Рӯзи 14 декабри соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмиву амалӣ дар мавзуи “Нақши Паёми Пешвои миллат дар таъмини рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ” баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш кормандони Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ бо дарназардошти нақши муҳим доштанашон дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар муайян гардидааст. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаи худ ба рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорию сармоягузориро дар санадҳои муҳимми стратегии мамлакат, аз ҷумла, “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” яке аз воситаҳои асосии таъмини ҳадафҳои гузошташуда муайян намудааст, ки тибқи сарчашмаҳои маблағгузории амалисозии онҳо ба бахши хусусӣ 54,7 млрд. доллари амрикоӣ ё 46,3 дарсади маблағҳои пешбинишуда рост меоянд, ки ин далели возеҳу равшани аҳаммияти бахши хусусӣ барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад.

Ҳамин тавр, ҳоло дар назди кишвари мо доир ба истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва тавсеаи имкониятҳои шуғли босамари аҳолӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бар пояи рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ вазифаҳои асосӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, то соли 2030 як қатор нишондиҳандаҳои мақсаднок бо такя ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ муайян карда шудаанд, ки дар заминаи он беш аз 3 баробар афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, тавсеаи диверсификатсияи иқтисодиёти миллӣ, беш аз ду баробар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва то 50 дарсад баланд бардоштани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар назардошта шудааст.

Ба андешаи мо, чунин вазифагузорӣ тақозо менамояд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла, тавассути такмили низоми дастгирии бахши хусусию соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ диққати аввалиндараҷа, зоҳир карда шавад.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба авлавиятҳои мазкур як зумра имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд. Дар маҷмуъ, алҳол барои фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории истеҳсолӣ, қариб 110 номгӯйи имтиёзҳо пешбинӣ шуда, субъектҳои соҳибкориро зарур аст, ки имтиёзҳо ва сабукиҳои пешбининамудаи қонунгузориро самаранок истифода баранд ва низоми пардохти андозро пурра риоя намоянд.

Аммо гарчанде дар самти ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ тамоюлҳои мусбат мушоҳида гардад, ҳам вале сифати рушди он бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи иқтисодиёти ҷаҳон ва рақобати байналмилалӣ ҳануз ҳам ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, вазъи бамаломада моро водор месозад, ки ин бахши муҳимми иқтисодиётро пайваста мавриди омӯзиш, таҳлилу барассӣ қарор диҳем.

Аз ин лиҳоз, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳлилу арзёбии фазои соҳибкорӣ дар кишвар тасмим гирифт, ки конфронси илмию амалӣ дар мавзуи “Нақши Паёми Пешвои миллат дар таъмини рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ” баргузор намояд. Аз натиҷаҳои кори ҳамоиш як гузориши таҳлилӣ таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.

Сипас дар назди ҳозирин сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии МТС–и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амин Одинаев дар мавзуи “Таҳлилу арзёбии вазифаю дастовардҳои рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва бахши хусусӣ аз Паём то Паём», сардори Раёсати таъминоти иттилоотии МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар мавзуи “Нақши Паёми Пешвои миллат дар рушди маориф ва тандурустӣ дар мисоли бахши хусусӣ”, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомназари Каримиён дар мавзуи «Мавқеи соҳаи саноат дар меҳвари Паёми Пешвои миллат», доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Ихтиёр Ашӯров дар мавзуи “Масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар партави Паёми Пешвои миллат”, иҷрокунадаи вазифаи муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамҷони Қузратзода дар мавзуи “Арзёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат», муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии МТС–и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аниса Содиқова дар мавзуи «Рушди соҳибкории занон–омили пешрафти иқтисодиёт» суханронӣ карданд ва ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Баъдан иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни суханрониҳо фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.

Конфронси илмию амалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуда, изҳори умед намуд, ки нишасти илмии мазкур барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

 

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед