Рӯзи 5 январи соли 2023 маҷлиси умумии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмию пажӯҳишӣ ва ташкилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва нақшаву пешниҳодҳо доир ба фаъолияти раёсатҳои Марказ барои соли 2023 ба таври муфассал гузориш дод. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва такмили механизми татбиқи сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Дар соли 2022 Марказ дар доираи нақшаҳои корӣ дар чунин самтҳо фаъолият намуд:
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кормандони Марказро пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ ташкил медиҳад. Аз рӯйи нақшаи корҳои илмию пажӯҳишӣ барои соли 2022 таҳқиқот аз рӯйи мавзуъҳои зерин бурда шуд:
- Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он.
- Роҳҳои баланд бардоштани амнияти миллӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодии Тоҷикистон.
Тибқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои соли 2022 дар доираи самтҳои болозикр пажӯҳишҳо гузаронида шуданд.
Вобаста ба иҷрои мавзуъҳои зикршуда, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2022 дар Шурои ҳамоҳангсозии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳисоботи муфассалро манзур намуд. Масъалаи иҷрои нақшаи корҳои илмиву таҳқиқотии раёсатҳо мунтазам дар ҷаласаҳои Марказ мавриди баррасӣ қарор мегирифт. Ин имкон дод, ки ҳисоботи илмию таҳқиқотии Марказ дар муддати муайяншуда босифат ва ба талабот ҷавобгӯй пешниҳод шавад. Ба ғайр аз ин, иҷрои чорабиниҳои мушаххас бо мақсади таъмини самаранокии амалии пажӯҳишҳо дар ин муддат амалӣ гардиданд. Бахусус муҳокимаи пайвастаи масъалаҳо дар Шурои илмӣ ва Шурои илмию методӣ судманд буданд.
Шурои илмии Марказ дар ҳайати 21 нафар, аз ҷумла 10 доктори илм ва 3 номзади илм фаъолият доранд. Шурои илмию методии Марказ аз 15 нафар иборат аст. Дар Шурои илмию методӣ натиҷаҳои корҳои илмӣ ва таҳқиқотии раёсатҳо мунтазам мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода шуданд.
Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ низ ҷузъи муҳими фаъолияти кормандони Марказро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар доираи баргузории корҳои илмию таҳқиқотӣ кормандони Марказ тибқи вазифаҳои низомномавии хеш пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилиро барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатии дахлдор омода карда, ирсол намуданд.
Кормандони Марказ пайваста дар ҳайати комиссияҳои Ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории вазорату идораҳо ворид гардида, барои таҳия ва татбиқи стратегию барномаҳои мушаххаси соҳавӣ саҳм мегиранд. Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муасисаҳои илмию таҳқиқотӣ дар соли ҳисоботии 2022 вусъати тоза пайдо намуданд.
Баргузории конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум, мизҳои гирд ва семинарҳо заминаи муҳимро барои дарку шинохти масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон аҳамияти назариявию амалиро дорост, ки Марказ дар ин самт хеле фаъол буд.
Сомонаи интернетии Марказ ва нашри пайвастаи маҷаллаҳои “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва “Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният” низ дар рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тарғиби дастовардҳои илмии кормандони Марказ ва таъмини устувории мавқеи ҷамъиятии аъзоёни ҷомеа саҳмгузоранд. Сомона ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ, хабару матолиби ҳаррӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва асарҳои илмии таълифнамудаи кормандони Марказ нашр гардиданд.
Дар сомонаи Марказ тамоми нусхаҳои маҷаллаҳои «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» ва «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» дар шакли PDF ҷойгир карда шудааст, ки хонандагон метавонанд ба таври ройгон истифода баранд. Дар сомона тамоми чорабиниҳои дар Марказ гузаронидашуда сари вақт инъикоси худро ёфтаанд.
Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ ва фаъолияти кормандони Марказ қарор дорад. Дар соли 2022 роҳбарият ва кормандони Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми фаъол доштанд.
Ҳамкорӣ бо марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар кишварҳо таҷрибаи таҳлилию коршиносии кормандони Марказро дар сатҳҳои берунӣ муаррифӣ намуда, дар навбати худ он хубтару беҳтар ташаккул меёбад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Покистон, Беларус ва ғайра ҳамкориҳои самарабахш дошт.
Татбиқи таҳқиқоти сотсиологӣ аз ҷониби кормандони Марказ вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон дар шароити хеле мураккаби имрӯза назарас буд. Марказ дар соли 2022 ду таҳқиқоти сотсиологӣ гузаронид, ки натиҷаҳои онҳо дар раванди омодасозии таҳлилу гузоришҳо васеъ истифода бурда мешаванд.
Сипас сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Марказ Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Марказ Зубайдулло Давлатов ва дигар иштирокчиёни маҷлиси умумӣ ба музокира баромада, пиромуни бурду бохти фаъолияти илмию пажӯҳишӣ ва ташкилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва нақшаву пешниҳодҳо доир ба фаъолияти Марказ барои соли 2023 фикру андешаҳои судманд иброз намуданд. Музокирачиён дар қатори аҳаммият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи Марказ камбудиву норасоиҳоро низ гуфта гузаштанд. Онҳо барои боз ҳам беҳтар гардидани он тавсияҳо доданд ва доир ба фаъолияти минбаъдаи илмию таҳқиқотии Марказ ва ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ таклифҳои муфиду арзишманд пешниҳод намуданд.
Дар охир мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдулло суханронӣ карда, дар бораи бурду бохти фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои ин ниҳоди муҳимми давлатӣ дар соли 2023 ибрози андеша намуд ва фаъолияти Маркази номбурдаро дар соли 2022 қаноатбахш ҳисобид.
Маҷлиси умумии Марказро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба аҳли кормандони Марказ дар Соли Нави милодӣ, соли 2023, барори кор ва комёбиҳо орзу намуд.
Ҳамоиш дар фазои озод, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон