Воқеан ҳам, Конститутсия, ки тамоми қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз он сарчашма мегирад, барои пешрафт ва рушди бемайлони кишвар равона гардидааст, роҳнамои миллат аст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи барои миллати тоҷик басо ҳассос таҳия ва қабул гардидааст. Дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст.
Дар меҳвари асосии иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид буд, зарурати қабули ин санади тақдирсози миллати тоҷик масъалагузорӣ гардид. Дарки амиқи масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор сохт, ки гуруҳӣ корие барои таҳия ва қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон саъсис диҳад ва 6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамои миллати тоҷик қабул шуд.
Мавриди тазаккур аст, ки мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол зимни қабули Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон намуда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд. Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуд, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиро мушаххас гардонид.
Конститутсия ҷомеа ва давлати Тоҷикистонро ба марҳилаи сифатан нави инкишофи таърихӣ ворид сохта, дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро оғоз намуд. Дар маҷмуъ, Конститутсия баёнгари иродаи халқи тоҷик аст, ки бо шарофати қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории тоҷикон муаян гардид.
Қобил ба таъкид аст, ки дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят калон аст. Бо назардошти рушди ҷомеаи муосир дар ҷумҳурӣ се маротиба – солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ нақши бориз гузошт. Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан роҳнамои миллат маҳсуб ёфта, ҳуҷҷати мукаммале ҳаст, ки ба қатори панҷ конститутсияҳои беҳтарини дунё аз ҷиҳати ҳифз ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шомил гардидааст. Инчунин дар раванди бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми босазое гузошт.
Дар ҳақиқат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормонҳои халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститусионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва эътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Конститутсияи қабулгардида ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилаӣ эътироф гардида ва дар доираи сиёсати дарҳои кушода бо зиёда аз 180 кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Ҳамзамон меъёрҳои Конститутсия барои ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ замина гузошта, дар як муддати кӯтоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони ба узвияти созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ пазируфта шудро муҳаё намуд.
Ҳамин тавр, Тоҷикистони соҳибихтиёри мо дар арафаи ҷашни ҷашни мубораку фархудна ва хуҷаста – 28-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Боиси ифтихор аст, ки Конститутсия дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид ва ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар вазифадор аст, ки ба ин ҳуҷҷати тақдирсоз ва роҳанамои давлату миллат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром гузорад!
Муовини сардори Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳмадсаидзода Абубакр