Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттило медиҳад, ки рӯзи 15-уми июли соли 2022 конфронси илмӣ-амалиро дар мавзӯи «Дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари асосии пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ» баргузор менамояд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ натиҷагирӣ аз Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”, баррасии нақш ва ҷойгоҳи дипломатияи об дар пешбурди сиёсати хориҷӣ, коркарди пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023  ва таҳкими ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф ва ҳалли муаммоҳи мавҷуда мебошад.

Тавре маълум аст, дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои ташвишовар мушкилоти вобаста ба об ва тағйирёбии босуръати иқлим аст, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Мувофиқи маълумоти Созмони миллали муттаҳид дар соли 2021 тақрибан 2 миллиард сокини ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Бояд таъкид намуд, ки аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мазкур иқдомҳои муҳим роҳандозӣ гардидааст. Дар ин раванд Ҷумҳурии  Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсаф ва ташаббускор дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ба шумор меравад. Ин воқеияти бебаҳс аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷоҳон эътироф шудааст. Масалан, Тоҷикистон дар муддати ду даҳсолаи охир чор ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли муаммоҳои ҷаҳонии обу экология пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳо қабул гардида мавриди амал қарор гирифтанд. Айни ҳол ташаббуси чоруми кишвари мо Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” татбиқ гардида истодааст. Зимнан, дар заминаи ташаббуси мазкур аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” баргузор гардид. Дар конфронси дуюми сатҳи баланди Душанбе, низ яке аз масъалаҳои меҳварӣ дастрасии сартосарӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар назар гирифта шуда буд, ки барои бартараф сохтани  мушкилоти мазкур ба рӯзномаи ҷаҳонии об роҳ ҳалҳои  нав ворид гардиданд.

Умуман, Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз яке аз кишварҳои пешсаф дар самти татбиқи дипломатияи об дар ҷаҳон шинохта шудааст.

Вобаста ба ин, дар конфронси илмӣ-амалӣ масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

  • Натиҷагирӣ аз Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “ Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”
  • дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари асосии пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ;
  • ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об;
  • ҳифзи пиряхҳо яке аз воситаҳои пешгирии мушкилоти вобаста ба об;
  • нақши об дар тавлиди “нерӯи сабз” аз манбаъҳои барқароршаванда;
  • тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва ғайраҳо.

Дар чорабинӣ иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ватанӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар назар дошта шудааст.

Конфронс рӯзи 15-уми июли соли 2022, соати 10:00 дар толори МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Телефон барои тамос: +992 938 03 7070; E-mail: alinazar.ashurov@mail.ru

Чоп кунед