Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон–Қонуни Асосии давлати соҳибистиқлоламон аз ҷумлаи бузургтарин дастовардҳои миллату давлатамон ба шумор меравад. Ин санади воқеан муҳим дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад.
Бисту нуҳ сол муқаддам қабл аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда гуфта буданд, ки қабули Сарқонун дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёди демократӣ қадами аввалин хоҳад буд. Аз ин хотир, ин шахсияти закиву хирадманд ҷаҳду талоши аввалини худро ба он равона намуд, ки ин санади муҳим ба зудӣ таҳия ва қабул карда шавад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки он ифодакунандаи иродаи шаҳрвандон ва баёнгари муносибатҳои солими ҷамъиятӣ буда, дар он тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа равшан инъикос гардидаанд. Бояд ёдовар шуд, ки дар райпурсии мазкур дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ аз 2 миллиону 685 ҳазору 724 нафар овоздиҳанда, 2 миллиону 535 ҳазору 437 нафар иштирок намуда, бо тарафдории 2 миллиону 352 ҳазору 554 нафар, яъне 87,59 дарсади овозҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Баъдан бо дарназардошти барқарории сулҳу субот дар кишвар ва раванди демократикунонии ҷомеа ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба – 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки тамоми мардуми Тоҷикистон онҳоро дар раъйпурсиҳои минбаъда низ якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Ворид гардидани тағйиру иловаҳо аз пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии Ҷомеаи тозаистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ояндаи миллату кишвар муайян гардида, он ба ҳар шаҳрванди кишвари маҳбубамон, новобаста аз ҷинс, дину мазҳаб тамоми ҳуқуқҳо: ҳуқуқ ба меҳнат, таҳсил, манзил, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат додааст.
Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлол, тамомияти арзии Тоҷикистон, тақсимнашаванда ва дахлнопазирии ҳудуди онро, ки халқи тоҷикро дар арсаи байналхалқӣ қисми Ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф менамояд, эълон намудааст.
Ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои олӣ эътироф гардидааст, ки ин боиси ифтихори ҳар як нафар тоҷикистонӣ мебошад.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад», – чунин сабт гардидааст дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Эътирофи ин ягонагӣ барои тамоми тоҷикистониён шарафи бузург аст ва инро Президенти кишварамон бо маънии томаш дар арсаи байналмилалӣ собит сохтаанд.
Тоҷикистон аз рӯзи қабули Конститутсия то ба ҳол давлати ҳуқуқбунёд месозад ва бисёр нишонаҳои он дар ҳаёт татбиқ шудаанд. Агар танҳо ба ҷилдҳои “Маҷмуи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” нигарем, хаҳем дид, ки ягон соҳаи ҳаёти ҷомеа ва давлат нест, ки доир ба танзими он қонун қабул нашуда бошад. Яъне қонун ба ҳайси танзимгари муносибатҳои ҷамъиятӣ паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва кору фаъолияти мову шуморо мураттаб месозад. Масалан, барои хонандаи мактаби миёна ва донишҷӯйи мактаби олӣ донистани Қонуни Ҷуммҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” хеле зарур аст, чунки ин санадҳо ҳама масъалаҳои вобаста ба таҳсилро фаро мегиранд ва дар ин санадҳо ҳуқуқу манфиатҳои хонандагону донишҷӯён возеҳу равшан ифода гардидаанд.
Аломатҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд инҳоянд: волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақсимоти ҳокимият ва масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахсият. Ин аломатҳо дар боби аввали Конститутсия, инчунин, дар бисёр қонунҳои дигар инъикос ёфтаанд. Маънои дунявӣ чандон душвору мураккаб нест. Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ягон дину мазҳаби аз ҷониби давлат эътирофшуда вуҷуд надорад ва ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатми ё худ афзалиятнок ҳисобида намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистом ягон дини расмӣ вуҷуд надорад, ҳама дину мазҳабҳо аз ҳуқуқи баробари вуҷуд доштан бархӯрдоранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, сарфи назар аз он, ки ба кадом дин пайравӣ мекунанд, комилан баробарҳуқуқ мебошанд. Дар ягон санади давлатӣ диндор будан ё набудани шахс қайд карда намешавад. Дар Тоҷикистон бо вуҷуди он ки беш аз 90 дарсади шаҳрвандон дини исломро пайравӣ мекунанд, лекин ин дин аз ҷониби давлат ҳамчун дини асосӣ ё расмӣ эътироф намешавад. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд ва ҳуқуқи ба кори давлат дахолат карданро надоранд. Тамоми муносибатҳои вобаста ба ташкилотҳои диниро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳоди- яҳои дин” ба танзим медарорад.
Тоҷикистон давлати ягона мебошад. Маънои ягона будани Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки мақомоти олии намояндагӣ, иҷроия ва судии барои тамоми кишвар умумӣ дорад, як Конститусия, як низоми қонунгузорӣ ва шаҳрвандии ягона дорад. Дар Тоҷикистон низоми ягонаи пул, сиёсати ягонаи қарз ва андоз ҷорист. Ғайр аз ин, қнсмҳои таркибии давлати ягона (вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) дорои ҳуқуқи соҳибихтиёрӣ буда наметавонанд. Вобаста ба тобеият аз мақомоти марказӣ давлатҳои ягона–мутамарказ ва ғайримутамарказ мешаванд. Тоҷикистон аз ин ҷиҳат давлати мутамаркази ягона аст, зеро сарварони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз марказ таъйин карда мешаванд. Масалан, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президент таъйин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқӣ пешниҳод менамояд. Мувофиқи моддаи 7-уми Конститутсия Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст. Дигар хусусияти давлати ягона аз он иборат аст, ки қувваи мусаллаҳи ягона дорад, ки аз ҷониби мақомоти марказии хокимияти давлатӣ идора карда мешавад.
Дар қисми 3-юми моддаи 1-уми Конститутсия Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эътироф шудааст. Хусусияти иҷтимоӣ доштани давлати Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки сиёсати дохилии он ба фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шахсият нигаронида шудааст. Таъмини некуаҳволии ҷамъият дар асоси адолати иҷтимоӣ–принсипи асосии давлати иҷтимоист. Мафҳуми некуаҳволии ҷамъият дар муҳайё кардани шароит барои кор ва гирифтани музди сазовор барои кор, вазъи хуби манзил ва гизо, ба хама дастрас будани ёрии тиббӣ, маориф, шаклҳои гуногуни иттилоот ва гайра ифода меёбад.
Дигар хусусияти асосҳои сохти конститусионии Тоҷикистон дар гуногун будани равияҳои сиёсӣ ва мафкуравист. Ҳеҷ як мафкура ҳамчун мафкураи ҳукмрон ё мафкураи давлатӣ эътироф шуда наметавонад. Гуногунии мафкуравӣ маънои онро дорад, ки ҳар як шахе, гурӯҳи иҷтимоӣ, ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ метавонад назария ва ақидаҳои сиёсии худро бемонеа таҳия ва инкишоф диҳад, онҳоро тарғибу ташвиқ намояд. Ҳамон мафкурае роҳ дода намешавад, ки миллатгароӣ, нажодпарастӣ, бадбинӣ ва хусумат ва зӯран сарнагун намудани сохти конститутсионии Тоҷикистонро тарғиб намояд.
Намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар Парлумон низ фаъолият мекунанд, онҳоро мардум аз рӯйи ақидаҳои сиёсӣ ва мавқеашон дар ҷомеа вакил интихоб кардаанд. Аз ин рӯ, онҳо ҳуқуқи комил доранд, ки манфиати интихобкунандагони худро ба воситаи ваколатҳое, ки қонун ба онҳо додааст, ҳимоя ва пешбарӣ кунанд.
Ниҳоят, яке аз хусусиятҳои дигари Конститутсия принсипи иқтисоди бозаргонист. Баробарқуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳама шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ (моддаи 12) асоси ин принсипро ташкил медиҳад.
Алҳол Тоҷикистони азиз ва мардуми онро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун халқу давлати таъриху тамаддуни қадимадошта мешиносанд ва соҳибхирадии cокинонашро эътироф менамоянд. Халқи тоҷик бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи асосии худ қарор дода, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро комилан эътироф менамояд.
Дар кишварамон тайи 29 соли охир дигаргуниҳои азим ва бунёдкориҳои бешумор ба вуқуъ пайвастаанд, ки ин ҳама ба шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Тоҷикистони соҳибистиқлоламон дар ин муддат дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст, ки онҳо натиҷаи татбиқи воқеии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз ҷумла, рушди бесобиқаи соҳибкорӣ, бо ин васила воқеъ гардидани бунёдкориҳои азим дар саросари кишварамон аз таъмини пурраи ҳуқуқҳои соҳибкорон ба шумор меравад.
Бояд тазаккур дод, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикисто бо ҷалби ҳамаи неруҳои зеҳнии ҷомеа ва дар заминаи таҷрибаю дастовардҳои инсоният дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва дар айни замон бо дарназардошти манфиатҳои олии миллат ва Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон, инчунин, анъанаҳои қадимаи таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои хосси миллии мо эҷод гардидааст. Ин санади воломақом ҳамчун маҷмуи комили усулҳои ҷомеаи демократӣ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ эътироф шудасту мо эътимод бар он дорем, ки он дар таҳкими шохаҳои асосии ҳокимият ва низоми давлатдорӣ дар оянда низ нақши ниҳоят муҳим хоҳад бозид.
Дар ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки моҳияти давлату давлатдории мост, волоияти қонун асоси ба низом даровардани тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини риояи меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт ва дар маҷмуъ, сарчашмаи амнияти миллату давлат ва пешрафти ҷомеа мебошад. Ҳар шахс бо дарназардошти моддаи 42-юми Конститутсия вазифадор аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон Конститутсия ва дигар қонунҳоро риоя, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Эҳтиром ва риояи қонуният барои ҳама, сарфи назар аз вазифа ва мақоми иҷтимоӣ, аз ҳама муҳим ба шумор меравад.
Иқтидору шаҳомати халқу кишвар, бузургии миллату давлат ва ояндаи халқи тоҷику тоҷикистонӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки Конститутсияи кишвари худро арҷу эҳтиром гузошта, бо давлату миллати худ, бо ҳар зарраи хоки муқаддаси он ифтихор намуда, тамомияти онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Мирзо Ашӯров,
Корманди шоистаи Тоҷикистон,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон