ДУШАНБЕ, 25.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи қатъи муноқишаи марзиро ба имзо расониданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии «Кизил-Бел» гуфтушунид анҷом дода, дар хусуси қатъ намудани низоъ дар сарҳади ду кишвар протокол ба имзо расониданд.
Ду ҷониб изҳори умедворӣ намуданд, ки бандҳои созишномаи имзошуда мавриди иҷрои амалӣ қарор мегиранд ва дар сарҳади ду давлат суботу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил барқарор мегардад.