Рӯзи 14 сентябри соли 2020  дар толори маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  конфронси байналмилалии илмию амалӣ  дар мавзӯи “Саҳми сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод, ифтитоҳи саҳифаи нави муносибати шарики стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон  баргузор гардид.   

Дар ҳамоиш намояндагони Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маркази иттилоотию таҳлилии муносибатҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Пажӯҳишгоҳи сейсмологии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишмандону коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи  ватанӣ  ва хориҷӣ  ширкат  варзиданд.  

Конфронси байналмилалиро бо сухани табрикӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмонони ӯзбекистониро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки ба шарофати   сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат  Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  имзои  56 созишнома ва қарордоди  давлатӣ байни ду кишвари ҳамсоя, махсусан, созишномаи ҳамкории стратегӣ ва  кӯшишу талошҳои Сарварони ду давлат барои боз ҳам мустаҳкам гардидани  равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат намуд. Ӯ  таъкид кард, ки робитаҳои ин ду давлати ҳамсоя беш аз пеш густариш пайдо кардаанд, ки дар ин кори хайр Сарварони ҳар ду кишвар саҳми бузург  гузоштанд.

Тоҷикистону Ӯзбекистон аз қадим бо ҳам робитаҳои устувори ҳамсоягӣ  дошта, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбарони кишварҳо ин ҳамкориҳо боз ҳам мустаҳкаму устувор гардиданд. Мардумони тоҷику ӯзбекро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми якдигар  ба ҳам мепайванданд. Дӯстии онҳо аз давраҳои қадим сарчашма мегирад. Омӯзиши таърихи равобити халқҳои тоҷику ӯзбек ҳамеша дар мадди назари таърихшиносону ҷомеашиносони ҳар ду кишвар қарор дорад. Олимони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба робитаҳои байни ду давлат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмиро мавриди баррасӣ ва  арзёбӣ  қарор додаанд.

Баъд аз сафарҳои давлатии сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2018 дар ҳаёти мардумони ин кишварҳо саҳифаҳои навро кушода гардид. Солҳои 2018–2020 дар шаҳрҳои Тошканд, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Кӯлоб, Бохтар, Андиҷон, Хӯқанд, Фарғона, Самарқанд, Бухоро ҳамоишҳои байналмилалӣ бо иштироки олимони ҳар ду давлат баргузор гардиданд, ки дӯстии тоҷику ӯзбекро боз ҳам рушду инкишоф доданд.  Конфронси имрӯза низ марҳалаи нав дар таҳкими ҳамкориҳои илмии ҳар ду давлат мебошад, ки дар шароити пандемияи коронавирус баргузор гардида, масъалаҳои муҳимми илмӣ бо иштироки олимони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҳокима мегарданд.         

Муовини аввали Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Саидов зимни суханронии худ дар боби дӯстию ҳамкорӣ ва рафоқати мардуми тоҷику ӯзбек ҳарф зад. “Дар ҳақиқат, падидаи фараҳбахши бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамгироӣ аст, ки аз ҷумлаи рӯйдодҳои таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардуми ду кишвар мебошад.  Кӯшиш ва талошҳои Сарварони ҷумҳуриҳои  Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар ин замина шоистаи таҳсин ва офарин аст. Ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистону Тоҷикистон, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, таъмини рафтуомади озодонаи мардум аз дастовардҳои муваффақ дар фазои дӯстии ин ду халқи бародар мебошанд. Маҳз иродаи сиёсии Роҳбарони ҳар ду кишвари ҳамсоя буд, ки имрӯз ҳамкориҳо, муҳимтар аз ҳама, дӯстиву рафоқати мардумони мо рӯз то рӯз  таҳким  меёбанд”, –изҳор дошт Акмал Саидов.

Дар идома Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов зимни суханронии табрикии худ дар бораи муносибатҳои кунунии Ӯзбекистону Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки ҷиҳати  рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ба манфиати ду халқ тадбирҳои таъхирнопазир  бояд андешид, ки дар ин бобат ҳамоиши имрӯза заминаи боэътимод мегузорад.

Баъдан бахши пленарии конфронси илмиву амалӣ доир гардид. Дар назди ҳозирин доктори илмҳои фалсафа, профессор, академик Кароматулло Олимов дар мавзӯи “Дӯстии академикҳо А.Баҳоуддинов ва И.Муминов рамзи ҳамкориҳои илмиии файласуфони тоҷику ӯзбек”, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ дар мавзӯи “Муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз замони касби истиқлол”, директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элдор Арипов дар мавзӯи “Ҳамкориҳои стратегӣ байи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон омили калидии таъмини амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, директори Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Шариф Раҳимзода дар мавзӯи “Тамоюлҳои муосири рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон”, доктори илмҳои санъатшиносӣ,  мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аслиддин Низомов дар мавзӯи “Ҳамгироии фарҳангӣ омили таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” суханронӣ намуданд.                   

Тибқи барнома конфронси байналмилалӣ дар чаҳор бахш  сурат гирифт. Дар бахши аввал  таҳти  унвони “Вазъ ва ояндаи рушди робитаҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” муовини директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон дар мавзӯи “Сиёсат ва дидгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар  самти  ҳамгироии минтақавӣ”, директори Маркази иттилоотию таҳлилии муносибатҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дониёр Қурбонов дар мавзӯи  “Умумияти дидгоҳ ва роҳҳалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯбекистон дар соҳаи амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, роҳбари Маркази Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Мустафоев дар мавзӯи “Роҳҳал ва кӯшишҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бобати ҳалли мусолиматомези вазъ дар Афғонистон: самтҳои дурнамои ҳамкориҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон”, мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи “Рушди муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон тайи панҷ соли охир ва аҳаммияти онҳо барои минтақа”, директори Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ  Ф.Т. Бобозода дар мавзӯи “Ҳамкориҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷаҳони муосир”, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Ҷ.Л. Латифов дар мавзӯи “Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон”, сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Хуршед Додихудоев дар мавзӯи “Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳалли мусолиматомези буҳрони Афғонистон”,  сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Холиқов дар мавзӯи “Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар дар чаҳорчӯби созмонҳои  байналмилалӣ ва минтақавӣ”, мудири шуъбаи таърихи навини Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих А.М.Ғафуров дар мавзӯи “Муносибатҳои тарафайни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар замони истиқлол”,  ходими илмии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоуддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.М. Юсуфҷонов  дар мавзӯи  “Марҳалаи нави рушд ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” маърӯзаҳои илмӣ намуданд. Сипас ҳозирин пиромуни суханрониҳои ироашуда фикру андешаҳои арзишманд ва муҳим баён карданд.

Кори бахшро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва изҳори умед намуд, ки минбаъд низ робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ  ва илмиву адабии халқҳои тоҷику ӯзбек беш аз пеш  густариш меёбанд. 

Олимони ҳар ду кишвар инчунин, дар дигар бахшҳои конфронси байналмилалӣ  вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои иқтисодӣ, илмию технологӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро мавриди муҳокима ва арзёбӣ қарор доданд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.      

   Хадамоти матбуотии Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед