Санаи 10 ноябри соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмиву амалӣ таҳти унвони “Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ” баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, олимону коршиносони варзида ва рӯзноманигорони васоити ахбори оммаи ватанӣ ширкат намуданд. Дар ҳамоиш маҷмуи масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифт:

–Манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллии тоҷикон; таҳдиду хатарҳои воқеӣ ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; вазъи кунунии ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар; нақши созмонҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳимояи манфиатҳои миллӣ; саҳми ВАО дар ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; татбиқи манфиатҳои миллӣ дар шароити муосир.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ дар бораи муҳиммияти мавзуи “Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдорӣ” ибрози назар намуда, пиромуни манфиатҳои бақодорӣ ва ҳаётан муҳим, инчунин, таҳдидҳо ба манфиатҳои миллиро шарҳ дод. Илова бар ин, ӯ қайд намуд, ки дарки манфиатҳои миллӣ, як тарафи масъала ва бо дарназардошти таҳаввулоти бавуҷудомада бо таъсири раванди ҷаҳонишавӣ, таъмини онҳо дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ, тарафи дигари масъала мебошад. Чунончи, тамоюлот ва равандҳое, ки дар заминаи ҷаҳонишавӣ ба амал меоянд, дар баробари мусоидат ба муносибатҳои наздики халқу кишварҳо ва ташаккули низоми фарогири робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ миёни онҳо, ҳамзамон, пайомадҳои номатлуберо низ, аз қабили амиқтар шудани фарқи байни кишварҳои пешрафта ва ақибмонда, шиддат гирифтани фишор ва арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ва ғайраҳоро дар пай дорад.

Бино ба таъкиди Парвиз Муҳаммадзода, дастёбӣ ба манфиатҳои миллӣ, ки фаҳмиши илмии онҳо гуногун буда, дар ҳар як марҳалаи таърихӣ тағйир меёбанд ва барои дилхоҳ кишвар муҳим арзёбӣ мегарданд. “Агар манфиатҳои миллӣ маҷмуи эҳтиёҷоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар эҳтиёҷоти кишварҳо, ки аз амалишавии онҳо қобилияти давлат дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, арзишҳои ҷамъият ва ниҳодҳои асосии давлатдорӣ бошад, пас онҳо марҳала ба марҳала тағйирпазир мегарданд. Аммо, муҳимтар аз он,  манфиатҳои ҳаётан муҳим-ҳамчун маҷмуи эҳтиёҷот, ки бо ҳифзи онҳо, мавҷудият ва рушди шахсият, ҷамъият ва давлат алоқаманд аст, ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз амнияти миллӣ, ҳамчун ҳолати муҳофизатии манфиатҳои ҳаётан муҳимми кишвар аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии дохиливу берунӣ фаҳмида мешавад,–илова намуд Парвиз Муҳаммадзода.

Сипас дар назди иштирокчиёни конфронси илмию амалӣ номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, декани факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хӯҷамурод Сафарализода дар мавзуи “Ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир”, муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- майор Шараф Эгамзод дар мавзуи “Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи миллӣ: вазъ ва дурнамо”, намояндаи КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Назаров дар мавзуи “Таҳдиду хатарҳои воқеӣ ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи менеҷмент ва маркентинги донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Абдурашид Мирзоалиев дар мавзуи “Мафҳуми манфиатҳои миллӣ ва нақши ҷавонон дар таҳкими он”, номзади илмҳои сиёсӣ, ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовуддинови АМИТ Хуршед Додихудоев дар мавзуи “Нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳимояи манфиатҳои миллӣ”, намояндаи Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Азимов дар мавзуи “Ҳолат ва дурнамои ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар”, сардори Раёсати илм ва инноватсияи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Ниёзӣ дар мавзуи “Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ”, сармуҳаррири маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” Афшин Муқим дар мавзуи “Ҳимояи манфиатҳои миллӣ” дар низоми арзишҳои динӣ”, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Абдурасул Гадоев дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон–наҷотбахши миллату давлат”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидаҳтам Талбаков дар мавзуи “Омилҳои монеаафкан дар самти татбиқ гардидани манфиатҳои миллӣ” ва сардори Раёсати амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайҳомид Шарифзода дар робита ба мавзуи мазкур суханронӣ намуданд.

Баъдан иштирокчиён пиромуни маърузаҳои ироашуда фикру андешаҳои судманд баён карданд.

Конфронсро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Конфронс дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.


Хадамоти матбуоти МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед