Мо, ҳамчунин, ба нақши зан- модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.

                                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

Зан-Модар ҳамчун пайвандгари насли инсонӣ, сарчашмаи ҳаёт, тарбиятгари аҳли башар аз мақому мартабаи хос бархӯрдор буда, дар рушду тараққиёти ҷомеа нақши бориз дорад. Зеро пешрафти давлату ҷомеа, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва пойдории сулҳу субот натиҷаи аз ҷониби зан тарбияи дуруст ёфтани фарзанд, дар роҳи дурусти зиндагӣ мебошад.

Таърих гувоҳ  аст, ки Зан-Модари тоҷик дар душвортарин лаҳзаҳо низ бо шуҷоати ба худ хос ном баровардааст. Дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик корнамоиҳои занонеро мушоҳида менамоем, ки дар баробари мардон барои марзу буми Ватани аҷдодӣ хизмат карданд. Инро мо дар мисоли Гурдофарид, Таҳмина, Рухшона дида метавонем. Дар даврони Истиқлол ба кадом соҳае назар афканем, дар он нақши Зан-Модар дида мешавад. Ҳоло Зан-Модар, Зан-Роҳбар, Зан-Омӯзгор, Зан-Мураббӣ, Зан-Тарбиятгар мафҳумҳоеянд, ки дар ҳаёти имрӯзаи мо вохӯрдан мумкин аст. Тарбияи нахустини фарзанд, солимии оила, рушди ҷомеа ба рисолати Зан-Модар вобастагӣ дорад.

Башарият дар тамоми солҳои арзи вуҷудаш ба нақшу хиради зан дар рушди тамоми ҷомеа ниёз дошта, ин рушдро бе саҳми бонувон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз зани бохирад фарзанди оқилро ба дунё оварда, онро дар руҳияи  ватандӯстӣ ба камол мерасонад. Имрӯзҳо зиёд гардидани ҷойҳои корӣ барои бонувон, баланд бардоштани мақому манзалати зан, баланд бардоштани сатҳи саводнокии занон яке аз афзалиятҳои сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шумор меравад.

Дар ҳама кишварҳои ҷаҳон санаи 8-уми мартро ҳамчун рӯзи бузургдошти модар ҷашн мегиранд, ки ин аз мақоми шоистаи зан дарак медиҳад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшу мартабаи занонро дар ҷомеа баланд бардоштанд ва дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз намуданд: “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд. Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд”.

Дар даврони  соҳибистиқлолӣ  дар кишвари азизи мо барои занон беҳтарин шароити кор ва фаъолият фароҳам оварда шудааст. Ҷомеаи солим, пеш аз ҳама, аз оилаи солим вобастагӣ дошта, оилаи солим бошад ба маърифату дониши зан алоқаманд аст.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.”

Дар радифи тамоми дастовардҳо, ки  истиқлоли давлатӣ барои занон фароҳам сохт, яке аз онҳо имтиёз барои духтарон хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои дурдасти кишварамон, ин ба даст овардани квотаи Президентӣ ба шумор меравад. Иқдоми шоистае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1997 анҷом доданд, таъсиси Квотаи президентӣ маҳсуб меёбад. Аз ин дастгириҳо хатмкунандагони муассисаҳо бо руҳияи созандагӣ ва ифтихор аз тадбирҳои ҳукумати мамлакат сарфароз гардида, ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил шуда, онро бо сари баланд хатм карда, дар рушди ҷомеа саҳм мегузоранд.

Маҳз ҳамин дастгириҳои пайваста барои рушди ҳамаҷонибаи занону духтарон нақш дорад. Дар қатори ин дастгириҳо барои духтарони гирандаи квотаи Президентӣ  идрорпулӣ ва дигар дастгириҳои муҳим муҳайё мегардад.

Дар осори тамоми олимони ватанӣ ва хориҷӣ симои модар, зан инъикос гардида, дар он занро ҳамчун устод, қаҳрамон, озодихоҳ, суханвар, шуҷоатманд, рисолатшинос ва тарбиятгар ба қалам доданд.

Тавре Максим Горький мегӯяд; «Тамоми зебоиҳои инсон аз шуои офтоб ва шири Модар аст».

Олими ватанӣ Абдураҳмон Маҳмадов дар китоби худ таҳти унвони “Риторика ва Баҳси сиёсӣ” чунин меоранд: “Нахустин устоди ҳунари суханварӣ на Афлотуну Арасту, балки модар аст, ки сухани ширину рӯҳнавозаш ба зеҳну тафаккури мо бунёди худшиносиро гузошта, дунёи хаёли моро зебову рангин менамояд”.

Карл Лагерфелд дар ин маврид чунин фармуда; «Ягона муҳаббате, ки ман бовар дорам-ин муҳаббати модар ба фарзанд аст».

Модарон бо вуҷуди фарзандро ба дунё овардан, ба онҳо тарбияи дуруст ва роҳи рости зиндагиро меомӯзонад.

Имрӯзҳо зани тоҷик бо зебоӣ, шуҷоат, ору номус, иффату нанги ба худ хос дар рушди ҷомеа нақши бориз гузоштаву мегузорад. Зан фариштаест, ки тамоми башарият аз домони ӯ ба дунё омадааст. Имрӯзҳо Зан-Модари тоҷик бо руҳияи созандагӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар рушди ҷомеа саҳм гузошта, дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва насли наврас нақши муҳим мегузоранд.

ТАВАРОВА МОҲИРА ШАРИФХОНОВНА,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед