Рӯзи 31 октябри соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири онҳо ба таъмини рушди устувори кишварҳо» баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои марбута, донишмандону коршиносон ва рӯзноманигорони расонаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Конфронси илмию амалиро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва дар бораи масъалаҳои муҳимми муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири онҳо ба таъмини рушди устувори кишварҳо иброз назар намуд. Ӯ қайд кард, ки дар ҳамоиши имрӯза чунин масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор мегиранд.

–ташкил ва идораи самараноки раванди муҳоҷирати корӣ ба хориҷа;

–сабаб ва оқибатҳои муҳоҷирати корӣ;

–ҳамкории кишварҳо доир ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ;

–аҳаммияти раванди муҳоҷират ба кишвари қабулкунанда ва муҳоҷирфиристанда;

–вазъи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муҳоҷирони корӣ дар кишварҳои қабулкунанда;

–инъикоси масъалаҳои муҳоҷирати корӣ дар васоити ахбори омма (ВАО);

–таъсири муҳоҷирати корӣ ба ҷомеа: ҷавонон, оилаҳои ҷавон, насли наврас, тандурустӣ ва таҳсилот;

–таъсири муҳоҷирати корӣ ба раванди демографии кишвар: хатарҳо ва оқибатҳо;

–таҷрибаи ҷаҳонии батанзимдарории раванди муҳоҷират;

–мақоми диаспораҳо дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷири корӣ.

Ҳамин тавр, конфронси илмию амалӣ ба кори худ шуруъ намуд. Дар назди ҳозирин сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов дар мавзуи “Муҳоҷирати зеҳнҳо ҷузъи муҳимми амнияти миллӣ ва рушди устувор”, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Таваралӣ Ғаниев дар мавзуи “Муҳоҷирати одамон ва масоили рушди сармояи инсонӣ”, директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, номзади илмҳои сиёсӣ Моёншо Маҳмадбекзода дар мавзуи “Идораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мудири бахши муҳоҷирати аҳолии Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, коршиноси Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Анвар Бобоев дар мавзуи “Аҳаммияти раванди муҳоҷират ба рушди иқтисодии кишварҳои қабулкунанда ва интиқолдиҳандаи муҳоҷирон”, сармутахассиси Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонбегим Абдуллоева дар мавзуи “Муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири он ба ҳаёти иҷтимоиии он” суханронӣ намуданд ва ба саволҳои иштирокчиёни ҳамоиш посухҳои қаноатбахш доданд.

Баъдан пиромуни маърузаҳои ироашуда ибрози назар ва табодули афкори арзишманд сурат гирифт.

Конфронси илмию амалиро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

 Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед