Қабл аз он, ки дар бораи истифодаи меъёрҳои Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули мафкураи миллӣ сухан гӯем, ҳамчун муқаддима мехостем худи мафҳумҳои мафкура ё идеология ва мафкураи миллӣ ё идеологияи миллиро шарҳ диҳем. Чунонки аз фаҳмиши назариявию методологии моҳияти мафкураи миллӣ ва нақши он дар ташаккул ва рушди халқияту давлатҳо бармеояд, мафкура ё идеология, дар умум, дар асоси шуури ҷамъиятӣ ба вуҷуд меояд. Шуури ҷамъиятӣ маҷмӯи ақида, ғоя, назария, эҳсосот, рӯҳия, образҳои бадеию динӣ ва амсоли он буда, моҳият ва муҳтавои ҳам ҷанбаҳои дохилӣ ва ҳам берунии ҳаёти ҷомеаро инъикос месозад. Дар шуури ҷамъиятӣ ду зина вуҷуд дорад, ки зинаи поёнии онро психологияи ҷамъиятӣ ва зинаи болоиро мафкура (идеология) ташкил медиҳанд.

Моҳияти психологияи ҷамъиятиро ду гуруҳи унсурҳо равшан месозанд, ки иборат аз инҳо мебошанд: 1) сохтори психологӣ, ки устувор буда, характери иҷтимоӣ ё қавмӣ-миллӣ, урфу одат, анъана, завқ ва амсоли онро дар бар мегирад; 2) сохтори ҳиссӣ, ки мутаҳаррик ё ивазшаванда буда, ба он талабот, манфиат, рӯҳия ва амсоли онро шомил медонанд. Ҳар ду гуруҳи унсурҳо бо иловаи таассубу хурофот ва тарзи ҳаёт психологияи ҷамъиятиро ташкил медиҳанд.

Мафкура (идеология) бошад, зинаи болоии шуури ҷамъиятӣ буда, низоми ақидаҳои назариявии ҷомеа, ғояҳо, ҷаҳонбинӣ, таълимот ва тарзи тафаккурро оид ба маърифати олам ва ҷанбаҳои алоҳидаи он ба ҳисоб меравад.

Бояд тазаккур дод, ки психологияи ҷамъиятӣ сатҳи ҳиссию эҳсосотии шуури ҷамъиятӣ буда, ба таври стихиявӣ, худ ба худ, таҳти таъсири шароити ҳаётӣ ва ҳастии иҷтимоии одамон ба вуҷуд меояд. Мафкура (идеология) сатҳи ратсионалӣ, ақлонии шуури ҷамъиятӣ ба шумор рафта, маҳсули фаъолияти назариявии шахсони босалоҳияту ваколатдори ҷомеа мебошад.

Мафкура (идеология) ҳамчун зинаи олии шуури ҷамъиятӣ ба унсурҳои муайяни психологияи ҷамъиятӣ такя мекунад, вале он ҳеҷ гоҳ инъикоси ғайрифаъоли ин психология намебошад. Аз ҷониби дигар, табиист, ки на ҳамаи ҷузъу унсурҳои психологияи ҷамъиятӣ метавонанд мусбат бошанд. Аз ин рӯ, мафкура (идеология)-ро шахсони босалоҳияту ваколатдори ҷомеа – сиёсатмадорон, олимону зиёиён, аҳли адабу фарҳанг, яъне элитаи зеҳнии ҳар як халқу миллат ба вуҷуд оварда, дар ин раванд ҳатман баъзе унсурҳои зарурии психологияи ҷамъиятиро пурзӯр мекунанд, ё худ, баръакс, баъзе унсурҳои нолозими онро то ҳадди ақал заиф ё умуман маҳв месозанд.

Мафҳуми дуюмӣ – мафкура ё идеологияи миллӣ бошад, ин ҳамон мафкура (идеология) дар шакли умумӣ, яъне низоми ақидаҳои назариявии ҷомеа, ғояҳо, ҷаҳонбинӣ, таълимот ва тарзи тафаккур оид ба маърифати олам ва ҷанбаҳои алоҳидаи он мебошад, ки ба маҷмӯи ғоя ва арзишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии ин ё он халқу миллати муайяну мушаххас такя мекунад.

Мафкура (идеология)-и миллӣ аз ғоя (идея)-ҳои миллӣ иборат аст. Ғоя (идея)-и миллӣ ин натиҷаи худшиносии миллии шаклгирифта буда, маънои ҳастию мавҷудияти ин ё он халқ, этнос ё миллатро муайян менамояд. Ғоя (идея)-и миллӣ, дар маҷмӯъ аз унсурҳои умдае иборат мебошад, ки дар муддати тӯлонӣ дар ҳастии миллати муайян бартарӣ дошта, барои нигаҳдошти ҳувияти бардавоми ҷисмонию мафкуравӣ (идеологӣ)-и ин миллат хизмат кардаанд.

Мафкура ё идеологияи миллӣ дар умум нақши муҳимме дар ташаккули халқияту давлатҳо дорад. Дар таърихи инсоният ибтидо аз асрҳои XVI-XVII мафкура (идеология) мақом ва нақши динро дар соҳаи сиёсат, миллатсозӣ ва давлатсозӣ танг сохта, дар давраҳои минбаъда динро дар ин равандҳо комилан иваз намуд. Тасаввуроти мафкуравӣ (идеологӣ) баъди ин давра одамонро муттаҳид ва фаъолияти онҳоро ҷоннок намуда, барои дастёбӣ ба ҳадафҳои муайян мувоҷеҳ сохтанд.

Мафкура (идеология) дар ибтидо фаҳмиши мушкилоти табақаҳои иҷтимоӣ ва синфҳоро инъикос карда, ба худшиносии равшани намояндагони ин табақаву синфҳо муосидат менамуд. Вале барои ташаккули халқ, миллат ё давлат мафкура (идеология)-е, ки танҳо ба манфиатҳои табақаҳои иҷтимоӣ ва синфӣ такя мекунад, кофӣ нест. Аз ин рӯ таҳиякунадагони мафкура (идеология) пояҳои онро тавассути такя ба ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ, муҳаббат ба миллату давлати миллӣ таҳким бахшида, дар самти миллатсозию давлатсозӣ ба муваффақият ноил гардиданд. Дар ин раванд низоми муайяни мафҳумҳо, тасаввурот ва принсипҳо оид ба ташаккули умумияти миллӣ, шакли ҳаёти иқтисодӣ ва давлатдорӣ, муносибат бо халқҳои дигар ва амсоли он ба  муҳтавои мафкура (идеология) ворид карда шуданд.

Бо моҳияти мафкураи миллӣ ошноӣ пайдо карда бояд таъкид намуд, ки ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишварҳои дигар дар асоси низоми муайяни ғояву арзишҳо мегузарад, ки ҳамаи он аз Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории дигари ҷумҳурӣ реша мегирад. Вале дар кишвари мо тибқи моддаи 8 Конститусияи ҷумҳурӣ ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфта, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Аз ин рӯ мафкура (идеология)-и миллӣ бояд, қабл аз ҳама, дар асоси худи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари амалкунандаи ҷумҳурӣ таҳия ва амалӣ карда шавад.

Дар чунин вазъи ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, ки мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад, ба назар гирифта мешавад, ки ҳар гуна мафкура (идеология), махсусан мафкура (идеология)-и миллӣ бояд манфиатҳои давлат ва халқро ифода намояд. Инчунин ба эътибор гирифта мешавад, ки мавҷуд набудани мафкура (идеология)-и миллӣ метавонад на танҳо сабабгори сар задани зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа гардад, балки ҳатто ба аз даст додани соҳибистиқлолии сиёсию миллӣ мусоидат кунад.

Дар шароити муосир дар раванди ташкили ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар кишвари мо барои ташаккул ва рушди мафкура (идеология)-и миллӣ ҳамчун асос махсусан он ғоя ва арзишҳое бояд хизмат кунанд, ки дар муқаддима ва бобҳои якуму дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 1-47) оид ба асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд дарҷ гардидаанд. Аз ҷумлаи чунин ғояву арзишҳо дар ин самт инҳо муҳим шумурда мешаванд:

– шинохти халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон;

– масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда;

– таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва рушду камоли он;

– муқаддас шумурдан ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шахс, инсон ва шаҳрванд;

– эътироф кардани баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳо;

–  бунёди ҷомеаи адолатпарвар;

– бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ва тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат;

– фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон;

– эҳтиром ба забони давлатии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ ва забонҳои  ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд;

– арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатии Тоҷикистон – Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ ва пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе;

– манъ будани ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он;

– ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон ва манъ будани тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад;

– манъи тарғиби нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ ва ё бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ;

– риоя ва иҷро намудани Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ;

–  татбиқи сиёсати сулҳҷӯёна, манъи ташвиқоти ҷанг;

– ҳамкорӣ бо ҳамватанони берунмарзӣ;

– фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ;

– иҷрои вазифаҳои асосии шахс ва шаҳрванд;

– эътирофу эҳтироми мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат), мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, суд ва прокуратура ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ва ғайра.

Вазъи мавҷудаи ҳаёти ҷамъиятию сиёсиро ба эътибор гирифта, дар ташаккул ва рушди мафкура (идеология)-и миллӣ инчунин тамоми ғоя ва арзишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии дигар, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд, бояд истифода карда шаванд.

Дар раванди ташкили ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ барои мафкура (идеология)-и миллӣ ташаккули ягонагии иҷтимоӣ-сиёсии ҳокимият ва халқ муҳим буда, он барои тақвияти сохтори давлатдорӣ ва ҳокимияти давлатӣ, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, инчунин барои рушди иҷтимоию иқтисодии давлат ва ҳифзу такомули арзишҳои миллӣ нигаронида мешавад.

Ҳамаи ғоя ва арзишҳо аз гузаштаи таърихӣ, ҳаёти имрӯза ва дар бораи ояндаи ҷомеа, ки дар раванди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ аз ҷониби аксарияти кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ пазируфта шуда, ба меъёрҳои конститутстионӣ мухолифат надоранд ва дар якҷоягӣ бо ҳамдигар ҳамчун поя барои бунёд ва рушди давлатдории миллӣ хизмат мекунанд, метавонанд дар пояи мафкура (идеология)-миллӣ қарор гиранд. Ба чунин арзишҳо ватандӯстӣ, миллатпарварӣ, арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг, санъату адабиёт, илму техника, расму ойин, тамоми унсурҳои ахлоқи ҳамидаи миллӣ ва амсоли он дохил мешаванд, ки ба шароити кунунии ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар ва талаботи даврони муосир ҷавобгӯ бошанд. Инчунин, рушди ҷаҳонбинии илмӣ, раҳоӣ аз хурофоту таассуб бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор гиранд.

Дар мафкура (идеология)-и миллӣ он арзишҳои умуминсонӣ низ, ки аз ҷониби аксарияти кулли шаҳрвандон дар раванди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ пазируфта шуда, ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзишҳои миллӣ мухолифат надоранд, ба эътибор гирифта мешаванд ва ба гуногунии инсоният, фарҳанги халқу миллатҳо, ҳамкорӣ бо онҳо ва таъмини сулҳу оромӣ ва рафоқату дустӣ байни халқу давлатҳо эҳтиром гузошта мешавад.

Дар мафкура (идеология)-и миллӣ ва раванди ташкили ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ бояд идеяҳо дар бораи Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ ҳамчун идеяҳои заминавӣ (базавӣ) ё асосии миллӣ хидмат намоянд. Дар баробари ин, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ҳаёт ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат тибқи талаботи қонунгузории мавҷуда бояд дар ҷавҳари мафкура (идеология)-и миллӣ қарор дошта бошанд.

Ба ҳамин тариқ, он арзишҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид ёфтаанд, ғоя ва арзишҳо аз гузаштаи таърихӣ, ҳаёти имрӯзаи миллат, ки аз ҷониби аксарияти кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ пазируфта шуда, ба меъёрҳои конститутстионӣ мухолифат надоранд, инчунин арзишҳои умуминсонӣ низ, ки ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзишҳои миллӣ мутобиқанд, метавонанд ҳамчун асос барои ташаккул ва рушди  мафкура (идеология)-и миллӣ дар кишвари мо дар даврони муосир хизмат намоянд.

Хуршед Зиёӣ,
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед