Баргузории нишасти 24-уми сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Остона бидуни шак ба як рӯйдоди бузурги минтақавию байналмилалӣ табдил гашт. Аз ин рӯ, шореҳону коршиносони сиёсӣ аз қабл вориди баҳсу ибрози диду назарҳои ҳамаҷониба оид ба аҳаммияти натиҷаҳои ин нишаст гардида, таъкид менамоянд, ки бо рӯзномаи хеш нишасти мазкур сатҳу сифати ҳамкориҳои минтақавиро боло бурда, ба таҳкими амнияту субот ва рушди сифатан нави минтақа мусоидат хоҳад кард. Чунин сатҳи таваҷҷуҳ ба фаъолияти созмони мазкур аз он бармеояд, ки сарони кишварҳои узви он бо сиёсат ва иқдомоти созандаашон паёмади равандҳои зиддиятноки ба рушду амнияти башарӣ таҳдидкунандаро тули солҳои охир дарк ва ба таври назаррас коҳиш дода тавонистанд. Интизор меравад, ки чунин иқдомҳо ба тадриҷ моҳияти сиёсати на танҳо минтақавиро, балки глобалиро дигаргун хоҳанд кард.
Кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай бо дарки равандҳои объективии ҷаҳони имрӯз дорои манфиатҳои муштарак будани худро дарк намудаанд ва барои ҳифзу татбиқи онҳо пайваста сайъу талош меварзанд. Ин тамоюл муҳитеро ба вуҷуд оварда истодааст, ки мардумони ин кишварҳо беш аз пеш ба якдигар наздик мешаванд, гардиши коло миёни кишварҳо меафзояд. Рушди миёнаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли 2023 5%, истеҳсоли саноатӣ 4,5% ва сатҳи таваррум ҳамагӣ 2,4%-ро ташкил намуд. Иқтисодиёти онҳо тавассути ин равандҳо қудратманд шуда, афзоиши ҳамасолаи рушди онҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ пайваста таъкид мегардад.
Кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай тавонистанд, тавассути ҳамкориҳои судманд аз хатари ба майдони рақобатҳои оштинопазири геополитикӣ табдил ёфтани фазои худ ҷилавгирӣ намоянд. Доир ба масъалаи мазкур дар нишасти Остона, Сарвари давлатамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Э. Раҳмон хотирнишон сохтанд, ки 23 сол муқаддам замони таъсиси СҲШ, сарони давлатҳо-асосгузорон диққати худро ба мушкилоти Осиёи Марказӣ нигаронда, минтақаи мазкурро ба ҳайси «меҳвари СҲШ» муқаррар намуданд. Вобаста ба ин зарурати ҳузури фаъоли бештари Созмон дар Осиёи Марказӣ, ки солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи зиёди бозингарони хориҷӣ гардидааст, таъкид карда шуд. Дар заминаи чунин арзёбиҳо бар асоси матни Баёнияи қабулгардида Осиёи Марказӣ ба сифати “меҳвари СҲШ” шинохта шуда, интизор меравад, ки партави хуршеди назми ташаккулёфтаистодаи ҷаҳонӣ маҳз аз ҳамин нуқтаи ҷадиди геополитикӣ паҳн хоҳад шуд.
Бо дарназардошти ҷолибияти масъалаи болозикр қабл аз баргузории нишасти Остона, барои доираи коршиносони байналмилалӣ яке аз муаммоҳо ин буд, ки дар вохӯрии рӯ ба рӯ кишварҳои узв вобаста ба баъзе аз мушкилоти ҷойдоштаи марзию ҳудудӣ ва тамоюли на ҳамеша яксони хориҷияшон чӣ тавр метавонанд, гирди мавзуъҳои калидӣ ба мувофиқа бирасанд. Вале, пояи тахминҳои ноумедворонаро вобаста ба ин мавзуъ таомули ба дастовардаи амалгаронаю воқеии Чину Ҳинд маҳз дар заминаи ҳамин нишаст дар барои дарёфти роҳи ҳалли судманди баҳсҳои марзӣ аз байн бурданд. Ин гувоҳи он аст, ки талошҳои ҳаллу фасли ихтилофотҳои ҷойдошта миёни давлатҳои узви созмон имрӯз аллакай ба худ хусусияти ниҳодинаро касб кардааст, ки интихоби машварату гуфтушунидҳо оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Ҳарчанд қабл аз оғози нишаст, баъзе аз пойгоҳҳои таҳлилӣ ва расонаҳо маводи зиёдеро оид ба эҳтимоли он ки кишварҳои қудратманди узв талош хоҳанд варзид, ки обрӯю нуфузи ба даст овардаи созмонро барои намоиши қудрати фаротар аз марзҳояшон истифода баранд, вале дар асл муҳтавои санадҳои ба имзорасонадаи созмон, аз ҷумла Баёнияи нишаст гувоҳи он аст, ки узви созмон мекӯшанд фазои муносибатҳояшонро ҳарчи бештар ба арсаи талошҳои дарёфти имкониятҳои густурдаи ҳамзистии мусолиматомез табдил диҳанд. Равобити муносиби кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай заминаи муҳиме барои ҷалби таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фаъолияти созмон гаштааст.
Дар робита бо қазовати фавқуззикр лозим ба таъкид аст, ки созмон тибқи низоми ташкили фаъолияти хеш зимни қабули тасмимот мавқеъ ва манфиатҳои тамоми кишварҳои узвро ба инобат мегирад ва эҳтиром менамояд. Барои тақвияти ин шеваи фаъолият дар нишасти Остона кишварҳои узв оид ба васеъ кардани салоҳиятҳои Котиботи созмон қарор қабул намуданд. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки ин созмон мутавозинсозу мутаодилкунандаи рафтори ҳамсоякишварҳои Осиёи Марказӣ на танҳо дар посӯх ба масъалаҳои минтақавӣ, балки аксар маврид чолишҳои байналмилалӣ низ мебошад. Баҳри иҷрои ин ҳадаф он дидгоҳҳо ва мулоҳизоти худро нисбат ба падидаҳои минтақавию фароминтақавӣ дар заминаи эҳтиром ба мавқеъҳои якдигар матраҳ менамоянд. Яъне ҳамкории мутавозину судманди кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай намунаи хубе барои эҷоди назми нави башарӣ аст. Талошҳо барои эъмори низоми боадолату чандқутбӣ, ки аз ҷониби созмони мазкур мушоҳида мешавад, пеш аз ҳама ба афзоиши нақши СММ, риояи қонунҳои байналмилалӣ ва пуштибонӣ аз иқдоми давлатҳои мустақил барои мушорикати баробарҳуқуқ дар фаъолияти ниҳодҳои байналмилалӣ таъкид менамояд.
Ҳамчунин кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ҳавасмандиашонро дар мавриди пешгирии таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои созмон дар нишасти Остона бо дастгирии пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон барои ифтитоҳи Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе исбот намуданд. Интизор меравад, ки чунин иқдомҳо ба тадриҷ моҳияти таъмини сиёсати амниятии минтақавиро дигаргун хоҳанд кард.
Ҳамин тавр, натиҷаҳои ба даст овардаи нишасти 24-уми Созмони Ҳамкории Шанхай ва қабули 25 санади муҳимми ҳамкорӣ оид ба рушди гуногунҷанбаи фаъолияти созмон баёнгари он аст, ки талоши кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай барои таъмини рушди устувор, амнияти минтақавию глобалӣ собитқадамона буда, он ба тадриҷ коҳиши таъсири баъзе аз ниҳодҳои байналмилалиро дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ ҷуброн менамояд. Бо ин мақому нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам, ки дар саргаҳи ташкили ин созмони бонуфуз қарор дорад, боз ҳам бештар мегардад.
Хайриддин Усмонзода,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон