Имсол аз қабули ин санади сарнавиштсози давлату миллат, Конститутсияи мамлакат 29 сол сипарӣ мегардад. Агар ба ин роҳи тайкардаи таърихӣ назар афканем, пеши назар рафъи мушкилоти ҷойдошта бо кадом меҳнату заҳматҳо онҳо бартараф гардид, чӣ гуна заминаҳои рушду эҳё гузошта шуд ва давра ба давра амалӣ гардиданд пеши назар меоранд. Агар ба ин роҳи тайкарда назар афканем дар қалби ҳар як фарди ҷомеа дарку ҳиссиёти фавқулодаеро ба ёд меорад, ки шахс шоҳиди чандин воқеияту рӯйдодҳои гӯшношунид, беқонунию ноадолатиҳоро бо чашми худ дидааст. Талошу ҷонбозиҳо барои таҳия ва тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул намудани шаҳодатномаи миллат Конститутсия дар пояи он қабул гардидани чандин санадҳои бунёдӣ, дар ҳаёти ҳуқуқӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат нақши калидиро дар эҳёи давлатсозии миллӣ гузоштаанд.
Бояд қайд намуд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ шароит фароҳам оварда, ташкили заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлати демократиро ба миён гузошт. Аҳаммияти таърихии Иҷлосия дар он зоҳир мегардад, ки аз ҳама муҳим масъалаи таҳияи лоиҳаи Конститутсия гузошта шуда, рамзҳои соҳибистиқлолии давлатдорӣ, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ қабул карда шуданд. Ҳамзамон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳ ба тавсиб расид. Ҳамчунин, аз СММ даъват оварда шуд, ки барои ба эътидол овардану таъмини суботи Тоҷикистон мусоидат намояд. Бешак, аҳаммияти бузурги таърихӣ доштани Иҷлосияи Шонздаҳуми Шурои Олӣ низ дар қабули ҳамин масъалаҳои муҳимми ҳаётӣ зоҳир мегардад.
Дар давраи ниҳоят ҳассоси ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ яку якбора гузаштан аз як шакли давлатдорӣ ба шакли замони нав, бо шароити нави таърихӣ, сохтори нави роҳбарӣ, тафаккури нави сиёсӣ, бо муносибатҳои нави ҷамъиятӣ таҳия ва қабули қонунгузории ҷавобгӯй ба ин шакли ҷамъиятӣ давраи хеле тулонӣ ва заҳмати зиёдеро талаб мекард. Мутаассифона, дар ин раванди тақдирсоз қудратталабии сиёсии баъзе ҳизбу ҳаракатҳо ва шахсиятҳои алоҳида боиси риоя нагардидани меъёрҳои Қонуни асосӣ гардид ва ин амал оқибат ба ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ оварда расонид, ки он воқеан ба тамомияти арзиву мавҷудияти давлати Тоҷикистон ва ягонагии миллати тоҷик хатари ҷиддӣ дошт.
Новобаста аз вазъи сиёсии ҷойдошта зарур ҳисобида шуд, ки дар Иҷлосия Комиссияи махсус доир ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол таъсис дода шавад.
Комиссия дар давраи фаъолияти худ аз таҷриба ва арзишҳои мавҷудаи давлату давлатдорӣ, анъанаҳои қабул кардани конститутсияҳо ва раванди конститутсионализмро истифода намуда ва таҷрибаи 70–солаи конститутсионализми сотсиалистии худ (конститутсияҳои солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978)–ро мавриди омӯзиш қарор дод. Ин чунин, комиссия меъёру талаботи чандин санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон–Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз соли 1948, Шартномаи байналмилалии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон аз соли 1966, Конвенсияи Париж, санадҳои Шурои машваратии Хелсинки ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба инобат гирифта, мавриди истифода қарор дод. Зиёда аз ин, дар раванди омодаю таҳия намудани ин санадҳои меъёрии ҳуқуқии тақдирсоз хусусиятҳои таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҷанбаҳои фарҳанги миллӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва дунявӣ ба эътибор гирифта шуданд.
Бори аввал дар таърихи давлатдории миллати тоҷик матни Конститутсияи Тоҷикистон ба забони давлатӣ омода шуд, ки ғояҳои ҷамъияти ҳуқуқбунёди демократӣ асоси Конститутсияро ташкил дод. Яъне мо тавонистем, ки ин имконияти таърихиро танҳо баъди Иҷлосияи Шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ амалӣ гардонем. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия мақсади худро оид ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қатъиян эълон намудем, ки он роҳи минбаъдаи рушду такомули давлату давлатдории навини моро муайян намуд.
Ҳамин тавр, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 халқи тоҷик Конститутсияи давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду иҷтимоии худро қабул ва эълон намуд, ки ин падида дар таърихи давлати навини мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои воқеан сарнавиштсоз буд. Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлоли давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои расидан ба Ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гузошта ба марҳалаҳои ҳассоси таърихӣ, ки асосҳои рукнҳои давлатдории тоҷикон, нақши тақдирсозу заминаи ҳалкунанда гузошт.
Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсису таҳким ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ҷузъу томҳо, сохторҳои қудратӣ таҳкиму барқарорсозии сохти конститутсионӣ, тартибу низом, таъмини амнияту суботи кишвар, таъмини волоияти қонун дар давлатсозии миллӣ калидӣ мебошад. Таҳти роҳбарии хирадмандона Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба Конститутсия “Доктаринаи ҳарбӣ”, чандин қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти сохторҳои қудратӣ, нақшаи мудофиавии кишвар ва як қатор қонунҳои дахлдори давлатиро барои фаъолияти минбаъдаи сохторҳои низомию қудратӣ таҳия карда, ба тасвиб расонид, ки шакли замонавии сохторҳои қудратию низомиро муайяну мушаххас ва тасдиқ намудааст, ки ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошанд. Қонунҳои қабулкардаи нав нисбати сохторҳои қудратӣ аз рӯи талаботи Конститутсия ба фаъолияти минбаъдаи онҳо дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон тағйироти кулиро ба амал овард.
Инчунин, такмили Конститутсия тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо бо назардошти вазъ муҳим маҳсуб меёбад. Пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа тақозо менамояд, ки асосҳои конститутсионӣ низ пайваста такмил ёбанд. Ба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол давоми 29 сол се маротиба солҳои 1999, 2003, 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Яке аз тағйиру иловаҳое, ки соли 1999 мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба Конститутсия ворид гардиданд, воситаи муҳими ризоят, созиш, ваҳдат ва суботи ҷомеа гаштанд. Дар асоси он тағйиру иловаҳо аввалин маротиба дар мамлакат парлумони касбии иборат аз ду палата Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфт, ҳамчунин, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мувофиқи таҷрибаи маъмули ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд. Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои баъдӣ солҳои 2003, 2016 ба Конститутсия сурат гирифта, пеш аз ҳама, ба танзими тараққиёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва таҳкими кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобаста буд.
Тариқи райпурсии умумихалқӣ ворид намудани тағйироту иловаҳо волотарин дастовард буда, заминаи асосии таъмини амнияту субот ва рушди муътадили давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ба инобат гирифтани инкишофи ақлу заковати мардум, рушду тараққиёт, яке аз маҳаки асосии ифодакунандаи оромонҳои ҳуқуқии ҷомеаи муосир ба шумор рафта, самти равиши дурусти ояндаи низоми ҳуқуқии давлатро бо арзишҳои эътирофнамудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян мекунад.
Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ назар афканем, ҳанӯз дусад сол қабл дар даврае, ки нахустин заминаҳои демократияи муосир гузошта мешуданд, олими бузург Томас Ҷефферсон чунин зикр намуда буд, ки «қонунҳо ва падидаҳои инсонӣ бояд ҳамрадифи инкишофи ақлу хиради инсонӣ бошанд». Дар раванди ҳаёти имрӯза мо дидем, ки дар давраҳои инкишофу пешрафт чӣ қадар тағйиротҳои бузурге, ба миён омаданд ва барои танзими муносибатҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар фазои ҳуқуқии кору фаъолият мусоидат намуданд.
Аҳаммияти таърихии Конститутсия ҳамчун санади сиёсӣ ва дорои қувваи олии меъёрии ҳуқуқӣ дар он зоҳир мегардад, ки муҳимтарин арзишҳои бунёдии ҷомеаи башариро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ инъикос намуда, хусусиятҳои давлати Тоҷикистонро ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии ягона арзёбӣ менамояд. Дар ҳар як моддаи он дар алоҳидагӣ принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа ва заминаҳои пешрафти давлати муосир, ба мисли шакли сохтори ҳокимият, гуногунандешии сиёсию мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқоди динӣ, сухан, матбуот, фаъолияти озоди тиҷоратӣ, иқтисодию соҳибкорӣ ва гуногуншаклии моликият, ки нишондиҳандаи мавҷудияти низоми демократии сиёсиву иҷтимоӣ мебошанд, муайян гардидаанд.
Асоснок будан бо чунин ҷанбаҳои ҳуқуқӣ дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини амнияту суботи мамлакат нақши муассир бозид. Бо ин мазмун Конститутсия сарчашмаи ҳуқуқии инъикос ва ба вуҷуд оварандаи принсипҳои миллӣ, кафолати меъёру мазмуни он, таъмини волоияти қонуну адолати иҷтимоӣ, инчунин эҳтирому риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фарҳангу оин ва таърихи замони муосир буда, асоси татбиқи тамоми низоми давлатдориро дар бар мегирад.
Бешак, татбиқи минбаъдаи меъёрҳои Конститутсия аз диди мардум, муносибати онҳоро ба нақши Конститутсия дар ҳаёти ҳар як фарди ҷомеа, самти танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дарки аслии моҳияти конститутсионалиро куллан дигаргун сохт.
Аз ин рӯ, таҷрибаи 29 соли татбиқи Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа нишон дод, ки он ҳамчун ҳуҷҷати ташаккулёбанда, Қонуни Асосии на давраи гузашта, балки замони муосир, яъне асри XXI ва ҳамзамон, ифодакунандаи ҳадафҳои созандаи давлат, ҳамчун унсури муҳимми таъмини суботи сиёсӣ мебошад.
Дар замони муосир, Конститутсия ба сифати омили муҳимми бартараф кардани таҳдиду хатарҳои муосир ба низоми ҳуқуқӣ баромад намуда, ба таври фаъол ба ҳамаи ҷанбаҳои фаъолияти ҷомеа, давлат, шаҳрвандон ва ба тартиботи ҳуқуқии байналмилалӣ таъсир мерасонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз дар асоси ҳамин принсип давлат бунёд намудааст, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин зиндагии шоистаи онҳо воқеан дар заминаи суннатҳои миллиамон таъмин бошад.
Саидхоҷа Акбаров,
сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои
амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон