Бисту панҷ сол муқаддам бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистицлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид. Дар баробари қабули Конститутсия 6 ноябри соли 1994 халқи Тоҷикистон роҳи нави инкишофи худро интихоб намуд, ки ин бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душворию мушкилот, ҳатто ҷанги даҳшатбори таҳмилӣ сокинони сулҳдӯсту созандаи кишварро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, бунёди давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона наметавонанд берун созанд. Маҳз аз ҳамин хотир, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби дигар, бо иродаи озодонаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидани Конститутсия баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафтаи халқи тоҷик мебошад.
Аҳамият ва бузургии ин санади муҳими таърихӣ аз он иборат аст, ки бори нахуст аз ҷониби халқ ва тариқи ифодаи озоди иродаи аҳолии кишвар қабул шудааст. Таҳияи Конститутсия бо ҷалби неруҳои ақлонӣ, бо дарназардошти манфиатҳои олии давлату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии миллати тоҷик дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ сурат гирифта буд. Аҳолии кишвар тибқи Конститутсия худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон шинохта, садоқатмандии хешро ба арзишҳои ҳуқуқи башар эълон доштанд.
Майлу иродаи қавии мардум ҳангоми қабули Конститутсия роҳбарияти давлат ва ҳукуматро ба шоҳроҳи азими дигаргунсозиҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохт, ки натиҷаҳои ин раванди нек ба ҳама маълуманд.
Зикр намудан бамаврид аст, ки Конститутсияи мамлакат ҳамчун заминаи ҳуқуқию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ раванди рушди ҷомеаи моро муайян намуда, рушди устувори онро кафолат медиҳад. Ин “бахтномаи миллат” унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандиро муқаррар карда, гуногуншаклии моликият, баробарии онҳоро эътироф мекунад. Ин бесабаб нест, зеро асоси иқтисоди ҳар гуна ҷомеаи шаҳрвандиро гуногуншаклии моликият ташкил медиҳад.
Унсури дигари муҳими иқтисодии ҷомеа – озодии кор аст, ки дар Конститутсия эълон гаштааст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ инчунин, дар заминаи худташкиливу худидорашавӣ ташаккул меёбад. Барпо намудани чунин ҷомеа эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоиду мувофиқ барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд.
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард ва ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.
Конститутсия таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишварро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст.
Дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо меҳвари асосии сиёсати давлат эътироф шуд ва дар Тоҷикистон заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд, ки ин шаҳодати амалишавии ҳамаҷонибаи усули гуногунандешии сиёсӣ ба шумор меравад.
Ба шарофати қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои хориҷии худ сиёсати дарҳои кушодаро пайгирӣ намуда, дар асоси принсипи баробарӣ ва эҳтироми соҳибихтиёрӣ ҳамкориҳои судмандро бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монд.
Дар заминаи татбиқи бомароми меъёрҳои конститутсионӣ дар кишвари мо волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин, ифтихори милливу худшиносӣ ба сатҳи арзиши ҳамешагии ҷомеа бардошта шуд. Баъдан тамоми низоми давлатдории миллӣ ба муқаррароти Конститутсия мувофиқ гардонида шуда, фаъолияти парламенти касбии кишвар ба таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлату миллат, густариш бахшидани раванди демократикунонии ҷомеа ва пешбурди бомароми ислоҳоти иқтисодиву ҳуқуқӣ равона гардид.
Дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли мо тӯли беш аз ду даҳсола ба рушду пешрафти беназир ноил шуд. Бинобар ин, бо гузашти солҳо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсоз боз ҳам бештар хоҳад гашт.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, бар замми мушкилоту монеаҳои зиёд бо шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия, мо тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки 22 майи соли 2016 бо мақсади ба пешрафти замон мутобиқ гардонидани ин санади сарнавиштсози халқу миллат тариқи раъйпурсии умумхалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳои нав ворид карда шуданд. Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин тағйиру иловаҳоро самтҳое ташкил медиҳанд, ки бевосита ба ҷавонон рабт доранд.
Ҳамин тавр, қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон ва тоҷикистониён ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвар ба оламиён мебошад.
Бо шарофати “бахтномаи миллат” – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол рӯзгори халқи кишварамон баракати хушу осудатар ёфта, пояҳои давлатдорӣ ва мақому эътибори он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам побарҷову мустаҳкамтар мегарданд.
МИРЗО Ашӯров, коршиноси
масоили сиёсии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти ҶТ,
Корманди шоистаи ҶТ