Ҳанӯз санаи 22 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ вазъи маорифи кишварро баррасӣ намуда, таъкид дошта буданд: “Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017-ум Тоҷикистон аз рӯйи 4 нишондиҳанда – ­­дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он  дар  миёни  101  давлати  ҷаҳон  ҷойи 54-умро соҳиб шудааст. Аз рӯйи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд” (3). Ин суханон гувоҳи онанд, ки Пешвои муаззами миллат ба масъалаи баланд бардоштани нуфузи давлати тоҷикон ва мақоми он дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса дошта, мунтазам тадбирҳои муассирро тавассути Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалии рушд роҳандозӣ менамоянд.

Натиҷаи ҳамин иродаи сиёсӣ ва устувории қадамҳо дар самти ислоҳоти ҳаёти иқтисодии мамлакат буд, ки моҳи октябри соли 2019 тавассути тамоми расонаҳои хабарии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ боз як хушхабаре паҳн гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии умумии «Пешбурди тиҷорат 2020» («Doing Business 2020»), ки аз ҷониби коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ҳамасола гузаронида мешавад, 20 зина боло рафта, миёни 190 кишвари дунё мақоми 106-умро касб кард. Ногуфта намонад, ки кишвари мо дар ин раддабандӣ соли гузашта дар зинаи 126-ум қарор дошт. Зиёда аз ин, тибқи хулосаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бистгонаи давлатҳои ислоҳотгар дар самти пешбурди тиҷорат дохил карда шуд (6). Бешубҳа, ин дастоварди бузург тавассути заҳматҳои мардуми тоҷик, Ҳукумати мамлакат, мақомоти дахлдори давлатӣ бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар самти рафъ намудани маҳдудиятҳои буҳронии фазои соҳибкорӣ насиби кишвари мо гардид.

Вобаста ба дастовардҳои мазкур таъкид бояд намуд, ки радабандӣ (ранжирование ё муайянсозии тартиби мақом)-и кишварҳои олам ва муайянсозии рейтинги онҳо ҳамчун низоми ба ҳогузории таваккалҳо (рискҳо) ва ҷолибият барои сармоягузорӣ ҳанӯз дар ибтидои асри ХХ пайдо шуда бошад ҳам, танҳо дар охирҳои соли навадуми қарни мазкур ин амалҳо шакли ниҳоии худро гирифтанд. Ҳоло ба таври даврагӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону ниҳодҳои  бонуфузи байналмилалӣ радабандии кишварҳо тибқи низомҳои муайян дар самтҳои гуногун роҳандозӣ карда мешавад. Мавҷудияти чунин раддабандиҳо имкон медиҳад, ки ҷолиб будани ҳар як кишвар барои фаъолияти молиявию иқтисодӣ баҳогузорӣ карда шуда, ҳангоми қабули қарорҳои сиёсию иқтисодӣ аз ҷониби давлатҳо ё созмонҳои дигар мақоми кишвари мавриди назар ба эътибор гирифта шавад. Ба ибораи дигар, рейтингҳое, ки аз ҷониби созмонҳои бонуфуз таҳия карда мешаванд, ба вазъи кишварҳои олам таъсир расонида, метавонанд дар ҳолатҳои муайян шароити берунии ҳамкориро бо ин кишварҳо хуб ва ё баръакс, нохуб гардонанд.  Аз ин рӯ, имрӯз тамоми кишварҳои олам кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки зимни банақшагириҳои миллӣ барои давраҳои кутоҳмуҳлат ва ё дарозмуҳлат ҳатман беҳбуд бахшидани мақоми худро дар рейтингҳои байналмилалӣ ҳамчун яке аз роҳҳои таъмини рушди устувор ба инобат гиранд.

Дар замони муосир шумораи зиёди рейтингҳои байналмилалӣ вуҷуд доранд, ки дар онҳо дар қатори давлатҳои дигари ҷаҳон мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муайян гардидааст. Чунин радабандиҳо бо истифода аз нишондиҳандаҳо (индикаторҳо), шохисҳо (индексҳо), тавассути пурсишҳои инфиродию гурӯҳии аҳолӣ, корхонаҳо, коршиносон ва шаклҳои дигари таҳлилу баррасӣ сурат мегиранд. Бо ҳамин сабаб кишварҳои олам ҳамасола кӯшиш мекунанд, ки тибқи ҳамин талабот мақоми худро дар раддабандиҳои рейтингӣ мустаҳкамтар кунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин қатор истисно набуда, фаъолият дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, мақомоти дахлдори давлатӣ ва идораю корхонаҳо ба таври муттасил ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, ба саффи кишварҳои ислоҳатгар ворид намудани кишвари мо дар рейтинги Бонки Ҷаҳонӣ вобаста ба пешбурди тиҷорат, ки дар ибтидо зикр гардид, натиҷаи он буд, ки дар фаъолияти молиявию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рақами мушаххаси иҷтимоӣ ба шаҳодатномаи бақайдгирии ширкат дохил карда шуда, дастрасӣ ба қарзҳо тавассути ворид кардани феҳристи ягонаи муосири гаравҳо дар асоси огоҳинома беҳтар гардид, содироти молҳо тавассути муайян кардани афзалиятҳои барасмиятдарории гумрукии маҳсулоти зудвайроншаванда сода гардонида шуд ва тадбирҳои зиёди дигар аз ин қатор амалӣ гаштанд. Ба шаҳодати коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, дар заминаи ҳадафҳои мақсадноки рушд ва имкониятҳои бавуҷудояндаи тиҷорат ҷумҳурии мо беҳтар намудани фазои соҳибкориро барои корхонаҳои хурду миёна ҷиҳати сармоягузорӣ, инноватсия, ташкили ҷойҳои корӣ ва сафарбаркунии устувори захираҳои дохилиро самти афзалиятнок шумурда, ба чунин дастовард ноил гардид (6). Зиёда аз ин,  татбиқи минбаъдаи ислоҳот бо ин суръат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки барои тавсеаи фаъолияти бахши хусусӣ, муайянкунии содирот ва суръатбахшии рушди устувору ҳамаҷониба заминаи мустаҳкаме  гузорад.

Ба ибораи дигар, имрӯз боло бурдани симо (имиҷ)-и сиёсию иқтисодии кишвар, беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ ва рушди устувору ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои фаъолияти моддию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти сиёсии мамлакат қарор дошта, он натиҷаҳои самараноки худро ба бор оварда истодааст, вале дар баробари ин, корҳои зиёде бояд дар ин самт роҳандозӣ ва вазифаҳои боз ҳам бузургтаре ба сомон расонида шаванд. Дар робита ба вазифагузориҳо дар ин самт ва иҷрои онҳо инчунин, бадастории ҳадафҳои мушаххас вобаста ба ин вазифаҳои муҳим, таҳлилу баррасии мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандиҳои дигари Созмони Милали Муттаҳид ва созмону ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ хеле мубрам ба ҳисоб меравад.

Бори дигар таъкид месозем, ки муайянсозии рейтинги кишварҳои олам дар самтҳои гуногун  сурат гирифта, шумораи чунин раддабандиҳо хеле зиёд аст. Аз ин рӯ, дар асоси таҳлили 17 раддабандӣ аз ҷумлаи рейтингҳои мавҷуда дар ин гузориш кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки оид ба мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин низомҳои баҳогузорӣ хулосаҳои аввалия бароварда шаванд.

Пеш аз он, ки ба ҳар як радабандӣ мушаххасан муроҷиат намоем, қобили зикр мешуморем, ки дар рейтингҳо кишварҳо маъмулан вобаста аз ҷойи ишғолкардаашон аз якум то ба охир ҷойгир карда мешаванд, тибқи усулҳои қабулшуда ба онҳо холҳои алоҳида ё умумӣ дода шуда, шарҳу тавзеҳоти дигар оварда мешавад. Инчунин, миқдори кишварҳое, ки дар ин радабандиҳо мавриди таҳлил қарор мегиранд, ба таври гуногун  аст. Масалан, дар 17 радабандие, ки мавриди назари мо қарор доштанд, шумораи кишварҳо ҳадди ақал 129 ва ҳадди аксар 194 адад буданд. Бо мақсади осон намудани дарки мақоми давлатҳо мо дар ҳар як раддабандӣ кишвари дар ҷойи аввал мавҷудбударо шартан сад дарсад  ба талабот ҷавобгӯ ҳисобида, фоизи ҷавобгӯйии давлатҳои дигарро ба талаботи рейтинги баррасишаванда дар қиёс бо он нишон додаем. Ҳамзамон, боз ҳам барои осонии дарки мазмуни радабандиҳо баҳогузориҳои мо дар асоси усули маъмулӣ ба се қисмат тақсим намудани номгӯйи давлатҳои дар рейтинги мушаххас зикршуда сурат гирифтааст (1). Тибқи ин усул дар сегонаи якум ҷойгир будан (одатан зимни баҳогузории вазъ ё фаъолиятҳои мусбат, на манфӣ) чунин маънӣ дорад, ки вазъ дар самти муайяншуда дар ин кишварҳо муътадил аст. Ворид будан ба сегонаи дуюм нишон медиҳад, ки чунин кишварҳо дар самти муайяншуда имконияти бештар барои рушд дар қиёс бо кишварҳои дигар доранд. Барои давлатҳои сегонаи сеюм бошад, фаъолият дар самти беҳбуд бахшидан ба нишондиҳандаҳои худ тибқи талаботи рейтинги мавриди назар бояд тақвият дода шавад.

Ба баррасии мушаххаси рейтингҳо оғоз намуда, зикр бояд намуд, ки дар «Рейтинги кишварҳои олам аз рӯйи шохиси хушбахтӣ”, ки бори охирин соли 2016 аз ҷониби  Бунёди Иқтисоди Нав (New Economic Foundation) гузаронида шудааст, дар байни 140 кишвари таҳлилшуда Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми 25-умро соҳиб буда, ба талаботи рейтингӣ 82 дарсад ҷавобгӯ мебошад (2) ва ба сегонаи аввали давлатҳое дохил аст, ки вазъ дар ин самт дар онҳо муътадил ба шумор меравад. Ба ибораи дигар, мардуми мо метавонанд дилпурона изҳор намоянд, ки мо дар яке аз кишварҳои хушбахти рӯйи олам умр ба сар мебарем. Аз ҷониби дигар, ин рейтинг зиндадилӣ ва муносибати хушбинона ба зиндагӣ доштани миллати куҳанбунёди тоҷикро, ки аз шуури ҷамоатӣ доштанаш ва ба дастгирии байниҳамдигарӣ такя намуданаш шаҳодат медиҳад, бараъло таъкид месозад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш рейтинги дигар ба сегонаи дуюми кишварҳои олам ворид карда шудааст, ки имконияти бештар барои рушд доштани онро дар қиёс бо кишварҳои дигар нишон медиҳад. Ин радабандиҳо чунинанд:

1) Рейтинги кишварҳои олам аз рӯйи роҳҳои мошин гард. Рейтинг маҳсули фаъолияти Форуми Байналмилалии Иқтисодӣ (ВЭФ) буда,  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 49 дарсади мутобиқат ба талаботи он дар мақоми 70-ум байни  137 кишвар ҷой дорад (4). Ба чунин мақом аз кишварҳои фазои ИДМ дар баробари Тоҷикистон танҳо Қазоқистону Озарбойҷон ворид карда шудаанд.

2) Рейтинги кишварҳои олам аз рӯйи «Пешбурди тиҷорат» («Doing business 2020»). Чунонки дар ибтидо қайд кардем, кишвари мо дар мақоми 106-ум миёни 190 кишвар буда, ба 44 дарсади талаботи мавҷуда мутобиқат дорад (6).

3) Рейтинги кишварҳои олам аз рӯйи шохиси сатҳи маориф. Ба талаботи ин раддбандӣ низ кишвари мо 44 фисад ҷавобгӯ буда, дар байни 189 давлати мавриди таҳлил қарордошта мақоми 105-ум дорад. Ин рейтинг соли 2017 аз ҷониби барномаи махсуси СММ оид ба рушд гузаронида шудааст (2).

4) Рейтинги кишварҳои олам аз рӯйи сатҳи давомнокии умр.  Барномаи махсуси СММ оид ба рушд бо 39 дарсади  ҷавобгӯӣ ба талабот миёни 191 кишвари олам Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мақоми 117-ум ҷой додааст (2).

5) Рейтинги кишварҳои олам аз рӯи сатҳи нотавоноӣ (ғайриқобилӣ) (The Fragile States Index). Ин радабандӣ дар соли 2017 дар ҳамкорӣ бо Бунёди сулҳ гузаронида шуда,  ҷумҳурии мо дар он мақоми 61-умро миёни  178 давлат ишғол кардааст (2) ва ҷавобгӯи 34% талаботи ин рейтинг мебошад (дар ин рейтинг раддабандӣ аз якум – манфӣ оғоз гардида, ба суӣ мусбат анҷом меёбад).

6) Шохиси рушди неруи инсонӣ. Ин шохис соли 2018 миёни 189 кишвари олам тавассути коршиносони  Барномаи махсуси СММ оид ба рушд муайян гардидааст. Кишвари мо дар ин раддабандӣ дар мақоми 127-ум қарор дошта, ба 33% талаботи он ҷавобгӯ аст (2).

Бояд таъкид дошт, ки раддабандиҳое низ вуҷуд доранд, ки дар онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сегонаи сеюм ворид буда, бояд фаъолиятро барои беҳбуд бахшидан ба нишондиҳандаҳои худ тибқи талаботи рейтингҳои мавриди назар тақвият бахшад. Ин рейтингҳо чунинанд (2):

  1. Рейтинги шукуфоии кишварҳои олам.
  2. Рейтинги СММ оид ба ҳукумати электронӣ (4).
  3. Шохиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба самаранокии таъминот (логистика).
  4. Рейтинги рақобатпазирии глобалӣ.
  5. Рейтинги кишварҳо ва марзҳо аз рӯи ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД).
  6. Шохиси глобалии инноватсияҳо (7).
  7. Шохиси ҷаҳонишавии кишварҳои олам мувофиқи гунаи KOF (Институти иқтисодии Швейтсария).
  8. Шохиси озодии иқтисодӣ.
  9. Рейтинги кишварҳои олам аз рӯйи сатҳи қабулдошти корруптсия.
  10. Рейтинги кишварҳо ва марзҳо аз рӯйи ҳаҷми даромади миллии маҷмӯӣ ба ҳар сари аҳолӣ.

Ҷоизи таъкид аст, ки рейтингҳои дигаре низ дар доираҳои сиёсию иқтисодӣ ва тиҷоратию соҳибкории байналмилалӣ ва амсоли он вуҷуд доранд, ки ҳар яке аз онҳо бояд мавриди баррасии мутахассисону коршиносон қарор гирифта, мақоми кишвари мо дар онҳо мушаххасан таҳлил карда шавад. Вобаста ба масъалаи мазкур дар маҷмӯъ бошад, яъне оид ба таҳлили раддабандиҳои мавҷуда, муносибат ба онҳо ва қадамҳои минбаъда дар ин самт чунин пешниҳод карда мешавад:

Якум, тамоми рейтингҳое, ки дар сатҳи байналмилалӣ гузаронида мешаванд, ҳатман аз ҷониби мутахассисону коршиносони ватанӣ ва мақомоти давлатӣ мунтазам мавриди таҳлили воқеъбинона қарор гирифта, дар асоси он вобаста ба чунин радабандиҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд

Дуюм, нишондиҳанда ё шохисҳо дар ҳар як радабандӣ аз нуқтаи назари воқеъбинона ва объективӣ буданашон, инчунин аз мавқеи ҷавобгӯ буданашон ба манфиатҳои миллию давлатӣ баррасӣ шуда, танҳо дар ҳамин асос хулосаҳои зарурӣ бароварда шаванд ва фақат баъд аз ин самти минбаъдаи фаъолият вобаста ба онҳо мушаххас карда шавад.

Сеюм, ба эътибор бояд гирифт, ки иҷрои талаботи ҳар гуна радабандӣ ва рейтингҳо қабул намудани қарорҳои идорӣ ва ё сарфи захираҳои молиявию моддиро талаб мекунад. Аз ин рӯ, қарори мушаххас дар бораи беҳбуд бахшидани нишондиҳанда ва ё шохисҳои рейтингӣ бояд ҳатман бо дарназардошти арзиши он ва манфиати моддию иқтисодӣ овардани он дар оянда қабул карда шавад.

Дар маҷмӯъ, мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтингҳои байналмилалӣ яксон набуда, вобаста ба самту соҳа тафовутҳои зиёде ба мушоҳида мерасад. Аз ҷониби дигар, беҳбуд бахшидани нишондиҳандаҳои кишвари мо дар чунин раддабандиҳо бояд фақат ба расидан ба ягон ҳадафи хушку холӣ табдил наёфта, муносибат ба онҳо ҳатман аз нуқтаи назари манфиатҳои дарозмуҳлати миллию давлатӣ, суръатбахшии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва омилҳои дигари сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ сурат гирад. Иҷрои тадбирҳои мушаххас дар ин самт ва таъмини амалишавии сиёсати пешгирифтаи давлати мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт итминони комил дорем, ки барои болоравии мақоми кишвари мо дар рейтингҳои байналмилалӣ дар оянда низ мусоидат хоҳад кард.

Хуршед Зиёӣ,

доктори илми фалсафа, профессор,

муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед