Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми ТоҶикистонро оид ба таѓйирнопазир будани шакли идораи Ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҶтимоии давлат эълон намуд.
Эмомалӣ Раҳмон
Бисту шаш сол муқаддам, яъне 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд ва ташаккулу рушди қонунгузории давлати соҳибистиқлоламонро муайян намуд. Баъди истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти гузариш аз як сохти иҷтимоӣ ба дигар сохти иҷтимоӣ, зарурати мувофиқ гардонии сохтори давлатӣ ба шароити нави рушди муносибатҳои Ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ ба миён омад. Инчунин, усул ва меъёрҳое, ки дар Конститутсия ифода ёфтаанд, заминаи инкишофи низоми ҳуқуқии кишварро муайян намуда, волоияти онро нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намуд.
Дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри ХуҶанд баргузор шуд, зарурати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ гардид ва дар муддати кўтоҳтарин бо ташаббуси Сарвари хирадманд ва оқили мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумлаи олимон ва ҳуқуқдонҳо гурўҳи корӣ таъсис дода шуд. Вазифаи гурўҳ таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Дар санаи 13-уми апрели соли 1993 лоиҳаи пурраи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардид ва бо қарори Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд ва аз Ҷониби шаҳрвандон санаи 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар он мардуми сарбаланди тоҷик бо мақсади муқаррар қардани ҳолати ҳуқуқии шахс дар дохил ва хориҷи кишвар, яъне ояндаи давлату миллати худ фаъолона иштирок карда, раъйи худро доданд.
Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи давлату миллати моро муқаррар мекунад. Тибқи моддаи 6-уми он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Намунаи олии он ин аст, ки имрўз халқ бевосита Сарвари давлатро интихоб менамояд ва дар мақомоти олии қонунгузор ва намояндагӣ вакилони худро интихоб намуда, дар идораи давлат бевосита ё бавосита иштирок менамояд.
Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷик буда, маҳз бо шарофати таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид.
Бино ба гуфти сиёсатшиносони дохил ва хориҶи кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини Ҷаҳон эътироф гардидааст. Бо қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон таҳаввулоти бузург ба вуҶуд омад. Қабули Конститутсия дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт.
Дар ҳақиқат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормони халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули Ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард. Яке аз зарфиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи башардўстӣ буда, арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон шаҳодати ин гуфтаҳост.
Конститутсияро «Бахтномаи миллат» низ ном мебаранд ва ҳар шахс вазифадор аст, ки ҳар банди онро риоя кунад, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне бунёди давлати аз ҳар Ҷиҳат пешрафта ва мардумони дорои зиндагии шоиста бирасем.
Бахтнома номаи бахт аст аз даври Каён,
Бахтнома номаи бахт аст баҳри тоҷикон.
ТоҶики арзандаи ман, бош қисматсози хеш,
Бахтнома бар ту бошад болу пар, зўру тавон.
Бахтнома такя гар дорад ба қонуни башар,
Такягоҳ дорад зи ойинҳои фарҳанги Ватан,
Такягоҳ дорад зи аврангу зи аржанги Ватан,
Такягоҳ дорад ба ному номусу нанги Ватан.
Дар 10 боб ва 100 моддаи Конститутсия тамоми паҳлуҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, ки мошаҳрвандони Тоҷикистон бевосита онҳоро дар амал татбиқ менамоем ва ҳуқуқҳои худро ҳимоя мекунем.
Конститутсия санади муҳимми сиёсиест, ки роҳи расидан ба зиндагии орому шоистаро муайян мекунад. Ин санад бори дигар аз соҳибистиқлолии комили давлат ва миллати тоҷик ба Ҷаҳониён мужда мерасонад. Конститутсия танзимгари муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷомеа мебошад.
Конститусия санади олии ҳуқуқӣ ва муҳимтарин ҳуҷҷати сиёсӣ ба ҳисоб рафта, тўли 26 соли амал тавонист муносибатҳои Ҷамъиятиро муътадил ва муназзам гардонад. Бо шарофати Конститутсия мардуми шарифи Тоҷикистон тавонист якчанд чорабинии муҳимми сиёсиро сарбаландона пушти сар намояд.
Бо шарофати Конститутсия шаҳрвандон тавонистанд якчанд маротиба дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар иштирок намоянд ва онҳоро интихоб намоянд. Маҳз дар Конститутсия унсурҳои асосии давлатдории муосири Тоҷикистон, махсусан демократия, соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, ягонагӣ ва иҷтимоӣ муайян гардида, он ба рамзи ягонагии миллати тоҷик, баҳамоии қишрҳои гуногуни Ҷомеа, марҳалаи нави бунёди давлати миллии тоҶикон бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу субот, оромию осудагӣ ва саҳифаи нави таърих табдил ёфтааст.
Дар ҳақиқат, Конститутсия дар рушди давлатдории милии тоҷикон нақши муассир дорад, бинобар ин, эҳтироми Конститутсия ва арҷ гузоштан ба он бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад, зеро, Конститутсия-таҷассумгари моҳияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии давлат аст.
Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ!
Поянда бод бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Салимова Г. Б.,
мутахассиси пешбари раёсати
таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
МТС – и назди Президенти ҶТ