Айни замон мо дар остонаи таҷлили 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми шарафманди кишвар мебошад қарор дорем. Ин санади муқаддасу тақдирсоз ифодагари азму иродаи халқи тоҷик буда, роҳи минбаъдаи давлату миллат ва рушди устувори ҷомеаи моро муайян намуд. Маҳз ҳамин санад баҳри бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи мусоиду устувор фароҳам оварда, дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ, аркони давлатдории миллӣ нақши муҳим бозид.
Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик ба шумули халқҳое мансуб аст, ки дар сархати давлату давлатдорӣ мақоми намоён дошт ва дар ҳама давру замон орзуи барқарор намудани давлати миллиро мақсади ягонаи худ гузошта буд.
Соли 1924 халқи тоҷик дар ҳайати давлати собиқ Иттиҳоди Шуравӣ соҳиби давлати худ гардид. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ давлати наву мустақили Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои ҳуқуқии замони гузашта риштаҳои сиёсию ҳуқуқии наве, ки дар солҳои охир ба вуҷуд омада буданд, татбиқи воқеии худро дар ҳаёти ҷомеа амалӣ карда натавонист.
Дар марҳалаи аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бе ягон замина, бе таҷрибаи сохти гузариш, аз як шакли давлатдории ба замони нав, бо шароити нави носанҷида, бо сохторҳои нави роҳбарӣ, бо тафаккури гуногуни сиёсию эътиқодӣ, бо муносибатҳои нави ҷамъиятӣ таҳия ва қабули қонунгузории ҷавобгӯй ба ин шакли ҷамъиятӣ давраи хеле тулонӣ ва заҳмати зиёдеро талаб кард. Албатта, дар ҳолати ҷой доштани беқонунию ноадолатиҳо дар ҳаёти ҷомеа шитобкорона қабул намудани Конститутсияи нав ва дигар қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба раванди татбиқи воқеии ба талаботи давлати мустақил мутобиқ набуд.
Бояд таъқид намуд, ки соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон ба давраи бисёр ноороми ҷамъиятию сиёсӣ рост омад, кишвари мо ба буҳрони иҷтимоию сиёсӣ мувоҷеҳ шуд ва дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ поймол шудани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, кашмакашиҳои сиёсиву вазъи идоранашаванда ба миён омад. Бадхоҳони миллати тоҷик тавассути ба роҳ мондани низоъи дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ тавонистанд баҳри манфиатҳои сиёсии худ мардуми осоиштаро ба гирдоби мухолифати сиёсӣ ва муқовиматҳои мусаллаҳона кашанд, ки ҳазорон нафарро қурбони манфиатҳои ғаразноки худ гардонида, зиёда аз як миллион нафар сокини кишварро ба тарки диёр табдил доданд.
Зикр намудан бамаврид аст, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳукумати қонунии ҷумҳуриро таъсис дода, ҷиҳати таъмини сулҳу салоҳ, ваҳдати миллӣ, ташкили заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлати демократӣ асоси боэътимод гузошт.
Аҳаммияти аз ҳама муҳимми таърихии Иҷлосияи XVI дар он зоҳир мегардад, ки масъалаи қабули Конститутсияи навро баррасӣ намуд, ҷиҳати таҳияи он Комиссияи конститутсиониро таъсис дода, рамзҳои соҳибистиқлолии давлатдорӣ, Нишон, Парчам қабул гардиданд.
Комиссияи конститутсионӣ барои таҳияи лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи фаъолияти худ тавонист аз таҷрибаи таърихии давлатҳои пешрафтаи демократиро мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор диҳад. Дар баробари ин, комиссия ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ: аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз соли 1948, санадҳои Маҷлиси машваратӣ оид ба амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва талаботи чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалиро доир ба ҳуқуқи инсон ва дигар санадҳое, ки хусусияти таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанги миллӣ, динӣ ва дунявӣ дошта, омӯхта шуда муқаррароти онҳо ба инобат гирифта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар таърихи давлатдории миллати тоҷик бори аввал матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ омода шуд, ғояҳои ҷамъияти ҳуқуқбунёди демократӣ асоси Конститутсияро ташкил медод. Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи XVI Сарвари давлати навинтихобшуда дар Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон мақсади худро доир ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона баён дошт, ки он роҳи минбаъдаи рушду такомули давлату давлатдории навини моро муайян намуд.
Дар ҷараёни муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Конститутсия аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба Шурои Олӣ беш аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ворид гардид, ки бештари онҳо ба инобат гирифта шуданд. Дар асл таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар худ самтҳо ва бахшҳои асосиву стратегии рушди давлатдории миллӣ ва масъулияти муштараки халқ ва ҳокимиятро дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ инъикос намуд. Ҳамзамон, аз ҷониби Комиссияи конститутсионӣ ҳангоми баррасии масъалаҳо идоракунии ҷумҳурии президентиро ба муҳокимаи мардум пешниҳод намуданд, ки ҷонибдории бештарро пайдо кард. Шакли идораи Ҷумҳурии Президентӣ ба асосҳои бунёдии ҷомеаи навин ҷавобгӯ буда ва таҷрибаи сӣ соли рушди минбаъда инро собит намуд.
Баъди муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо дарназардошти иловаи пешниҳодҳои судманд санаи 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсиии умумихалқӣ қабул гардид. Инчунин, дар ҳамин рӯзи фархундаву хотирмон, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд, ки дар ҳаёти мардуми кишварамон аз ҷумлаи рӯйдодҳои воқеан сарнавиштсоз буд. Конститутсия дар ин масир барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлоли давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои расидан ба Ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гузоштааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол тули солҳои мавриди амал қарор доштанаш то имрӯз ба сифати қонуни асосии кишвар тавонист, ки дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини амнияту суботи мамлакат рушди муътадили шохаҳои ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, вазорату кумитаҳо ва дигар шохаҳои давлатдорӣ нақши муассир бозад.
Аҳаммияти таърихии Конститутсия ҳамчун санади сиёсӣ–ҳуқуқӣ ва дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буданаш дар он зоҳир мегардад, ки муҳимтарин арзишҳои бунёдии ҷомеаи башариро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ инъикос намуда, хусусиятҳои давлати Тоҷикистонро ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ иҷтимоӣ ва ягона арзёбӣ менамояд.
Бо фароҳам овардани чунин пояҳои ҳуқуқии ҷомеаи муосир Ҳукумати кишвар таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист устуворона самт ва равиши дурусту ояндаи низоми ҳуқуқии кишварро бо дарназардошти талаботу риояи ҳуқуқҳои байналмилалӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муайяну мушаххас намояд. Бо ин мазмун, Конститутсия сарчашмаи ҳуқуқии инъикос ва бавуҷуд оварандаи ормонҳо ва манфиатҳои миллӣ, кафили мувофиқати меъёру мазмуни он, ба фарҳангу ойин ва таърихи замони муосир буда, асоси татбиқи пайдарҳамии тамоми низоми ҳаёти иҷтимоию ҳуқуқии ҷомеаро фаро гирифтааст.
Конститутсия воқеан шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва муайянкунандаи сарнавишти ҳар як халқу миллат мебошад. Дар ҳар як модда ва банди он дар алоҳидагӣ усулҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа ва заминаҳои пешрафти низоми мақомоти давлатии муосир, шакли сохтори ҳокимият, таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсию мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқоди динӣ, сухан, матбуот ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум равона гардиданд. Ҳамзамон, иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат ва идораи давлат таъмин намуд.
Дар Қонуни асосӣ аввалин маротиба ҳуқуқҳои фитрӣ ва табии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, саломати қадр, номус, амният, озодӣ ва дигар ҳуқуқҳои он ба таври возеҳ муқаррар гардидаанд, ки ин хусусият Конститутсияи моро дар радифи Қонунҳои Асосии кишварҳои пешрафтаи САҲА эътироф намудааст.
Ҷавҳари асосии Конститутсия аз он иборат аст, ки давлат бояд ба ҷомеа ва одамон хизмат карда, барои беҳтар кардани аҳволи иҷтимоии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам оварад. Баъдан дар пояи моддаҳои Конститутсия чандин санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқии стратегӣ қабул гардид, ки дар ҳаёти ҳуқуқӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, тамомияти арзӣ тақсимнашавандаву дахлнопазир будани ҳудуди Тоҷикистонро кафолат дода ин санадҳо барои таъмини соҳибихтиёрии воқеъии кишвар ва рушди Тоҷикистон ҳамчун як давлати воҳид шароити мусоид фароҳам овард.
Давоми 30 соли сипаригардида дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишвар пешрафту дигаргуниҳои хеле зиёди назаррас ба вуқуъ пайвастанд, ки бо дарназардошти вазъ заруратҳоеро ба вуҷуд оварданд, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони се маротиба солҳои 26.09.1999, 22.06.2003, ва 22.05 соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа тақозо менамояд, ки қонунҳои танзимкунанда бояд, ба инкишофи ақлу хиради инсонӣ, рафти тараққиёти ҷомеа мутобиқат намуда дар ин раванд асосҳои конститутсионӣ низ пайваста такмил ёбанд.
Яке аз тағйиру иловаҳое, ки соли 1999 мутобиқи шартҳои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” ба Конститутсия ворид гардиданд, воситаи муҳимми ризоят, созиш, ваҳдат ва суботи ҷомеа гаштанд. Дар асоси тағйиру иловаҳо аввалин маротиба дар мамлакат парламенти касбии иборат аз ду палата–Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфт, ҳамчунин, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мувофиқи таҷрибаи маъмули ҷаҳонӣ яъне принсипи таҷзияи ҳокимият ба роҳ монда шуд. Пешрафти ҷомеа тақозо менамояд, ки асосҳои конститутсионӣ низ пайваста такмил ёбанд. Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои баъдӣ ба Конститутсия, ки сурат гирифта буд, пеш аз ҳама, ба танзими тараққиёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва таҳкими кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобастагӣ доштанд.
Тариқи райъпурсии умумихалқӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо волотарин дастоварди давлати демократӣ буда, заминаи асосии таъмини амнияту субот ва рушди муътадили давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ба инобат гирифтани инкишофи ақлу заковати мардум, рушду тараққиёт, яке аз маҳаки асосии ифодакунандаи ормонҳои ҳуқуқии ҷомеаи муосир ба шумор рафта, самти равиши дурусти ояндаи низоми ҳуқуқии давлатро бо арзишҳои эътирофнамудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян мекунад, ки ба болоравии обурӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор мегузорад. Айни замон, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 190 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта, бо 184 кишвари дигар робитаҳои дипломатӣ ва зиёда аз 130 кишвар робитаҳои иқтисодию тиҷоратиро ба роҳ мондааст.
Тибқи маълумот дар асоси талаботи моддаҳои Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо дастуру супориши Пешвои миллат аз рӯзи қабули Конститутсия то санаи 02.09.2024 танҳо беш аз 401 адад Қонуну кодексҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда аз ҷониби Парлумони кишвар, Маркази миллии қонунгузории назди Ҳукумати мамлакат таҳия ва қабул шуда, ба феҳристи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд. Айни замон, ҳамаи ин санадҳои тақдирсоз дар ҳаёти мардуми мамлакат баҳри таъмини амнияту суботи сартосарии кишвар ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҷомеа нақши калидиро ба ҷо оварда истодаанд.
Хулоса, таҷрибаи 30 соли татбиқи Конститутсия дар ҳаёти мардуми кишвар нишон дод, ки он яке аз санадҳои асосии давлатӣ буда, дар давоми ин солҳо тавонист, ки ҳадафҳои созандаи давлату ҳукуматро ҳамчун унсури муҳимми таъминкунандаи суботи сиёсӣ муаррифӣ намояд.
Дар замони муосири пайваста тағйирёбанда Конститутсия дар асоси меъёрҳои дар он дарҷгардида метавонад ба сифати омили муҳимми пешгирию бартараф кардани таҳдиду хатарҳои минтақавию байналмилалӣ ба низоми ҳуқуқӣ баромад намуда, ба ҳамаи ҷанбаҳои фаъолияти ҷомеа, давлат, шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқии байналмилалӣ таъсиргузор бошад ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони худро таъмин намояд.
Вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастааст арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон саъю кӯшиш намоем.
Саидхоҷа Акбаров,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон