Рӯзи  28 декабри  соли 2021  дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳадафҳо ва натиҷагирии онҳо” баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, донишмандони соҳаи иқтисодиёту ҷомеашиносӣ, коршиносон ва рӯзноманигорони  расонаҳои ахбори оммаи ватанӣ  ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ  ифтитоҳ намуда, ҳозиринро  хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021-умро барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – 30-солагии Истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон шинохта, иброз намуданд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст. Дар натиҷа, аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, мо барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонидем.

Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 дарсад таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии  соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт. Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш ёфт.

Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон “Солҳои рушди саноат” эълон карда шавад. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 дарсад расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 дарсад коҳиш дода шавад.

Ҳамчунин, дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он–деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд. Бо амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем.

Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 дарсади инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид. Дар ин давра мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем. Дар натиҷа соли 2011 дар таърихи навини Тоҷикистон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва устувории фаъолияти соҳа таъмин гардид.

Дар бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шуд. Танҳо барои рушди соҳаи саноати кишвар беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳо лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ба маблағи 91 миллиард сомонӣ татбиқ намуд. Ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид. Дар сӣ соли истиқлоли давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд Ҳамчунин, дар ин давра 2723 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 1546 иншоот ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлат бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Тайи солњои соњибистиќлолї дар иќтисоди Љумњурии Тољикистон тањав­вулоти љид­дї ба амал омада бошад њам, иќтисодиёт њанўз бо  мушкилоти зиёди њалнашу­да, аќибмо­нии техникии истењсолот, сатњи пасти идоракунии равандњои инноват­сионї, самара­но­кии пасти истењсолот, раќобатпазир набудани мањсулоти истењ­сол­шуда, харољоти бисёр ва ѓайра рў ба рў аст.

Њадафи конфронси имрўза арзёбии вазъи кунунї ва корбурди тавсияњои амалї доир ба рушди иќтисодиёти Љумњурии Тољикистон мебошад. Боварии комил дорем, ки олимону мутахассисони дар ин конфронс ширкатдошта  равандњои гуногуни рушди иқтисодиёти кишварамонро пурра тањлилу тањќиќ намуда, дар љамъбасти конфронс тавсияњои муфид пешнињод менамоянд.

Ҳамин  тавр,  ҳамоиш таҳти раёсати муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Имомназар Каримиён ба кори худ шурӯъ намуд. Дар назди ҳозирин  академик, профессор, директори Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Ҷалил Пиризода дар мавзӯи “Самтҳои стратегии рушди соҳаи кишоварзӣ дар доираи ҳадафҳои миёнамуҳлат”, номзади илмҳои иқтисодӣ, директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ Саид Ғоибназарзода дар мавзӯи “Натиҷаҳои инфрасохтори рушди минтақаҳои кишвар дар доираи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016–2020”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, коршиноси Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ихтиёр Ашӯров дар мавзӯи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳадафҳо ва иҷрои онҳо”, сардори Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Файзуллозода дар мавзӯи “Иҷрои барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2020”, муовини сардори  Раёсати банақшагирӣ ва  арзёбии барномаҳои рушди маҳали  Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Заиров дар мавзӯи “Мушкилот ва пешниҳодҳо вобаста ба таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо”, сардори шуъбаи сиёсати аграрӣ ва дастгирии бахши хусусии Раёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Л. Раҳимов дар мавзӯи “Масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016–2020,  сардори Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухрӯз Изатуллозода дар мавзӯи “Дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ дар давраи миёнамуҳлати рушд“, муовини сардори Раёсати назорати фитосанитарӣ ва карантини рустании Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Қодиров дар мавзӯи “Дастовардҳои бехатарии озуқаворӣ ва мубориза бар зидди организмҳои заррарасони карантинӣ” маърӯза карданд.

Сипас пиромуни  суханрониҳо дар фазои озод мубодилаи афкор ва изҳори назар сурат гирифт. Ҳозирин пиромуни маърӯзаҳо фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.

Конфронси илмию амалиро  гардонандаи ҳамоиш, муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомназар Каримиён  натиҷагирӣ ва ҷамъбаст  карда, изҳори умед намуд, ки  ин нишасти илмӣ барои дар амал татбиқ гардидани ҳадафҳои барномаи миёнамуҳлати  Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед