Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки аз даҳ боб ва сад модда иборат мебошад. Дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст. Дар ҳамин замина давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.
Дар тули 30 соли истиқлолият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳарчи зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Аз ҷумла, Сарвари давлат соли 2014 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «тавре борҳо таъкид карда будам, мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд». Натиҷаҳои талоши шабонарузии Пешвои миллат ин аст, ки дар кишвари мо сатҳи камбизоати аз 80 дар сади солҳои 90-ум ба 26,3 дар соли 2020 расонида шуд.
Яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва боиси ифтихори миллии мо ин шомил гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори панҷгонаи беҳтарини дар ҷаҳон мебошад. Бо назардошти ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқии кишвари азизамон, татбиқ ва амалисозии муқаррароти «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон», бори аввал 26 сентябри соли 1999 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба идомаи ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ дар мамлакат ва танзими муносибатҳои сифатан наве, ки ба рушди давлатдории миллӣ алоқамандии бевосита доштанд, заминаи муҳими ҳуқуқӣ гузошта шуд. Якумин маротиба дар кишвар низоми комилан нави таъсис, сохтор ва фаъолияти мақоми қонунгузории мамлакат пешбинӣ карда шуд. Муайян кардани интихоботи Парламенти думаҷлиса мушаххас карда шуда, мутаносибан дигар меъёрҳои вобаста ба фаъолияти бевоситаи парламент низ такмил дода шуд. Дар ин замина бори аввал дар таърихи парламентаризми кишвар парламенти касбии доимоамалкунанда – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таъсис дода шуд. Бо ҳамин мақсад 22-юми июни соли 2003 маротибаи дуюм ба Конститутсияи мамлакат 122 тағйиру иловаҳои навбатӣ ворид карда шуданд. Бо ин иқдом, кишвари мо ба шарофати хиради бузург ва фаросати сиёсии халқ, ба сӯйи мустаҳкамсозии пояҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд боз як қадами ҷиддӣ ва устувор гузошт.
Яке аз дастовардҳои бузургу барҷастаи тағйиру иловаҳои навбатӣ ба Конститутсия ин таъмини идомаи раванди демократикунонии тамоми ҳаёти ҷомеа мебошад, ки аслу ҷавҳари онро арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимодро тарҳрезӣ намуд. Инсон ҳамчун бузургтарин арзиш ва дорои манфиатҳои муайян шинохта шуд, ки мавҷудияти ин нукта дар матни Қонуни асосии кишвар баёнгари амалан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастани Тоҷикистон мебошад. Дар баробари ин, бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани мустақилияти ниҳодҳои давлатӣ аз ҷумла ҳокимияти судӣ муҳлати ваколати судяҳо аз 5 сол ба 10 сол дароз карда шуд, ки ин яке аз принсипҳои конститутсионии таъмини мустақилият ва таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ буда, барои баланд бардоштани нақшу мавқеи он дар ҷомеа ва ба татбиқи адолати иҷтимоӣ мусоидат намуд.
Бо ворид кардани тағйиру иловаҳо дар соли 2003 мазмуну муҳтавои моддаи 14 Конститутсия дар самти амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд боз ҳам такмил дода шуд. Яъне ин ҳуқуқу озодиҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пеш аз ҳама ба он асос меёбад, ки онҳо дар Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд ва иҷрои онҳо кафолат дода мешавад.
Аз ин рӯ, бори сеюм 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои навбатӣ ворид карда шуданд. Дар ин бора Пешвои миллат соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «муҳайё намудани шароити ҳар чӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад».Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда ҷиҳати амалӣ намудани ин мақсади олӣ, инчунин ба рушди минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат мекунанд.
Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Конститутсия ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Тағйиротҳои воридшуда имкон медиҳанд, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва рушд ёбанд.
Кониститусия ва фазои ягонаи ба вуҷуд омада имкон медиҳад, ки дар оянда рушди давлатдории навини тоҷикон ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳарчи бештар аз ҷиҳати хуқуқи таҳким пайдо кунанд.
Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 26 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.
Фарзона Ғуломносирова,
Мутахассиси пешбари Раёсати
тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ
Акбаршои Олимхон,
Мутахассиси Раёсати
тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ