Рӯзи  18 октябри соли 2019  дар  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ  дар мавзӯи  “Иқтисодиёти деҳот: масъалаҳо, дастовардҳо ва самтгирии стратегӣ” баргузор гардид. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату муассисаҳои марбута, донишмандони соҳаи иқтисодиёту ҷомеашиносӣ, коршиносон ва рӯзноманигорони  расонаҳои ахбори оммаи ватанӣ  ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки  дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба рушди деҳот афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, ки татбиқи аксари лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзиву обтаъминкунӣ ва маорифу тандурустӣ дар ҳамаи шаҳру деҳоти мамлакат аз он шаҳодат медиҳад, зеро беш аз 73 дарсади аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани солҳои 2019–2021 барои рушди ин соҳаҳои муҳим фазои муносиб фароҳам намуда, такони ҷиддӣ бахшид.  Ин иқдом имкон дод, ки барои таваҷҷуҳи бештар ба рушди минтақаҳои кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо мардуми маҳаллӣ ва бахши хусусӣ ҷиҳати амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳо ва ташаббусҳои қабулгашта бо рўҳияи баланд талош намоянд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар самти дастгирии фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишвар, бахусус иқтисодиёти босуботи минтақаҳои он, пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар ин самт, бо мақсади таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва қонунгузории соҳа ва мутобиқгардонии иқтисодиёти кишвар ба низоми иқтисодии ҷаҳонӣ як силсила стратегия ва барномаҳои давлатӣ амалӣ гашта истодааст.  Ҳамчунин, барои ба танзим даровардани фаъолияти пурсамари соҳаҳои иқтисодиёт барномаҳои ҷудогонаи рушди минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар саросари кишвар дар раванди татбиқ қарор доранд.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ дар даҳ соли ахир имкон дод, ки рушди устувори иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба андозаи 7 дарсад таъмин гардида, беш аз 650 ҳазор ҷойи кории доимӣ таъсис дода шавад ва даромади пулии аҳолӣ, бахусус аҳолии минтақаҳои дурдаст ба маротиб афзоиш ёбад. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ дар муқоиса бо нишондиҳандаи бист соли қабл, аз 83 ба 29 дарсад коҳиш ёфт, ки ин дастоварди тамоми мардуми заҳматкаши ҷумҳурӣ мебошад.

Илова бар ин, дастгириҳои доимии давлат имкон додааст, ки имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ, ки фаъолияти бештари мардуми кишварро фаро гирифтааст, дар истеҳсоли ММД кишвар то 70 дарсад зиёд гардида, 80 дарсад аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъолро фаро гирад.

Бояд гуфт, ки  бо мақсади таъмин намудани сатҳ ва сифати беҳтар барои зиндагонӣ дар маҳал Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дода, “Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро тасдиқ намудааст. Мақсади Консепсияи мазкур аз ташаккули самтҳои асосӣ ва заминаи сиёсию ташкилӣ ва ҳуқуқии идоракунии рушди маҳал, вазифаҳо барои такмили идоракунии рушди маҳал, инчунин, муайян кардани механизмҳо ва марҳилаҳои асосии татбиқи Консепсия иборат мебошад.

Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Комилҷон Шамшерзода зимни суханронии худ  баргузории чунин ҳамоишро барои боз ҳам баланд бардоштани иқтисодиёти деҳот ва самтгирии стратегии он муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки  ҳадафи асосӣ аз эълон гардидани солҳои 2019–2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», пеш аз ҳама, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани вазъи инфрасохтор, яъне беҳсозии соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2019,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қайд намуданд, ки вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019–2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати рушди инфрасохтори деҳот ва дар маҷмӯъ, зиёд намудани ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Тасмим гирифта шудааст, ки то баргузории 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам симои ҳар як шаҳру деҳот ва маҳалли зист сифатан дигар шуда,  шароити хуби инфрасохторӣ дар ҳар як гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла таъминот бо оби ошомиданӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ, таваллудхонаҳо, ҳаммом ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ то дурдасттарин деҳоти кишвар таъмин карда мешаванд.

Масъалаи дигаре, ки муҳим хоҳад буд, ин вазъи сайёҳии деҳот дар Тоҷикистон  мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, имкониятҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, қуллаҳои баланди кӯҳӣ, обҳои мусаффову шифобахш ва табиати нотакрори худро барои ҷалби бештари сайёҳон истифода бурда истодааст.

Соҳаи сайёҳӣ дар замони муосир яке аз самтҳои сердаромадтарини иқтисодиёти ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, танзими шароити мусоид барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва такмили сиёсати давлатии идоракунии соҳа аз ҷумлаи афзалиятҳои муҳими сиёсати иқтисодию иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистон барои рушди сайёҳии деҳот иқтидори беназири захираҳои табииро соҳиб аст, ки истифодаи оқилонаи онҳо имкониятҳои васеи рушди деҳотро ба вуҷуд хоҳад овард. Сайёҳии деҳот ба омили рушди бахшҳои дигари деҳот: кишоварзӣ, нақлиёт, алоқа, сифати маҳсулоти хӯрокворӣ, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, рушди инфрасохтори деҳот, ҳифзи муҳити зист, бавуҷудоии ҷойҳои нави корӣ ва ғайра мусоидат хоҳад намуд. Вобаста ба ин, рушди сайёҳии деҳоти Тоҷикистонро на танҳо як масъалаи фарҳангӣ ва миллӣ, ҳамзамон, як барномаи бузурги иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар арзёбӣ намудан мумкин аст.

Ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ илова шудани рушди деҳот мантиқан хеле созгор ва саривақтист, зеро ҳам ҳунарҳои мардумӣ ва ҳам сайёҳӣ бе рушди деҳот наметавонанд комёбии пурра ба даст оваранд. Ва ҷиҳати аз ҳама ҷолиб ва муҳими ин иқдом дар он зоҳир мешавад, ки ба ин васила дар кӯтоҳтарин муддат деҳоти кишвари мо симои худро дигар намудаву боз ҳам ободтар ва сатҳи зиндагии мардум дар он шоистатар мегардад.

Сипас  дар назди ҳозирин муовини  намояндаи  Кумитаи  рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Солор Салоҳуддинов  дар мавзӯи “Рушди деҳот: дастовардҳо ва ба нақшагирии стратегӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ”, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳиии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода  дар мавзӯи “Имкониятҳо ва заминаҳои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мушовири иқтисодии Шӯрои машваратии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Абдурауф  Ҷӯраев дар мавзӯи “Муколамаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ–замина баҳри рушди иқтисодиёт дар минтақаҳо”, директори Институти иқтисодиёти кишоварзии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалил Пиризода  дар мавзӯи “Иқтисодиёти кишварзӣ: дастовардҳо ва самтҳои стратегиии рушд дар ҷодаи таъмини амнияти озуқавории кишвар”, муовини директори Иститути иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Аброр Мирсаидов дар мавзӯи Асосҳои ниҳодии рушди индустриалии минтақаҳои деҳот”,  сардори  Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Умед Давлатов дар мавзӯи “Рушди иқтисодиёти деҳот яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ”, сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Асоев дар мавзӯи “Мушкилот ва дурнамои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд ва ба саволҳои иштирокчиёни ҳамоиш  посухҳои қаноатбахш доданд.

Дар раванди мубодилаи афкор тазаккур  дода шуд, ки  дар Паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, суханрониҳо дар ҷаласаҳои Ҳукумат, вохӯриҳо ва сафарҳояшон ба минтақаҳои гуногуни мамлакат масъалаҳои муҳими рушди маҳал, махсусан рушди ҳамаҷонибаи деҳот,  мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор мегиранд. Давлат ва Ҳукумати мамлакат то ҳол тамоми воситаву имкониятҳои мавҷударо ба хотири пешрафти ҳамаи минтақаҳои кишвар равона карда истодааст, то ки барои шаҳрвандон шароити ҳарчи беҳтари кору фаъолият ва зиндагии арзанда муҳайё карда шавад.

Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат то имрўз барои баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо ва дуруст ба роҳ мондани сиёсати минтақавӣ барномаҳои миёнамуҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар таҳия ва қабул гардиданд. Амалӣ гардидани барномаҳо дар шароити ҷорӣ гаштани муносибатҳои нави иқтисодӣ, пеш аз ҳама,  ба баланд бардоштани нақшу саҳми минтақаҳо, инчунин, ба истифодаи самараноки захираҳои маҳаллӣ ва рушди бемайлони деҳот  вобаста аст.  Бояд қайд намуд, ки баҳри амалӣ гардонидани ҳадаф ва афзалиятҳои дар доираи барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳои кишвар қабулгардида таваҷҷуҳ доимо баланд аст, зеро фарқи мавҷудаи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, табиию  иқлимии минтақаҳо тақозо менамояд, ки роҳҳои ҳалли оқилонаи онҳо пайдо карда шуда, саҳми маҳалҳо дар пешрафти иқтисоди мамлакат боз ҳам бештару беҳтар гардад.

Дар ҷумҳурӣ Консепсияи рушди маҳалҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию  иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ таҳия карда шудаанд, ки дар онҳо самтҳои рушд барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат пешбинӣ гардидаанд. Фаъолият дар самти устуворгардонии иқтидори мақомоти идоракунии маҳаллӣ бо таъмини ҳамоҳангсозии фаъолият бо мақомоти марказии идоракунӣ боз ҳам тақвият меёбад. Дар заминаи он инфрасохтори шаҳраку деҳот, муассисаҳои маориф, тандурустӣ, роҳсозӣ, обтаъминкунӣ, фарҳанг ва варзиш таҷдид ва навсозӣ мегарданд.

Конфронси илмиву амалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Диловар Қодирзода     натиҷагирӣ ва ҷамъбаст  намуда, таъкид намуд, ки  ин  нишасти илмӣ   барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ ва рушди минбаъдаи  деҳот дар кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

  Хадамоти  матбуотии  Маркази

тадқиқоти  стратегии   назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Чоп кунед