Маркази тадқиқоти стратегӣ дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷроиши супоришҳо, дастурҳо ва вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ироа гардида буданд, 6 апрели соли 2023 конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзуи “Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим: аз ибтикорот то амал” баргузор намуд. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ арзёбии қарори Маҷмаи Умумии СММ доир ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардидани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» мебошад, ки ташаббусгузори ин пешниҳодҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳамзамон, дар чаҳорчӯби нишаст натиҷаҳои Конфронси оби СММ ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳи Нидерланд 22-24 марти 2023 дар шаҳри Ню-Йорк сурат гирифт, мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифт.
Дар кори конфронси илмӣ-амалӣ намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, мутахассисон ва коршиносони соҳаи обу муҳити зист ва иқлим, таҳлилгарони масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва доираи васеи рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
–натиҷаҳои Конфронси оби СММ (22-24 марти 2023 дар шаҳри
Ню-Йорк)
- ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим;
- обшавии пиряхҳо: пайомадҳо ва таҳдиду хатарҳои он;
- дастовардҳо ва мушкилот дар самти ҳифзи пиряхҳо;
- ҳифзи пиряхҳо яке аз воситаҳои пешгирии мушкилоти вобаста ба об;
- нақши об дар тавлиди “неруи сабз” аз манбаъҳои барқароршаванда;
- тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва ғайра.
Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода кушода, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронии худ аз ҷумла таъкид намуд, ки дар шароити муосир дар баробари дигар мушкилоти ҷаҳонӣ масоили марбут ба об ва экология, аз ҷумла дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва гармшавии иқлим масъалаи ташвишовар гардида, ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Маҳз чунин вазъият боис шудааст, ки дар рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ масъалаҳои вобаста ба об яке аз мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад. Мувофиқи маълумоти Созмони Миллали Муттаҳид дар соли 2021 тақрибан 2 миллиард сокини ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Бояд таъкид намуд, ки аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мазкур иқдомҳои муҳим роҳандозӣ гардида истодаанд. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсаф ва ташаббускор дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ба шумор меравад. Ин воқеияти бебаҳс аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Масалан, Тоҷикистон дар муддати ду даҳсолаи охир чаҳор ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонии обу экология ва иқлим пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳо бо иттифоқи оро қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтанд. Айни ҳол ташаббуси чоруми кишвари мо Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” татбиқ гардида истодааст. Зимнан, дар заминаи ташаббуси мазкур аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” баргузор гардид. Дар конфронси дуюми сатҳи баланди Душанбе низ яке аз масъалаҳои меҳварӣ дастрасии сартосарӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар назар гирифта шуда буд, ки барои бартараф сохтани мушкилоти мазкур ба рӯзномаи ҷаҳонии об роҳҳалҳои нав ворид гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон “дипломатияи об” самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта, пешбурд ва тақвияти он на танҳо ба манфиати давлати мо, балки ба манфиати тамоми башарият аст, чунки мушкилоти вобаста ба об ва иқлим рӯз то рӯз дар ҷаҳон афзоиш ёфта, давлатҳоро нигарон намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз охири солҳои 90-ум дар минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз афзоиши мушкилоти марбут ба об, муҳити зист ва иқлим ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дода буданд. Воқеияти ҷаҳони имрӯзи аз он шаҳодат медиҳад, андешарониҳои мутавозин ва санҷидашудаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мантиқ ва ҳақиқати худро дорад ва имрӯз маҳз ҳамон ҳушдорҳои Сарвари давлати мо буд, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилиҳои обу экология кӯшиш доранд. Айни ҳол мо дар раванди татбиқи ташаббуси чоруми байналмилалии “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” қарор дорем. Дар доираи ин ташаббус кишвари мо дар якҷоягӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд иқдомҳои муҳимми илмӣ-амалӣ ва оммавиро татбиқ намуда истодааст. Аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” идомаи татбиқи чорабиниҳои муҳимми байналмилалии Тоҷикистон аст.
Қобили зикр аст, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масоили обу иқлим ба имиҷи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ бевосита таъсири мусбат расонид. Дипломатияи об шароит фароҳам овард, ки Тоҷикистон худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз диди фарҳангу сиёсат беҳтар муаррифӣ намояд. Вобаста ба масъалаи мазкур ҳар сол номи Тоҷикистон дар сархатти расонаҳои ҷаҳонӣ қарор мегирад ва кишвари мо ҳамчун кишвари ташаббускор ва дорои нигоҳи боэътимоду хайрхоҳона бар нафъи башар муаррифӣ мегардад. Маҳз чунин ибтикорот кишварро дар меҳвари ҷаҳон қарор дода, таваҷҷуҳ ба онро дучанд мекунад.
Имрӯз метавон бо сарбаландӣ ва дилпурона изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба маркази дипломатияи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Яъне кишвар ҷойгоҳи шоистаи сиёсии худро дар сатҳи байналмилалӣ пайдо намуд, ки “Раванди оби Душанбе” дар ин масъала далели бидуни баҳс аст.
Инак, чанд рӯз қабл СММ ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи об ва иқлим дастгирӣ ва қабул намуд. Маҷмаи Умумии СММ доир ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардидани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» қабул намуд, ки ташаббусгузори ин пешниҳодҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид–2023” ба ҷаҳониён паёми худро расонид, ки “биёед дар атрофи об муттаҳид бошем”. Об имконест барои ҳамгироӣ, ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдату ҳамоҳангии фикрӣ. Ташаббусу ибтикороти созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми оламро, ки пур аз ихтилоф, моҷаро ва низоъҳост, даври ҳам ҷамъ овард ва нишон дод, ки ҳанӯз ҳам фурсат ва имконияти гуфтугӯ ва муттаҳидӣ дар сатҳи ҷаҳон ҷой дорад.
Сипас муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар мавзуи “Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳидкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти обу иқлим: аз ибтикорот то амал”, директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдулҳамид Қаюмов дар мавзуи “Тоҷикистон пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон”, мушовири Раёсати Созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайёра Ятимова дар мавзуи “Натиҷаҳои конфронси оби СММ дар шаҳри Ню-Йорк (22-24 марти 2023)”, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Исломқул Икромов дар мавзуи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба таназулёбии пиряхҳо ва аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ба сокинони минтақа ва ҷаҳон”, муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирзода Камолиддин дар мавзуи “Фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ дар самти мониторинги доимии пиряхҳои Тоҷикистон”, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Камолзода “Обшавии пиряхҳо ва таъсири он ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода”, дотсенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултаи геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фирдавс Давлатов дар мавзуи “Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мушкилотҳои глобалии обу иқлим: иқтидор, аҳаммият ва дурнамои пешрафт”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҳомид Шарифзода дар мавзуи “Моҳияти ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об”, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашӯров дар мавзуи “Аҳаммияти сиёсӣ ва амалии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба об”, муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамҷони Сайдулло дар мавзуи “Таъсири дигаргуншавии иқлим ва мушкилоти об ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ” суханронӣ намуданд.
Баъдан пиромуни маърузаҳои ироашуда ибрози назар, табодули афкор ва таклифу пешниҳодҳои судманд сурат гирифт.
Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни нишаст барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва фазои созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон