки саҳми занон дар рушду тараққиёти соҳаҳои гуногуни сохторҳои ҷамъиятӣ назаррас аст. Дар мақомотҳои давлатӣ кор намудани занон аз маънои тафаккури баланд доштани занони тоҷик дарак медиҳад. Аммо муайян гардид, ки руҷўи занон ба соҳаи маориф бештар аст, ки дар навбати худ манбаи асосии тайёр намудани кадрҳои дар боло номбаркардашуда ба шумор мераванд. Яъне барои занони дар соҳаи маориф фаъолиятдошта, ки дар соли 2020 –70 дарсад ва аллакай дар соли 2021 –73 дарсадро ташкил медоданд ва ба таълиму тарбияи фарзандони мардуми Ватан масъуланд, кам нестанд. Аз ин рў, соҳаи маориф дар тақвият бахшидани неруи кории занон, барои таҷрибаи корӣ гирифтан ва ҳамин гуна, муҳим аз ҳама, ба ҷойи корӣ таъмин намудани занони заҳматкаш, махсусан занони танҳо, баѓоят калон аст.

Фаъолияти занон дар соҳаи тандурустӣ низ назаррас аст. Бояд зикр намуд, ки аз соли 2019 дар асоси паёмади нохуши пандемияи COVID-19 хатари ба генофонди (зоти) инсоният таъсир расонидани он кори табибиро хавфнок гардонид. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2020 дар соҳаи тандурустӣ занҳо аксаран, яъне –68 дарсади қувваи кориро  ташкил медиҳанд. Онҳо чун табиби мушфиқу ѓамхор аз аввали омадани ин вабои аср бомуваффақона ба он истодагарӣ намуданд. Махсусан, занон–ҳамшираҳои шафқат бо вуҷуди мушкилоти бехатарӣ даст аз вазифаҳои худ накашиданд. Санои таърихӣ бар чунин занон–қаҳрамонони миллат арзанда аст.

Аслан рамзҳои ҷаҳониро занҳо дар ҷаҳон пос медоранд. Ба гуфтаи машҳур бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар ҷаҳонро меҷумбонад, дар сари гаҳвора бо нақлу ривоятҳо аввалин шиносоиро ба олами воқеӣ ба фарзанд меомўзанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2022 омадааст: «Воқеан, мақоми зан–модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст.»

Худованд занро аз ҳама махлуқи зеботарин офаридааст, бо нозуктабии  худ ва хушахлокиаш зеботарин ҷинс дар тамоми мавҷудот эътироф мешавад. Аз ин лиҳоз, арзанда аст, шароитҳое фароҳам оварда шавад, ки ин хислатҳое некуву зебоашонро аз даст надиҳанд.

Муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Назриева О.Ш.

Чоп кунед