Рӯзи 8 январи соли 2024 маҷлиси ҷамъбастии кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода кушода, доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмию пажӯҳишӣ ва ташкилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва нақшаву пешниҳодҳо доир ба фаъолияти раёсатҳои Марказ барои соли 2024 ба таври муфассал гузориш ироа намуд. Мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 тибқи вазифаҳои низомномавии худ ба ҳайси ниҳоди мутамаркази таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади мусоидат ба амалишавии стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва такмили механизмҳои татбиқи сиёсати дохилию хориҷии дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро роҳандозӣ намуд.
Тибқи вазифаҳои низомномавӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти кормандони Марказро пешбурди самараноки корҳои илмию таҳқиқотӣ ташкил медиҳад. Аз рӯйи нақшаи корҳои илмию пажӯҳишӣ барои соли 2023 таҳқиқоти анҷомдодашуда аз рӯйи 2 мавзуи зерини бунёдӣ, ки барои то соли 2025 тарҳрезӣ шудаанд, сурат гирифт:
“Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он” ва “Таъмини амнияти иқтисодӣ дар заминаи баланд бардоштани рақобатнокии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
Доир ба сатҳи иҷрои муносиби таҳқиқи мавзуъҳои мазкур Марказ охири моҳи ноябр дар Шӯрои ҳамоҳангсозии АМИТ ҳисоботи муфассалро пешниҳод намуд. Инчунин, дар давоми сол пайваста раванди пешбурди корҳои илмию таҳқиқотии раёсатҳо дар ҷаласаҳои назоратӣ, Шурои илмию методии Марказ мавриди баррасӣ қарор мегирифтанд. Ба ғайр аз ин, чорабиниҳои дигари мушаххаси илмию машваратӣ бо мақсади таъмини самараноки пажӯҳишҳо дар ин давра ҳамеша аз ҷониби роҳбарият андешида мешуд.
Нақши фаъолияти Шурои олимон ва Шурои илмию методии Марказ дар амалисозии чорабиниҳои илмию машваратӣ, таъмини самаранокии натиҷаҳои корҳои илмӣ ва таҳқиқотии раёсатҳо хеле назаррас мебошад. Ба мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати Шурои олимони Марказ дар қатори олимони Марказ инчунин олимону мутахассисони варзида аз дигар муассисаҳои илмию таҳқиқотии ҷумҳурӣ низ ворид карда шуданд.
Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ низ ҷузъи муҳими фаъолияти кормандони Марказро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар доираи баргузории корҳои илмию таҳқиқотӣ кормандони Марказ пешниҳодҳо, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои дахлдор омода намуда, ирсол намуданд.
Дар соли 2023 кормандони Марказ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 257 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 2459 саҳифа пешниҳод карданд.
Кормандони Марказ пайваста дар ҳайати комиссияҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории вазорату идораҳо ворид гардида, барои таҳия ва татбиқи стратегию барномаҳои мушаххаси соҳавӣ саҳм мегиранд. Вобаста ба натиҷаи иштирок дар ҳайати комиссияҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории вазорату идораҳо, масъулин пайваста ҳисоботҳои худро пешниҳод менамуданд, ки дар онҳо баробари тавзеҳи масъалаҳои матраҳгардида инчунин фикру мулоҳизаҳои баёнгардида аз ҷониби марказ дарҷ шудааст.
Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои тарғибу тавзеҳи мавқеи сиёсати давлатии кишварамон аз ҷониби коршиносон доир ба масъалаҳои рӯзмарра ва ҷолиби тарафайни кишварҳо дар фаъолияти Марказ муҳим арзёбӣ мегардад. Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳоро дар ин муддат густариш дод. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ, узви Маркази СММ доир ба дипломатияи боздоранда дар Ашқобод, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Чин, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
Баргузории конфронсҳои илмию амалӣ, форум, симпозиум, мизҳои гирд ва семинарҳо ҳам дар шакли маҷозӣ заминаи муҳимро барои дарку шинохти масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон аҳаммияти назариявию амалиро дорост. Марказ дар соли 2023-юм 5 семинари илмию машваратӣ, 13 мизи гирд, 1 конфронси байналмилалӣ, 1 конфронси муштарак (Русия ва Тоҷикистон), 1 форуми байналмилалӣ, 11 конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор намуд.
Роҳбарият ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ташкил ва баргузории конфронсу мизҳои гирд, инчунин, дар чорабиниҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд: (Форум 2, конфронс 23, мизи гирд 8, семинар 14). Инчунин, роҳбарият ва кормандони Марказ берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳузурию маҷозӣ дар конфронсҳои илмию амалӣ, форум, симпозиум, мизҳои гирд иштирок ва суханронӣ намудаанд: Форум–6 аз ин 2-тояш маҷозӣ, конфронси илмӣ байналмилалӣ–8 аз ин 4-тояш маҷозӣ, мизи гирд –7 аз ин 5-тояш маҷозӣ.
Дар соли 2023 кормандони Марказ дар форум, конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирди баргузоршуда 133 маъруза ироа карда, беш аз 280 маротиба дар васоити ахбори омма суханронӣ намуданд.
Тавсеаи фаъолияти нашриявӣ имкон фароҳам меорад, ки маҳсули фаъолияти коршиносони Марказ ба муҳити васеътар роҳ ёбад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ як қатор асарҳои муҳимро таълифу таҳия намуда, ба нашр расониданд.
Сомонаи интернетии Марказ ва нашри пайвастаи маҷаллаҳои “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва “Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният” низ дар рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тарғиби дастовардҳои илмии кормандони Марказ ва таъмини устувории мавқеи ҷамъиятии аъзоёни ҷомеа саҳмгузоранд. Сомонаи интернетӣ тамоми фаъолияти Марказро дар соли соли 2023 дар саҳифаҳои алоҳида ҷой дода, аз фаъолияти раёсатҳои МТС маводу хабарҳоро ҳамарӯза пахш менамояд. Мақолаву маводҳои таҳлилии сиёсатмадорону таҳлилгаронро дар бахшҳои махсус ҷой додаанд. Дар соли 2023 маҷаллаҳои «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» ва «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» дар умум, 167 мақола ба чоп расониданд. Дар сомонаи расмии Маркази тадқиқоти стратегӣ тамоми нусхаҳои нашрияҳои Марказ дар шакли PDF ҷойгир карда шудаанд. Қобили зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ 1028 мақолаву матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳои арзишманд дарҷ гардидааст. Дар соли 2023 ба сомонаи Марказ беш аз 2 800 000 нафар хонанда ворид шуда, маводу матолиби онро мутолиа намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки масъулони Марказ дар сомонаҳои иҷтимоии фейсбук бо номи “Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан” ва “Стратег” саҳифаҳои махсуси худро кушодаанд.
Кормандони Марказ дар соли ҷорӣ 115 тақриз ба рисолаву мақолаҳо навиштаанд. Дар соли 2023 шумораи умумии мақолаҳои нашркардаи кормандони Марказ дар матбуоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ 126 ададро ташкил медиҳад.
Ҳамкорӣ бо марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар кишварҳо таҷрибаи таҳлилию коршиносии кормандони Марказро дар сатҳҳои берунӣ муаррифӣ намуда, дар навбати худ он хубтару беҳтар ташаккул меёбад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар давлатҳо ҳамкориҳои самарабахш дорад. Барои вусъатбахшии бештари ҳамкориҳо бо марказҳои зеҳнии кишварҳои дигар, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли мактуб тавассути Вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафоратҳои кишварамон дар минтақаҳои Аврупо, Осиё ва Шарқи Наздик муроҷиат намуд.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақша-чорабиниҳои Марказ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар тадқиқоти сифатии сотсиологиро дар мавзуҳои “Вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию идеологии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон” «Муҳоҷирати зеҳнҳо дар муҳити ҷомеаи зеҳнии кишвар» ва «Ғизои солим ва солимии аҳолӣ» баргузор намуд. Аз ҷамъбасти тадқиқоти сотсиологӣ ва натиҷаҳои онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал ирсол карда шуд.
Сипас дар бахши музокира сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазоев, сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Саидхоҷа Акбаров, сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ Зубайдулло Давлатов, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Марказ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов пиромуни бурду бохти фаъолияти илмию пажӯҳишӣ ва ташкилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва нақшаву пешниҳодҳо доир ба фаъолияти раёсатҳои Марказ барои соли 2024 фикру андешаҳои судманд иброз намуданд. Музокирачиён дар қатори аҳаммият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи Марказ камбудиву норасоиҳоро низ гуфта гузаштанд. Онҳо барои боз ҳам беҳтар гардидани он ва доир ба фаъолияти минбаъдаи илмию таҳқиқотии Марказ ва ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ таклифҳои муфиду арзишманд пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми маҷлис мушовири калони Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода ба сухан баромада, дар бораи бурду бохти фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои ин ниҳоди муҳимми давлатӣ дар соли гузашта ибрози андеша намуд ва фаъолияти онро дар соли 2023 қаноатбахш ҳисобид.
Маҷлиси ҷамъбастии Марказро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намуд.
Ҳамоиш дар фазои озод, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон