Кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмонро  дар  бобати  дастгирии ниёзмандон сармашқи фаъолияти доимии худ қарор дода, дар арафаи иди саиди Фитр кумаки хайрия намуданд.

Рӯзи 29 апрели  соли 2022 намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати муовини раиси Кумитаи иттифоқи  касабаи Марказ Мирзо Ашӯров, сармуҳосиби Марказ Раҳмоналӣ Абдурауфов ва сардори шуъбаи маъмуриву хоҷагидории Марказ Муаззам Сатторов кумаки хайрияи кормандони Марказро, ки аз маводи хӯрокворӣ, аз қабили равған, шакар, макорон, пиёз, каротошка, сабзӣ,  иборат буд, ба Маркази  минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюубони шаҳри Душанбе  бурда расониданд.

Роҳбарияти  Маркази  минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъубони шаҳри Душанбе зимни қабули кумаки хайрия ба ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидаи кумаки хайрия изҳори сипос намуданд.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед