Ҷашнгирии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – расидан ба санаи муқаддас ва дар зери ҳимояи он эҳсоси озодихоҳиро дарк кардан, расидан ба сулҳу салоҳ барои ҳар як  шаҳрванди хушбахти Ватани азизу маҳбубамон, чун нафарони комилҳуқуқ ва баҳраёб аз давлати ҳуқуқбунёд бо шукри бениҳоят иброз мегардад.

Маълум аст, ки барои ҳамаи давлатҳое, ки роҳи озодихоҳиро пеша намудаанд, Конститутсия ягона санад ва шаҳодатномае аст барои роҳи ҳалли кулли масъалаҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ, ки бо амалисозии он Истиқлолияти давлатӣ таҳким меёбад ва поянда мемонад. Дар тӯли таърих исоният ба хулосае омадааст, ки пойдории низоми ҷомеа аз волоияти қонун аст. Дар боби якум, моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омадааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.” Чун Конститутсия барои инсон ва ҳимояи ҳуқуқҳои ӯ арзи ҳастӣ мекунад, ин арзиши олии тафаккурӣ на танҳо аз тарафи мардуми як давлат, балки аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ низ эътироф ва арза  мегардад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид гуфта буданд:  «Қабули қонуне, ки ба урфу одат ва хусусиятҳои миллии мо асос ёфтааст ва аз ҳуқуқҳои табиии инсон сарчашма гирифта, ба зиндагии мардум созгор мебошад, дар рушди зеҳнии насли солиму созанда нақши муҳимеро иҷро менамояд.» Маълум аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба менталитет (зеҳният) ва психологияи ҷамъиятии миллати тоҷик ва халқиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок карда шудааст ва рисолати таърихии худро тӯли 27 сол ба хубӣ анҷом додааст.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ мо шоҳиди сулҳу амният будем ва дар фазои озоду обод зиндагии осоишта доштем ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ба расмиятшиносӣ ва давлати ҳуқубунёд будани Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардаанд. Ин маънои онро дорад, дар ҳақиқат, абармардони хирадманди тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо асоснок карда ва арзёбии онро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод карданд, балки дар амалигардонии дастгоҳии он талошҳои зиёд кардаанд. Имрӯз миллати тоҷик ва ҳалқиятҳои дигари Тоҷикистон бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор аз 30 соли Истиқлолияти Тоҷикистон мекунанд. Дар 27 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корбарии Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, бо арзишҳои таҳкимбахшандаи он – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ мардуми оддӣ зиндагии осоишта доранд. Констистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади тақдирсоз аз донишмандӣ, хиради азалӣ ва идеологияи созанда доштани абармардони ин давра гувоҳ аст ва дар зеҳнҳо боқӣ хоҳад монд.

Умуман, аз пойдорӣ ва ягонагии сохти конститутсионӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, чун кишвари азизу маҳбубамон, ки бархӯрдор аз ин арзиши сиёсӣ аст, аз нигоҳи идеологӣ, илмӣ ва дақиқтараш аз диди фалсафаи иҷтимоӣ ба шакли мухтасар метавон ибрози ақида намуд.

Назари диалектикона ба ҳама олами ҳастӣ ва ҷамъият, ки он робита, тағйирот ва инкишоф аст, ба шуури инсоният бетаъсир нест. Инсон меҳнат мекунад, ки талаботи иҷтимоии худро қонеъ гардонад. Дар ҳар як марҳалаи инкишофи ҷамъият, ки ҷомеа дар доираи қонунҳои хос (яъне қонунҳои зеҳнӣ ё ин ки навишташуда)-и худ амал мекунанд ва ин қонунҳоро вобаста ба тафаккураш инсоният рушд медиҳад, дар олам ва ё ҷомеа боз таъсири қонунҳои объективие (яъне табиие) ҳам вуҷуд доранд, ки дар зери таъсири он хоҳ нохоҳ зиндагӣ кардан лозим меояд.

Дар тӯли таърих тафаккури инсонӣ ташаккул ёфтааст. Имрӯз илм муайян намудааст, ки ҳамагӣ чанд  дарсади шуури инсонӣ (3%, 5%, 10%) амал мекунаду халос. Б. Паскал ба ҳамин маънӣ менависад: «Одамон наметавонанд ба ҳуқуқ неру диҳанд ва ба неру ҳуқуқ доданд.» Инсон, ки ҳанӯз «комил» нест, бо ҳамин тарзи тафаккураш зина ба зина метавонад дар майнаи сараш қонунҳои айниро (табииро) аз олами ҳастӣ, аз ҷумла ҷамъият кашф намуда, вобаста ба дараҷаи дарки он қонунҳои зеҳниро (субъективиро) бинависад ва ин дар таърих ба тарзи тадриҷӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Зарурати тағйиру иловаҳо дар қонунгузорӣ низ сари чанд вақту алоҳид аз ҳамин лиҳоз бармеояд. Аммо бояд қайд намуд, ки асосҳои он (махсусан конститутсия) бояд дар давраи муайян мутлақо бетағйир бимонад. Яъне қонунҳои зеҳнӣ (яъне навишташуда) наметавонанд ҳама вақт ба таври шахшуда (догма) амал намоянд. Онҳо вобаста ба талаботи иҷтимоӣ, дигаргун гаштани муносибатҳои истеҳсолӣ. тағӣир ёфтани шуури ҷамъиятӣ ва вазъи сиёсии пешгирифта зарурати дигаршудан доранд. Файласуфи римӣ, шоир ва ходими давлатӣ Сенека Лутсий Анней (асри 4 то милод) менависад: «Зарурат ҷумлаи қонунҳоро мешиканад». Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба гузариш аз системаи Шӯравӣ ва дар даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои низоми мукаммали сиёсии истиқлолхоҳӣ, ҳимояи муваффақиятҳои миллӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайра ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раъйпурсии умумихалқӣ иловаҳо ворид карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳар нафари соҳибақл ва дурандеш медонад, ки барои побарҷо мондани низоми сиёсӣ, қонеъ гардонидани талаботи иҷтимоӣ тағӣирот барои рушд ногузир аст. То даме ки муносибатҳои истеҳсолоти рушд мекунад, муносибатҳои сиёсию дипломатии кулли кишварҳо вуҷуд дошта бошад, талаботҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии кишвару мардуми он зиёдтар мегардад, қонунҳои навишташуда догма, ё шахшуда буда наметавонанд.

Бояд гуфт, ки робитахои далектикии байни сохторҳои ҷамъиятӣ ва ҳатто соҳаҳои ин сохторҳо, ки бевосита ба рушди ҳар кадом ҷамъият ва ё давлатдорӣ оварда мерасонад, амри зарурист. Вобаста ба гуфтаҳои боло робитаи байни давлат ва шаҳрвандон низ ҷиҳати диалектикӣ дорад, яъне ҷудоиандозӣ ё тафриқабандӣ байни давлат ва шаҳрванди давлат аз диди фалсафӣ номаҳдуд аст. Файласуфи Юнони қадим Афлотун дар асараш «Давлат» менависад: «Давлат ин ҳамон инсон аст, аммо дар миқёси хеле бузургтар” Робитаҳои диалектикии байни инсону олами ҳастӣ ва ҳастии ҷамъиятӣ ногусастанист. Танҳо ин робита ва зиддиятҳои  диалектикӣ барои суръат бахшидани инкишоф замина шуда метавонанд.

Виктор Мари Гюго, узви академияи Фаронса (асри 19,) чунин менигорад: «Идроки ҳуқуқ дарки уҳдадориро инкишоф медиҳад. Қонунҳои умумӣ – озодиеанд, ки бо оғоз шудани озодии каси дигар маҳдуд мегарданд». Кӯшишҳои одамон доимо тазодро ба вуҷуд меорад. Одамон барои он ки ҳаёти худро ҳифз намоянд, роҳи сулҳро пеш мегиранд. Он аз рӯйи талаботи ақл бармеояд, ки онро қонунҳои табиӣ меноманд. Аввалин қонуни табиӣ роҳи сулҳро ҷустуҷӯ кардан аст. Ва барои иҷрои ин давлат ба вуҷуд омадааст. Ҳукумат қонунҳои шаҳрвандӣ эҷод мекунад, ки одамон онро риоя кунанд.[1.]

Қайд кардан ба маврид аст, ки давлати ҳуқуқбунёд озодии инсонро таъмин менамояд. Барои амалӣ намудани он аз ҷиҳати назариявӣ-Конститутсия кафолати асосӣ аст. Яъне шаҳрвандон бояд ба ҳуқуқҳои якдигар эҳтиром дошта бошанд ва бо риояи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ озодии якдигарро ҳифз намоянд. Худи калимаи демократия (яъне озодӣ) низ аз ҳамин бармеояд.

Инсонияти воломақом бояд ҳатман аз қонунҳои табиӣ-иҷтимоӣ бохабар бошад ва аз онҳо барои беҳбудии ҳаёти иҷтимоии шаҳрванд бо дарки баланд истифода намояд. Дигар ин ки набояд фаромӯш кард, ҷисми инсон ва тафаккури ӯ низ ҷузъе аз табиат мебошад. Дар ҳар кадом зинаи инкишофи ҷамъият мутафаккирон ва олимони бузург бо хирадмандӣ, яъне рӯ овардан ба дарки фалсафаи қонунҳо руҷӯъ намудаанд ва инро таърих гувоҳ аст. Дар замони муосир беш аз пеш бо ба вуҷуд омадани мушкилоти глобалӣ ин вазифаи таърихии инсониятро даҳчанд мегардонад. Дар низоми давлатдорӣ ҳам, Парлумон, ки он ҷо аслан шахсоне намояндагӣ мекунанд, ки даркашон на танҳо дар доираи қонунҳои зеҳнӣ (навишташуда), балки дар доираи қонунҳои айнӣ (табиӣ) амалкунанда аст. Яъне намояндаи ҳалқ вазъи психологию иҷтимоии мардумро, талаботи аввалиндараҷаи онҳоро ба инобат гирифта, вобаста ба вазъи сиёсӣ барои қабул ва тғйири он саҳм мегузоранд. Маҳз ҳамин чиз боис мегардад, ки Роҳбари давлат ва ҳокимияти қонунгузор ва вакилони халқ барои тағйир додани қонунҳои зеҳнӣ вобаста ба талаботҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ маъсулият доранд.

Дар ҳолати ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳаёти иҷтимоии инсон ба инобат гирифта мешавад, яъне боз ҳам хубтар гардонидани талаботи хӯрдану пӯшидан ва ҷойи зист доштан, зиёда аз он, зебо истироҳат намудан замина муҳайё мегардад. Танҳо бо дарки баланд метавон ин талаботро бо омӯхтани психологияи ҷамъиятӣ ва шуури муқаррарӣ дарёфт ва кашф намудан мумкин аст ва аз диди илмӣ онро дар низоми муайян барои давлатдор ва халқи он пешниҳод менамоянд.

Миллати тоҷик ва халқҳои дигаре, ки дар ин кишвар ба сар мебаранд, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз идеологияи созанда ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санади асосии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ба роҳ мондааст,  пайравӣ менамоянд.

Сулҳу салоҳ, амнияти миллӣ, ҷашни Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади асосии меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳамаи мову шумо муборак бошад!

Назриева О.Ш.,
номзади иилмҳои фалсафа,
иҷрокунандаи сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед