ДУШАНБЕ, 19.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои олии башардӯстона дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз офатҳои табиии рӯзҳои охир зарардидаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристода шуд.

​Ёдрас мешавем, ки дар натиҷаи обхезӣ дар панҷ минтақаи Ҷумҳурии Қазоқистон  4870 бинои истиқоматии сокинони ин минтақаҳо зери об монда, ба иқтисодиёти ин кишвар хисороти зиёд расид.

​Ҳоло дар минтақаи обхезӣ бартараф намудани оқибатҳои обхезӣ, инчунин тадбирҳои зидди обхезӣ ва корҳои наҷотдиҳии фаврӣ идома доранд.

​Аз оғози обхезӣ 100 ҳазор нафар, аз ҷумла зиёда аз 38 ҳазор кӯдакон наҷот дода шуданд.

​Ҳоло дар марказҳои ҷойгиркунии муваққатӣ 7 ҳазору 414 нафар нигоҳдорӣ мешаванд.

Бо назардошти ҳолати мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Ҷумҳурии Қазоқистон иқдом гирифта, сохторҳои дахлдори кишварро вазифадор намуданд.

Вобаста ба ин барои мардуми Ҷумҳурии Қазоқистон кумаки башардӯстона ҷудо карда шуд, ки он аз хӯрокворӣ, оби нӯшокӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва болопӯши хонаҳо иборат мебошад ва дар маҷмуъ беш аз 3 ҳазору 500 тоннаро ташкил медиҳад.

​Кумаки башардӯстона чун тадбири фаврӣ омода гардида, аз шаҳри Душанбе тариқи қатора дар 50 вагони боркаш ва аз шаҳри Хуҷанд тавассути 11 вагону 13 мошини боркаш ба самти Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳузури намояндагони масъули Тоҷикистон ва Қазоқистон ба роҳ баромад.

​Тибқи фармоиш, сохтору мақомоти дахлдори кишвар барои то қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон расонидани кумаки ҷудогардидаи башардӯстона вазифадор карда шудаанд.

khovar.tj

Чоп кунед