Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттило медиҳад, ки рӯзи 17-уми майи соли 2022 конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи “Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон: пайомадҳои сиёсию идеологӣ” баргузор менамояд.

Ҳадаф аз баргузории конфронс арзёбии нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои сиёсию иттилоотӣ, идеологию ақидатӣ, фарҳангӣ ва пайомадҳои таъсири он ба амнияту суботи кишвар иборат мебошад.

Бояд зикр намуд, ки дар давоми солҳои охир шабакаҳои иҷтимоӣ  ба дастгоҳи бузурги таъсиррасон ба фазои сиёсию иттилоотӣ, идеологию ақидатӣ ва фарҳангии кишвар мубаддал шуда, нақши онҳо бо дарназардошти зиёд шудани сафи истифодабарандагон сол то сол бештар ва амиқтар мегардад. Муҳити зиндагӣ ва фазои кору фаъолияти сокинони кишвар бо шабакаҳои иҷтимоӣ робитаи зич пайдо намуда, аз як тараф ин шабакаҳо ҳамчун омили ташаккули шахсият хизмат мекунанд, аз ҷониби дигар боиси халадор шудани тафаккури бархе аз истифодабарандагони ватанӣ низ шудаанд. Маҳз ҳамин омил ва инчунин авҷ гирифтани ҷангҳои иттилоотӣ масоили ҳифзи амният ва суботи идеологӣ дар кишварро беш аз пеш рӯзмарра намудааст. Бинобар ин, омӯхтани паҳлӯҳои гуногуни падида ва ҷустуҷӯи роҳҳои муассири баланд бардоштани иқтидори иттилоотии давлат ва ҷомеаи мо дар ростои хатарҳои афзоянда муҳимтарин масъалаҳои чорабинӣ мебошанд.

Вобаста ба ин, дар конфронс масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

  • нуфузи шабакаҳои иҷтимоӣ миёни истифодабарандагони ватанӣ;
  • ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ;
  • моҳият ва хусусиятҳои контенти ватании шабакаҳои иҷтимоӣ
  • таҳдиду хатарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ барои давлат ва ҷомеаи мо: таҳдидҳои сиёсию иттилоотӣ, идеологию ақидатӣ ва фарҳангӣ;
  • роҳҳои аз “зарар” ба “манфиат” табдил додани имкониятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ;
  • арзёбии сиёсати давлатии иттилоотӣ дар ҳифзи амнияти иттилоотии давлат;
  • заъфҳои иттилоотии кишвар ва роҳҳои бартараф намудани онҳо;
  • арзёбии иқтидории миллӣ дар ростои муборизаҳои/ҷангҳои иттилоотӣ;
  • имкониятҳои тавсеаи дипломатияи иттилоотӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо.

Дар чорабинӣ иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ватанӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар назар дошта шудааст.

Конфронс рӯзи 17-уми майи соли 2022, соати 09:00 дар толори МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

 Телефон барои тамос: (+992) 800-141-580
E-mail: av.maruf@mail.ru

 Эзоҳ: барои таҳияи маводи таҳлилӣ аз натиҷаи конфронси мазкур, хоҳишмандем, ҳангоми омода намудани маърӯзаи худ ё суханронӣ зикри пешниҳодҳои мушаххасро  оид ба масъалаи матраҳшаванда фаромӯш накунед.

Чоп кунед