Рӯзи 8 октябри соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ   дар мавзӯи “Татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави ҷаҳонӣ: дурнамо ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави мутобиқгардонии он ба низоми байналмилалӣ” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои марбутаи давлатӣ, марказҳову пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, донишмандону коршиносон ва рӯзноманигорони  воситаҳои  ахбори  омма  ширкат варзиданд.Ҳамоишро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Парвиз Муҳаммадзода кушода, баргузории чунин ҳамоишро муҳим арзёбӣ карда,  ба иштирокчиёни нишаст барори кор орзу намуд. Баъдан директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода сухани ифтитоҳӣ ироа намуда, тазаккур дод, ки сиёсати хориҷӣ яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати давлатӣ буда, дар ҳифзу таҳкими давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллии он аҳамияти муҳим дорад. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити дигаргуниҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишвар мушаххас намуда, ҷараёни мутобиқшавии кишварро ба равандҳои ҳамгироӣ, минтақавишавӣ ва ҷаҳонишавӣ мусоидат менамояд. Тавре аз худи матни Консепсия бармеояд: “Ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи худ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии мустақили бисёрсамтиро, ки ба талаботи манфиатҳои олии давлативу миллӣ ҷавобгӯ буда, ҳадафи ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судмандро бо кишварҳои гуногуни олам пайгирӣ мекунад ва ба эҳтироми бечунучарои ҳуқуқи байналмилалӣ асос ёфтааст, татбиқ менамояд”.

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28 соли Истиқлолияти давлатӣ давраҳои асосии ташаккули худро аз сар гузаронида, марҳала ба марҳала ба як мактаби усулманд, суфта ва коркардшудаи сиёсӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, имрӯз метавон дар бораи таҷрибаи амалии татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як мактаби ташаккулёфта суҳбат намуд.

Меҳвари асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати “дарҳои боз” ташкил медиҳад, ки ин мафҳум пайваста ҳам дар Консепсияи сиёсати хориҷӣ ва ҳам дар Паёмҳо ва суханрониҳои барномавии бунёдгузори сиёсати хориҷии кишвар, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод шудааст. Сиёсати «дарҳои боз» дар давоми Истиқлолияти давлатӣ воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро борҳо нишон дод. Махсусан, тавассути амалинамоии пайгиронаи ин сиёсат доираи шарикони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ афзоиш ёфта, дар таъмини фаъолияти фарогир ва пурсамари Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ  ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Бо вуҷуди ин, равандҳои ҷаҳони муосир ва таҳаввули низоми байналмилалӣ хусусияти нав ба худ касб намуда, таҳдиду хатарҳои ҷиддиро ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар эҷод менамоянд. Дар манзараи геополитикии сайёра воқеиятҳои нави сиёсиву иқтисодӣ ба вуқӯъ омаданд, ки боиси дигаргуншавии низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар 10–15 соли оянда хоҳанд гашт. Вобаста ба ин, зарур меояд, ки бо дарназардошти ин омилҳо бознигарӣ ва коркарди роҳҳои нави мутобиқгардонии сиёсати хориҷии кишварро ба ин равандҳо анҷом диҳем.

Ҳадафи асосии чорабинии имрӯза низ баррасии вазъи кунунии сиёсати хориҷӣ ва дурнамои рушд дар чаҳорчӯби Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Боварии комил дорам, ки иштирокчиёни муҳтарами ҳамоиш вобаста ба он дидгоҳҳо ва хулосаву пешниҳодҳои мушаххаси худро ироа менамоянд.

Сипас котиби якуми Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Назаров дар мавзӯи “Ҷанбаҳо ва дурнамои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар мавзӯи  “Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи “Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷаҳони ислом: аз эҳсос то амалгароӣ”, директори Пажӯҳишгоҳи  омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмаҳмад Ниёзов дар мавзӯи “Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил ҳамчун созмони ҳамгироии минтақавӣ дар татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”,   дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Саидбег Саидов  дар мавзӯи “Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянкунадаи рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ”, дотсенти кафедраи фанҳои иҷтимоию гуманитарии Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе  Глеб Василевич Коваленко дар мавзӯи “Таҳлили муқоисавии Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон: солҳои 2002–2015”,  ассисенти кафедраи минтақашиносии хориҷиии муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон Сайҳомид Шарипов дар мавзӯи “Дипломатияи фарҳангӣ ва гуманитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо” маърӯзаҳои илмӣ карданд.Иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни суханрониҳои ироашуда озодона фикру андешаҳои худро баён намуданд. Маърӯзачиён ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.

Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода  натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Нишасти илмиву амалӣ дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

  Хадамоти  матбуотии  Маркази

тадқиқоти  стратегии   назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед