Санаи 18 сентябри соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади натиҷагирӣ аз баргузории Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мониторинги вазъи амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ: ҳолат ва дурнамо» доир гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ ва васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Дар конфронс масъалаҳои зерин, аз ҷумла вазъи амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ: ҳолат ва дурнамо; натиҷаи мулоқоти душанбегии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ; мавқеъ ва ҳамкории кишварҳои минтақа дар мубориза бо таҳдидҳои замони муосир; Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди минтақа; вазъ ва дурнамои амнияти иқтисодии Осиёи Марказӣ, амнияти озуқаворӣ дар минтақа; таъмини амнияти боркашонӣ дар Осиёи Марказӣ; дурнамои таъмини амнияти энергетикии кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ ва арёзбӣ қарор гирифтанд.

Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода кушода, зимни суханронии ифтитоҳӣ аз ҷумла қайд кард, ки рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, кишвари мо аз тарҳҳои ҳамгироии минтақавӣ ҳамеша ҳимоят намудааст. Имрӯз кишварҳои Осиёи Марказиро на танҳо ҷуғрофия ва таърихи умумӣ, балки манфиатҳои муштарак дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва ғайра муттаҳид месозад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳои фаъол дар раванди ҳамгироии минтақавӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, баргузории чунин ҳамоишро барои тақвияти амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, мустаҳкам гардидани ҳамгироӣ байни давлатҳои минтақа ва шарикони стратегии онҳо муҳим буда, Тоҷикистон ҳамчун бахши ҷудонопазири минтақа нисбати равандҳои минтақавӣ ҳаргиз бетафовут нест. Зиёда аз ин, Тоҷикистон як кишвари фаъоли минтақа ва давлати ташаббускор дар равандҳои ҳамгароии минтақавӣ ба шумор меравад. Дар сиёсати хориҷии бисёрсамтии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 32 соли Истиқлоли давлатӣ ба рушди ҳамкориҳо дар минтақа аҳаммияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Дар амалияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон зери мафҳуми “минтақа” ба таври анъанавӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назар дошта шудааст. Дар санадҳои расмии соҳа дар ин бора таъкид мегардад, ки таҳкими муносибатњои дуҷониба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бояд ҳамеша аз рӯйи эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шаванд. Ҳадафҳо ва вазифаҳои муштарак дар минтақа кишварҳоро водор месозанд, ки бо истифода аз зарфиятҳои ҳар як кишвари минтақа барномаҳо ва стратегияҳои муштаракро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ коркард намуда, бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои ҳамсоя сиёсати созанда ва устуворро пеша намоянд.

Роҳбарияти давлати Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад ва ин бардоштро дар амалияи сиёсии худ тайи се даҳсолаи охир борҳо нишон додааст. Мо якҷоя ва дар ҳамкории созандаву ҳусни эътимод бо якдигар метавонем бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем, чунки ҳамгироии созандаи минтақавӣ ба манфиати давлату халқҳои ҳамаи минтақа ва ҳар як кишвари Осиёи Марказист.

Аҳаммияти самти минтақавии сиёсати хориҷии мо, пеш аз ҳама, дар он ифода мешавад, ки имрӯз манфиатҳои миллӣ, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодии кишварҳои минтақа ба ҳам вобастагии зич дошта, таъмини комили рушду амнияти ҳар кишвар танҳо дар заминаи таъмини рушду амнияти минтақавӣ имконпазир мебошад. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи унсурӣ ва фаъоли минтақа ҷонибдори ҳамкориву ҳамгароии минтақавӣ буда, ба рушди робитаҳои баробарсатҳ дар ин самт аҳаммияти аввалиндараҷа қоил аст. Натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА), ки чанд рӯз дар шаҳри Душанбе қабл доир гардид, ин гуфтаҳоро бори дигар собит намуд.

Ҳадафи асосии чорабинии имрӯза низ баррасӣ ва арзёбии равандҳои амният ва ҳамгироии минтақавӣ буда, боварии комил дорам, ки иштирокчиёни ҳамоиш хулосаву пешниҳодҳои мушаххаси худро дар ин бора ироа мекунанд.

Сипас конфронси илмиву амалӣ таҳти раёсати муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода ба кори худ шуруъ намуд. Дар назди ҳозирин намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмиву таҳлилӣ маъруза карданд. Иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни суханрониҳои ироашуда фикру андешаҳои муфид баён намуданд.

Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

 Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед