Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27-уми августи соли 2021 конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон яке аз бунёдгузорони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор намуд. Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 ба нақша гирифта шуда, якҷоя бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид. Дар чорабинӣ намояндагони вазорату муассисаҳои марбутаи давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишмандону коршиносон ва рӯзноманигорони  воситаҳои  ахбори  оммаи ватанӣ ва хориҷӣ  ширкат варзиданд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш арзёбии нақш ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис, ташаккул ва рушди СҲШ ва баррасии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар чаҳорчӯби созмони мазкур буд.

Дар  ҳамоиш масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва арзёбӣ  қарор гирифтанд:

  • Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси СҲШ;
  • Ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби СҲШ:
    • ташаббусҳои сиёсӣ;
    • ташаббусҳои амниятӣ;
    • ташаббусҳои иқтисодӣ;
    • ташаббусҳои гуманитарӣ;
  • Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тавсеаи СҲШ;
  • Ташаббус ва саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баррасии масъалаи сулҳу субот дар Афғонистон дар чаҳорчӯби СҲШ;
  • Саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди дипломатияи бисёрсамтаи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СҲШ;
  • Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули имиҷи мусбати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СҲШ;
  • “Дипломатияи Шанхай” ҳамчун дастоварди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ;
  • Нақш ва мақоми СҲШ дар низоми нави байналмилалӣ;
  • СҲШ: 20 соли дастовардҳо ва дурнамои рушди ҳамкориҳо;

–   Нақши СҲШ баррасии масоили мубрами ҷаҳони муосир.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуршед Зиёӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд кард, ки дар давоми ин се даҳсола, ки солҳои ҳифзи истиқлоли воқеӣ, поягузорӣ ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, ташаккули ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, роҳандозии рушди устувори кишвар тавассути ислоҳоти фарогири сиёсиву иҷтимоӣ, эҳёи миллӣ ва фарҳангии халқи тоҷик буданд, ҷумҳурӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ бемайлон сиёсати бисёрсамтаро амалӣ намуд. Дар натиҷаи татбиқи стратегияи санҷидашудаи сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо унвони “сиёсати дарҳои боз” маълум аст, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми сазовори худро пайдо кард. Аз ин дидгоҳ, мусаллам аст, ки ташаккули давлатдории миллии халқи тоҷик ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат робитаи ногусастанӣ доранд. Аз ин рӯ, месазад, ки тавассути баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳурӣ ба фаъолияти пурвусъати байналмилалии ин фарзанди содиқ ва сарсупурдаи миллат бори дигар назар афканем.

Бояд тазаккур дод, ки бо дарки зарурати эҳёи мавқеи шоистаи кишвар дар миқёси байналмилалӣ Президенти кишвар ҳамкории Тоҷикистонро бо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷиҳати пайвастан ба равандҳои глобалии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва изҳори назари ҷумҳурӣ доир  ба онҳо, ба ҳайси яке аз бахшҳои муҳимтарини сиёсати хориҷӣ муайян намуда, худ низ дар ин ҷода саҳми назаррас гузоштанд. Аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо ҳамкорӣ бо СҲШ мебошад, ки Тоҷикистон муносибатҳои шарикиро бо кишварҳои узви он ба роҳ монда, саҳнаи ин созмонро барои арзёбӣ ва пешбурди тасмимҳои байналмилаливу минтақавӣ истифода мебарад.

Имсол 20-солагии таъсисёбии СҲШ таҷлил карда мешавад. Муҳим будани таҷлили бистсолагии созмон аз он хотир аст, ки Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат яке аз муассисони ин созмони бонуфузи минтақавию байналмилалӣ буда, дар ташаккул ва рушди он саҳми бевосита дорад ва  тайи бист сол барои рушду тавсеаи он кӯшишу талошҳои зиёд   ба харҷ додааст.

Роҳбари давлат ҳанӯз аз оғози таъсисёбии СҲШ дар муносибатҳои Тоҷикистон бо ин созмон чанд самтеро ҳамчун омили афзалиятнок мушаххас кард, ки яке аз онҳо соҳаи амнияти минтақавӣ буда, дар он мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм ва қочоқи маводи мухаддир аҳамияти хос дорад. Зеро ба хубӣ дарк менамуданд, ки Тоҷикистон низ ҳамчун як бахши ҷомеаи ҷаҳонӣ аз фишори чунин хатару ситезаҳои глобалӣ берун набуда, бо қисме аз онҳо, аз қабили ҷинояткории фаромиллӣ ва мушкилоти экологӣ аз солҳои нахустини соҳибистиқлолии худ дар ҳоли бархӯрд қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷумҳурӣ наметавонист аз тамоюлҳои инкишофи ҷаҳонӣ ва ҳалли масъалаҳои муассири он барканор бошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти ин дар чаҳорчӯби СҲШ мекӯшаданд, ки ин созмони бонуфуз тавассути ҳамкориҳои бисёрҷониба дар равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳони имрӯза нақши назаррас дошта бошад, то ба ин васила ҳалли масъалаҳои амниятӣ, иҷтимоию иқтисодии минтақа бо маҷмӯи чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳанг гардад.

Дар ин росто бо сарварии Пешвои  муаззами миллат Тоҷикистон ташаббусҳои гуногуни байналмилалиро дар ҷодаи таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди терроризму ҷинояткории фаромиллӣ, ҳалли масъалаҳои глобалии иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ ҳамаҷониба ва пайгирона дастгирӣ намуда, худ низ ҳамчун ҳаммуаллиф ва муаллифи силсилаи ташаббусҳо дар доираи созмонҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ баромад менамояд. Дар ин радиф ташаббусҳои байналмилалии Президенти ҷумҳурӣ доир ба ҳалли силсилаи масъалаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва экологӣ дар СҲШ ва ҳамоишҳои дигари созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавқеи хоссаро ишғол менамоянд. Ин иқдомҳо ҷиҳати ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаҳои мубрамтарини ҷаҳони муосир–хавфу ситезаҳои афзоишёбандаи терроризми байналмилалӣ, вусъати гардиши маводи мухаддир, норасоии оби тоза ва дигар мушкилиҳое, ки дар иртибот ба он эҷод шудаанд, ба яке аз самтҳои муҳим ва самараноки фаъолияти Пешвои миллат табдил ёфтаанд.

Ҳамкориҳои муштарак ва пайваста андешидани тадбирҳои мушаххас дар мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, самти дигари сиёсати бунёдии Пешвои миллат дар ҳошияи СҲШ мебошад. Зикри ин нукта муҳим аст, ки моҳи августи соли 2008 Сарвари кишвар дар Саммити душанбегии СҲШ пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Агентии назди Президенти Тоҷикистон оид ба назорати маводи мухаддир Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ, инчунин, Маркази таълимии махсусгардонидашудаи тайёр намудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ташкил карда шаванд. Мо итминон дорем, ки ин ташаббуси созанда низ дастгири ҳамаҷониба пайдо хоҳад намуд ва саҳми Пешвои миллатро дар мубориза бо ин зуҳуроти давр дигарбора собит хоҳад кард.

Самти дигари таваҷҷуҳи Пешвои миллат дар ҳошияии СҲШ ин масъалаи буҳрони Афғонистон буда, таъкидҳои пайдарпайи Сарварамон кӯшишҳои муштаракро доир ба мусоидат ба вазъи ин кишвар бамаротиб боло бурд ва СҲШ-ро ба яке аз неруҳои меҳварии барқарорсозии субот дар ин кишвар мубаддал сохт. Миёни кӯшишҳои Роҳбари давлат ташаббусҳо доир ба роҳҳои ҳалли буҳрони Афғонистонро метавон зикр намуд. Пешвои миллат пайваста дар чаҳорчӯби СҲШ роҷеъ ба қазияи Афғонистон масъалагузорӣ намуда, таваҷҷуҳи сарони давлатҳои узвро ба вазъи кишвари ҳамсоя ва дарёфти роҳҳои ҳалли он ҷалб менамоянд. Яке аз пешниҳодҳои роҳбари давлат вобаста ба ин масъала аз ҷониби сарони давлатҳо дастгирӣ ёфт ва соли 2005 Гурӯҳи тамоси “СҲШ–Афғонистон” таъсис дода шуд. Президенти кишвар бо ҳар роҳ кӯшиш намуданд, ки ба фаъолияти пурсамари Гурӯҳи Тамос бо СҲШ ва Афғонистон саҳм гузоранд.

Дар бораи нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди СҲШ сухан гуфта, бояд таъкид намуд, ки Пешвои муаззами миллат ҳанӯз дар ҷаласаи Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия санаи 7 июни соли 2002 иброз дошта буданд, ки ин созмон меросбари механизми муколамаи ҳамаҷониба мебошад, ки бо номи “Панҷгонаи Шанхай” машҳур аст. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат таъкид сохтанд, ки “Барои мо боиси фараҳмандист, ки ѓояи умумии тавсеаи ҳайати “Панҷгонаи Шанхай” ва таҳаввули он ба созмони байналмилалӣ бори аввал дар Саммит дар шаҳри Душанбе моҳи июли соли 2000 аз таҷрибаи амалӣ гузашт”. Ба ибораи дигар, СҲШ роҳи амалии худро аз пойтахти кишвари мо бо иқдоми шахсии Пешвои муаззами миллат оѓоз намуд.

Дар баробари ин, Пешвои муаззами миллат борҳо дурустии роҳи интихобкардаи “Панҷгонаи Шанхай”-ро ҳанӯз аз солҳои нахустини фаъолияти он таъкид намуда, қайд кардаанд, ки тасмими Сарони давлатҳо дар бораи таъсиси созмон санаи 15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин қарори ниҳоят саривақтӣ буда, ҷавобгӯйи тамоюлҳои таҳаввули вазъ дар минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, Пешвои миллат ба ояндаи ин созмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии он хушбинона назар мекарданд. Ба ин маънӣ ҳанӯз дар  суханронияшон дар ҷаласаи Сарони давлатҳои СҲШ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия санаи 28 июни соли 2003 чунин таъкид намуда буданд: “Моро корҳои зиёде барои истиқрори СҲШ ҳамчун абзори муассири таъмини сулҳу амният дар ҳудуде, ки дар он қариб чоряки аҳолии сайёра зиндагӣ мекунад, дар пеш аст. Мо боварии комил дорем, ки давлатҳои узви СҲШ сарбаландона ин вазифаро ба иҷро мерасонанд.

Пешвои муаззами миллат ба ояндаи ин созмони бонуфуз низ эътимоди комил доранд. Аз ҷумла, дар  суханронии Пешвои миллат дар ҷаласаи Сарони давлатҳои узви СҲШ, ки санаи 10 ноябри соли 2020 дар шакли конфронси маҷозӣ баргузор гардид, зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду тавсеаи минбаъдаи созмон низ ягон чизеро дареѓ намедорад: Мо барои тавсеаи робитаҳои байниҳамдигарӣ бо давлатҳои мушоҳид ва шарикони муколама, фаъолгардонии ҳамкориҳои амалӣ бо созмонҳои ҳамшарики минтақавӣ аз рӯйи вазифаҳои шабеҳ мусоидат хоҳем кард. Ҳамаи саъю кӯшиши заруриро барои тақвияти заминаҳои созишномавию ҳуқуқии ҳамкориҳо дар доираи СҲШ сарф хоҳем кард, – зикр кард зимни суханронии худ Хуршед Зиёӣ.

Сипас мушовири калони Бахши Ёрдамчии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, собиқ Котиби генералии СҲШ (солҳои 2016–2018) Рашид Олимов, ректори Академияи идорикунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода суханронии табрикӣ намуданд.

Баъдан дар бахши аввали ҳамоиш таҳти унвони “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳаввули СҲШ”  муовини  директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммад дар мавзӯи “Тоҷикистон ва СҲШ: 20 соли дастовардҳо ва дурнамои ҳамкориҳо”, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода дар мавзӯи “Сиёсати ҷавонон ва равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ“, ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода дар мавзӯи “Дастовардҳо ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон дар доираи СҲШ”, мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти  фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовиддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Саидумар Раҷабов  дар мавзӯи “СҲШ  ва нақши он  дар истиқрори сулҳ, амнияти минтақавӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ“, директори Маркази  пажӯҳишҳои геополитикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Гузел Майтдинова дар мавзӯи “Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди  дипломатияи бисёрсамта дар чаҳорчӯби СҲШ”, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ниёзбадал Мирзоев дар мавзӯи “Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – меъмори СҲШ”,  сардори Раёсати робитаҳои берунии Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи  “Баъзе масъалаҳо ва дурнамаи тавсеаи сиёсӣ, ҷуғрофӣ ва таъйинотии СҲШ ҳамчун ташкилоти байналмилалӣ“, директори Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Бобозода дар мавзӯи “Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо шарикони стратегӣ дар чаҳорчӯбаи СҲШ” суханронӣ намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни маърӯзаҳо фикру андешаҳои муфид иброз намуданд.

Дар бахши дуюми ҳамоиш таҳти унвони “Тоҷикистон ва СҲШ: 20 соли дастовардҳо ва дурнамои ҳамкориҳо” муовини директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Раҷабова дар мавзӯи “Маркази дӯстӣ ва ҳамкорӣ СҲШ дар Тоҷикистон ҳамчун набзи нав дар рушди ҳамкориҳои минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дотсенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ, декани факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Холмаҳмад Самиев дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон ва дурнамои рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ дар чаҳорчӯбаи СҲШ”, ходими пешбари илмии Шуъбаи Осиёи Марказии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдулғанӣ Мамадазимов дар мавзӯи “”Сиёсати шарқӣ“-и  Пешвои миллати Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон”, ходими калони илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Пажӯҳишгоҳи  фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовиддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фаридун Юсуфҷонов дар мавзӯи “Саҳти Тоҷикистон дар таъсис ва тавсеаи СҲШ”, прокурори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёмаҳмад Алиев дар мавзӯи Ҳамкориҳои байналмилалии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви СҲШ”, сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултаи №2-и Академияи Вазорати корҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент, полковники милитсия Саъдӣ Муҳаммад дар мавзӯиҲамкориҳои СҲШ бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти амну суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, сардори Шуъбаи кишварҳои Осиёи Раёсати ҳамкориҳои ҳарбии байналмилалии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидиён Насриддин Табарӣ дар мавзӯи “Нақши СҲШ дар таъмини амнияти минтақавӣ“, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Самандар Абдуллозода дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон яке аз лидерони танзимкунандаи ташаббусҳои СҲШ” ва дигарон суханронӣ намуданд. Баъдан ҳозирин пиромуни маърӯзаҳои мазкур фикру андешаҳои арзишманд ва муҳим  иброз намуданд.

Дар бахши сеюми ҳамоиш таҳти унвони  “Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тавсеаи ҳамкориҳои соҳавӣ дар чаҳорчӯби  СҲШ” сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода дар мавзӯи “Вазъ ва дурнамои иштироки Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ташаккули фазои ягонаи  таҳсилоти СҲШ”, сардори Сарраёсати сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии кумаки берунаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Нуруллозода дар мавзӯи “Платформаи СҲШ ҳамчун механизми ҳамкорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ“, сардори Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухрӯз Иззатуллозода дар мавзӯи “Ташаббусҳои наҷиб ва саривақтӣ дар соҳаи сайёҳӣ“, сардори Раёсати рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҷавоҳир Акобирова  дар мавзӯи “Асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини баробарии гендерӣ дар чаҳорчӯби СҲШ”, устоди кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ғафур Расулов  дар мавзӯи Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Чин дар доираи СҲШ”, ходими пешбари илмии Шуъбаи Осиёи Марказии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадамин Оймаҳмадов дар мавзӯи “Марҳалаҳои  таъсис ва тавсеаи  СҲШ”,  мудири шуъбаи ҳифзи меҳнати муассисаи давлатии Муассисаи давлатии   “Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Савлатшо Хоркашов дар мавзӯи “СҲШ: ташаббусҳои Пешвои миллат тақвиятбахши раванди муколамаи иҷтимоӣ ва дигарон суханронӣ намуданд.

Конфронси илмиву назариявиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои иштироки фаъолона ва ибрози андешаҳои судманд изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.


                                                                                 Хадамоти  матбуотии  Марказ тадқиқоти стратегии  назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед