Миллати тоҷик аз азал бо фарҳангу таърих, адабиёту санъат, илму маърифат  ва ҷавонмардони далеру шуҷои хеш тавонист дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи муносиберо пайдо кунад. Миллати тоҷик аз бомдоди таърих дар тамоми гирдобҳои шадиди сиёсии ҷаҳон ибрози афкор намуда, дар ҳаллу ба эътидол овардани вазъ бо роҳи муколама, гуфтушунидҳои сиёсӣ ва дипломатӣ нақши бориз дорад. Инчунин, дар роҳи густариши ҳамкориҳо дар масири сиёсату иқтисод ва фарҳангу иҷтимоиёт бо давлатҳои бурунмарзӣ ва ҳамсоя ба роҳ монда, мавқеи сиёсии худро муайян месозад. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз азал то ба имрӯз дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як миллати меҳмоннавоз ва ҳамсоядӯст новобаста аз миллат, халқият, нажод ва забон, эътироф гашатааст. Мутаассифона ҳастанд ҳолатҳое, ки чунин равандро нодида гирифта дар пайи ҳасаду хиёнаткорӣ ва халалдор кардани суботу оромии кишвар мегарданд. Хусусан чандин ҳамлаиҳои ноҷавонмардонаи Қирғизистон дар чанд соли охир ба хоки Тоҷикистон мебошад, ки пайваста нақзи созишнома карда, мехоҳад ҳадафи ноҷавонмардонаи худро дар кишвар амалӣ созад. Ёдрас бояд кард, ки санаи 14.09.2022 хабари шуми мусаллаҳонаи сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии “Коктош” – и отряди сарҳадии Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои вазнин гулӯлаборон кардани дидбонгоҳи сарҳадии “Душанбе” – и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шунида мутаасир гардидем. Маврид ба зикр аст, ки тибқи иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибҳо соати 06:30 – дақиқаи субҳи 16 сентябри соли 2022 доир ба эълони оташбас ба мувофиқа расида буданд. Аммо, мутаассифона, ҷониби Қирғизистон аҳдшиканона ва хоинона ба хоки Тоҷикистон, хусусан ба манзилҳои аҳолинишин бо истифода аз силоҳҳои вазнин оташ кушодаанд. Дар натиҷаи даргириҳо ҷандин нафар кушта шудаанд, аз ҷумла кӯдакони бегуноҳу маъсум. Дар натиҷаи ҳамлаи хунхоронаи ҳамсоякишвари қирғиз чандин хонаву мактаб вайрон шуда, боиси хисороти ҷониву молӣ гашт.  Бояд зикр кард, ки таърихи ҷаҳон исбот кардааст, ки ҷанг суботу оромии ҳар ҷомеаро харобу валангор сохта, дарахти иттиҳоди башарро аз беху бумаш сарозер мекунад. Аз ин лиҳоз, саранҷоми он пушаймонист. Ҷавонони родмарду ҷасури мо ҷони худро қурбон месозанду бо хоинону ҷосусон ба мисли қирғизи аҳдшикан ва ноҷавонмард, далериву шуҷоат ва садоқатмандии миллати тоҷикро нишон медиҳанд.

Дар рӯйи ҷаҳон ту аз азал дарбадарӣ,
Хатте, ки кашидаам, аз он мегузарӣ.
Аҳде, ки бибастаем, ноҳақ шиканӣ,
Номард, ба шери тоҷикӣ сарбасарӣ.

Хушбахтона, ҷавонони шуҷои Ватан, далерони рафоқатманди кишвар намегузоранд, ки ҳар нохалафе, ба мисли қирғиз, оромии кишварро халалдор созад. Имрӯзҳо аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон баҳри ҳимояи марзу буми кишвар аз ҷавонон сар карда то ба пирони ватандӯст омодаанд, то нафаси охирин бо душман камин гиранд ва нагузоранд гиряи тифли модари тоҷик берун ояд.

Бояд тазаккур дод, ки мо халқи далеру шуҷоъ ва ҷасуру бонанг пайваста барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистон омодаем ҷони худро нисор карда, дар масири сулҳу оромии кишвар саҳми хешро гузорем. Шоири ватансарои тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ бисёр зебо гуфтааст:

Он на ман бошам амон бидҳад ба душман мушти ман,
Он на ман, к-ин дам фитам дар фикри кори дигаре.
«Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман,
Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре.

 Ҳақ ба ҷониби шоир аст  бешак, он қуввае, ки алайҳи суботу оромии кишвар равона гардидааст, аз ҷониби ҷавонони шуҷоу далери кишвар ба шикастан мувоҷеҳ мешавад.

Ёдрас бояд шуд, ки ҳар душмане, ҳар хоине зидди миллати мост, нотавон аст, ноком аст, мағлуб аст, ҳадафҳои ғаразноку разилонааш барбод хоҳад рафт, комёб нахоҳад шуд, зеро мо, халқи Тоҷикистон якдилона, содиқона ва далерона баҳри ҳифзи марзу буми ватани азизамон – Тоҷикистон талошу мубориза хоҳем бурд. Дар ин роҳи пуршараф шиори мо ин шоҳбайти Ҳаким Фирдавсист, ки барҳақ фармуда:

Ҳама сарбасар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

 

Ҷамшед Салихов,
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед