Рӯзи 27 сентябри соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи “Рушди сармояи инсонӣ: масъалаҳо, дастовардҳо ва самтгирии стратегӣ” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.
Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳамадзода Парвиз Абдураҳмон ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ҳамоиши илмиву амалии имрӯза таҳти унвони “Рушди сармояи инсонӣ: масъалаҳо, дастовардҳо ва самтгирии стратегӣ” дар марҳалае баргузор мегардад, ки Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу оромӣ, ваҳдату якдилӣ ва муттаҳидии мардуми тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устуворро дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста мегузорад. Имрӯз суҳбати мо сари масъалаи хеле муҳим ва барои ҷомеа зарурӣ, яъне муҳокимаи рушди сармояи инсонӣ сурат мегирад. Имрӯз дар ин толор олимону мутахассисон ва намояндагон вазорату муассисаҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ ҳузур доранд ва умеду боварӣ дорам, ки ин нишасти илмӣ барои ҳалли мушкилот ва ҳадафҳое, ки дар назди ин конфронси илми-амалӣ қарор доранд, мусоидат хоҳад кард. Тавре ки мегӯянд, “ҳақиқат зодаи баҳс аст” ва мо низ бар он назарем, ки дар ҷараёни суҳбатҳо аз ҷониби ширкаткунандагони муҳтарами нишасти илмии имрӯза масъалаҳои мубрами соҳаи мазкур мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифта, доир ба роҳҳои ҳаллу фасли онҳо тавсияву маслиҳатҳои муфид ва созанда пешниҳод мегарданд.
Бояд қайд намуд, ки сармояи инсонӣ омили муҳими рушди истеҳсолот ва иқтисодиёт ба шумор рафта, татбиқи он дар пешрафти тамоми соҳаҳо аҳамияти хос дорад. Он дар байни омилҳои дарозмуҳлати рушди минбаъдаи иқтисодиёт ҷойи аввалро ишғол мекунад. Аз ин рӯ, рушди сармояи инсонӣ дар кишвар ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: “Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисодӣ сафарбар намояд”. Фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани сифати рушди неруи инсонӣ дар масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зист ва шуғл нигаронида шуда, ба он диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои рушди сармояи инсонӣ чунин афзалиятҳоро муайян кардааст:
–ислоҳоти низоми маориф ва илм;
–таъмини солимии аҳолӣ дар чорчӯбаи сифати зиндагӣ;
– таҳкимдиҳии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
–баланд бардоштани арзишҳои фарҳангии рафтор;
–ташаккули муҳити мусоид барои зиндагӣ;
–коҳишдиҳии нобаробарии иҷтимоӣ.
Татбиқи ин авлавиятҳо омили самаранок истифода бурдани неруи инсониро барои рушду пешрафти иқтисодиёт ва рақобатпазирӣ дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ муайян месозад. Барои боз ҳам тақвият бахшидан ва баланд бардоштани сифати рушди сармояи инсонӣ ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои авлавиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат зарур мебошад.
Дар нишасти имрӯза масъалаҳои хеле муҳим ва баҳсталаби рушди сармояи инсонӣ ба муҳокимаи шумо, ҳозирини гиромиқадр, пешниҳод шудаанд ва натиҷагирии мо аз нишасти илмиву амалӣ, пеш аз ҳама, ба андешарониҳо ва таҳлилҳои амиқи шумо–иштирокчиён вобастагӣ дорад. Умед дорем, ки ҳамоиши илмии имрӯза барои тавсеаи минбаъдаи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушду инкишофи сармояи инсонӣ дар кишварамон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамин тавр, конфронси илмӣ-амалӣ ба кори худ шурӯъ намуд. Дар назди ҳозирин муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода дар мавзӯи “Дониш, таҷриба ва маърифат ҳамчун омили рушди сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа А.Ш.Қурбонов дар мавзӯи “Нақши илму маърифат дар ташаккули сармояи инсонӣ”, мудири шуъбаи илмҳои назариявии Академияи илмҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилҷон Неъматзода дар мавзӯи “Соҳаи тандурустӣ воситаи асосии рушди сармояи инсонӣ”, мудири кафедраи захираҳои инсонии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Сабоҳат Ҳайдарӣ дар мавзӯи “Раванди таълими кадрҳо барои рушди сармояи инсонӣ”, мудири шуъбаи илмиву методии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Абдуфаттоҳ Ашӯров дар мавзӯи “Нақши сармояи инсонӣ дар рушди соҳаи фарҳанг, санъат ва ҳунарҳои мардумии кишвар”, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Шаҳзода Қаюмова дар мавзӯи “Нақши сармояи инсонӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишвар”, сармутахассиси Раёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бахши хусусии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Қудратов дар мавзӯи “Рушди соҳибкорӣ ва имкониятҳои он дар ташаккули иқтисодиёти миллӣ” суханронӣ намуда, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои қаноатбахш доданд.
Сипас пиромуни суханрониҳо фикру андешаҳои муфид аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш баён карда шуданд.
Конфронси илмиву амалиро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни он барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон