Рӯзи 12  майи соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмиву амалӣ дар мавзуи “Рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳали онҳо” баргузор гардид. Ҳадафи баргузории конфронс таҳлилу арзёбии вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар кишвар буд.

Дар ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ,  олимони муассисаҳои илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ, соҳибкорону намояндагони бахши хусусӣ ва рӯзноманигорони васоити ахбори омма  ширкат варзиданд.

Самтҳои асосии илмии конфронс иборат буданд аз:

–таҳлили фазои соҳибкорӣ дар кишвар ва дарёфти роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани он;

–арзёбии масъалаҳои рушди соҳибкории истеҳсолӣ аз рӯйи соҳаҳо; низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсири онҳо ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ;

–имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзёбии онҳо;

–арзёбии сатҳи бархӯрдории соҳибкорон аз имтиёзу сабукиҳои ҷойдошта;

–қарзҳои имтиёзнок ва дастрасии онҳо ба соҳибкорони истеҳсолӣ; вазъ ва масъалаҳои содироти маҳсулоти аз ҷониби соҳибкорон истеҳсолгардида;

–монеаҳои маъмурию сунъӣ ва дигар маҳдудиятҳо дар таъмини рушди соҳибкории истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

–дигар масъалаҳои марбут ба соҳа.

         Ҳамоишро  бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви АМИТ Хайриддин Усмонзода  ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки  соҳибкории истеҳсолӣ бо дарназардошти нақши муҳим доштанаш дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ғанӣ гардонидани  буҷети давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар муайян гардидааст. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бахши хусусӣ, соҳибкории истеҳсолӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки то соли 2030 як қатор нишондиҳандаҳои мақсаднок бо такя ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ, муайян карда шудаанд, ки дар заминаи он беш аз 3 баробар афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, тавсеаи диверсификатсияи иқтисодиёти миллӣ, беш аз ду баробар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва то 50 дарсад баланд бардоштани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар назар дошта шудааст.

Имрӯз бо мақсади расидан ба авлавиятҳои мазкур як зумра имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд. Дар маҷмуъ, алҳол барои фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории истеҳсолӣ, қариб 110 номгӯйи имтиёзҳо пешбинӣ шуда, субъектҳои соҳибкориро зарур аст, ки аз имтиёз ва сабукиҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ самаранок истифода баранд.

Тибқи маълумоти Агентии омор,  тариқи  “Равзанаи ягона” ба ҳолати 1-уми январи соли 2023 дар мамлакат 340 ҳазор субъекти хоҷагидор фаъолият менамоянд, ки ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022-юм 1300 адад зиёд мебошад. Ҳоло рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар таъмини иқтисоди миллӣ нақши бориз дорад. Вале дар ин самт то кунун барномаи мушаххаси ягона ба ғайр аз “Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026” вуҷуд надорад. Бинобар ин, вазорату идораҳои соҳавӣ бояд барои ба таври алоҳида дар таҳия ва қабул намудани «Барнома ё Стратегияи махсуси рушди соҳибкории истеҳсолӣ то соли 2030»  саҳмгузор бошанд.

Тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкорӣ айни замон бештар шуда истодаанд, ки  кам намудани санҷишҳо;   дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ барои гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳои ахиран андешида дар ин самтанд. Бо мақсади иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ лоиҳаи Қонун “Дар бораи низоми иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати муттаҳиднамоии муносибатҳои иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ дар доираи як санад ва то 60 дасад кам кардани номгӯйи ҳуҷҷатҳои дахлдор таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумат маъқул дониста шудааст. Ин тадбир расмиёти ягонаи иҷозату иҷозатномадиҳиро танзим намуда, дастрасии субъектҳои соҳибкориро барои гирифтани санадҳои иҷозатдиҳӣ сода мегардонад. Инчунин, дар натиҷаи татбиқи ислоҳот дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор шумораи мақомоти санҷишӣ аз 27 ба 23 адад расонида мешавад.  Инчунин, ташкил намудани Махзани ягона  доир ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунии ин раванд дар назар дошта шудааст. Мақсади ташкили Махзани  мазкур автоматикунонии ҷараёни ҳамоҳангсозии баргузории санҷишҳо байни мақомоти санҷишӣ; банақшагирӣ, пешгирии такроршавӣ ва вайронкунии муҳлати гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя иборат аст.

Ҳоло барои субъектҳои соҳибкорӣ дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ молиявӣ, хусусан қарзҳои имтиёзнок, одатан ягона роҳи рушди инкишофи фаъолияти онҳо мебошад. Бо вуҷуди мунтазам зиёд гардида ҳаҷми қарздиҳӣ  меъёри фоизи бозпардохти он ҳанӯз баланд буда, ҳамчун масъалаи ҳалтаб боқӣ мемонад. Сатҳи даромаднокӣ ба соҳибкор имкон намедиҳад, ки чунин меъёрро пардохт намояд ва боз даромади устувор ба даст орад. Илова бар ин, чунин вазъ ба соҳибкорони истеҳсолӣ имкон намедиҳад, ки ашёи хоми заруриро ба таври кофӣ захира намуда, дар ин замина иқтидорҳои истеҳсолиии худро пурра истифода баранд.

Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ Қонун “Дар бораи савдои электронӣ”, лоиҳаи барномаҳои “Рушди соҳибкории бонувон барои давраи то соли 2030” ва “Рушди тиҷорати электронӣ”-ро таҳия намудааст, ки барои рушди минбаъдаи соҳибкории истеҳсолӣ мусоидат хоҳанд кард.

Аммо, гарчанде дар самти ташкили фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюлҳои мусбат мушоҳида гардад, ҳам вале сифати рушди он бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи иқтисодиёти ҷаҳон ва рақобати байналмилалӣ ҳануз ҳам ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй нест. Бинобар ин, вазъи бамаломада моро водор месозад, ки ин бахши муҳимми иқтисодиётро пайваста мавриди омӯзиш ва таҳлилу арзёбӣ қарор диҳем.

Сипас дар назди ҳозирин сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амин Одинаев дар мавзуи “Масъалаҳои рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар кишвар: дастовард ва мушкилот”, сардори идораи таҳлили бонкҳои Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон Суҳайлӣ Абдуваҳҳобов дар мавзуи “Дастгирии рушди соҳибкорӣ дар низоми бонкӣ”, сардори Раёсати танзими қонунгузории андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозирҷон Назирзода дар мавзуи “Кодекси андоз дар таҳрири нав ҳамчун механизми дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ”, сардори Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитан Зафари С. дар мавзуи “Нақши содагардонидани раванди барасмиятдарории гумрукӣ ва имтиёзҳои пешниҳодшуда дар рушди соҳибкории кишвар”, сардори Идораи рушди Корхонаи ,воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодирбонк” Бахтиёр Абдуллозода дар мавзуи “Ҳадафи мо–рушди фаъолияти соҳибкорӣ”, ходими пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Баҳодур Маҳкамов дар мавзуи “Саноати Тоҷикистон: вазъи муосир ва дурнамои рушд” суханронӣ карданд ва ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Баъдан иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни суханрониҳо фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.

Конфронси илмию амалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ  карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуда, изҳори умед кард, ки  нишасти илмию амалии мазкур барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои соҳибкории истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти  матбуотии
Маркази  тадқиқоти  стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед