Санаи 29 феврали соли 2024 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ховари Миёна: замина, дурнамои ҳамкорӣ ва самтҳои асосии ҳамгироӣ” баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28.12.2023) ироа гардида буданд ва баррасии доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои  Ховари Миёна доир карда шуд.

Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, мутахассисон ва коршиносони самти ховаршиносӣ, таҳлилгарони масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва рӯзноманигорони васоити ахбори оммаи ватанӣ ширкат намуданд.

Дар ҳамоиш маҷмуи масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода шуданд:

–Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Ховари Миёна: вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ;

–Ҷустуҷӯи имкониятҳои истифоданашуда дар муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Ховари Миёна ва роҳҳои муассири татбиқи онҳо;

–Вазъ  ва дурнамои гардиши савдо ва тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Ховари Миёна;

–Сармоягузории кишварҳои Ховари Миёна ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва мушкилот;

–Вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ бо кишварҳои Ховари Миёна дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ;

–Таъсири вазъи Ховари Миёна ба Осиёи Марказӣ;

–Омилҳои бавуҷудоии низоъ дар Ховари Миёна ва таъсири онҳо ба дурнамои шаклгирии вазъият дар ин минтақа;

–Омилҳои мушкилзо ба ҳамгироии Тоҷикистон ва Ховари Миёна ва дигар масъалаҳо.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви АМИТ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ карда, иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ дар бораи муҳиммияти мавзуи  мазкур ибрози назар намуд.

Зикр карда шуд, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди сиёсати мутавозинро бо кишварҳои Ховари Миёна ба роҳ мондааст. Аз ин рӯ, тайи солҳои 2023–2024-ум  6 сафари корию давлатии Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон ба кишвари Ховари Миёна амалӣ гардид. Яъне зарурати тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои Ховари Миёна имрӯзҳо ба як воқеият табдил ёфтааст ва мо наметавонем ин равандро аз мадди назар канор гузорем.

Тавре таъкид гардид, дар тули таърих тоҷикон бо мардумони ин минтақа муносибату ҳамкориҳои дӯстонаю васеъ доштанд. Бинобар ин, тақвияти муносибатҳо бо кишварҳои Ховари Миёна ба яке аз авлавиятҳои калидии муносибатҳои байналмилалии Тоҷикиситон табдил ёфтааст. Ин нуқтаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ низ таъкид намуданд.

Сипас, дар назди иштирокчиёни конфронси илмию амалӣ ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам–Нуъмон ибни Собит – Нусратулло Зокирзода дар мавзуи “Ҷойгоҳи кишварҳои Ховари Миёна дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо”, директори муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  – Моёншо Маҳмадбекзода дар мавзуи “Вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ бо кишварҳои Ховари Миёна дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ”, сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  – Дилшод Шарифӣ дар мавзуи “Вазъ ва дурнамои гардиши савдо ва тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Ховари Миёна”, сардори Раёсати сармоягузории давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  – Изатулло Нуруллозода дар мавзуи “Вазъи сармоягузории кишварҳои Ховари Миёна ба иқтисодиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои он”,  котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  – Маҳрамбек Маҳрамбеков дар мавзуи “Омилҳои таҳдидкунанда ба ҳамгироии Тоҷикистон ва Ховари Миёна”, ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  – Абдуҳалим Одинаев дар мавзуи “Таҳаввули ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар замони истиқлол”, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  – Амриддин Шарипов дар мавзуи “Таъсири вазъи Ховари Миёна ба Осиёи Марказӣ”, котиби якуми бахши Афғонистони Раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  – Маъруф Абдураҳмон дар мавзуи “Уфуқҳои нави ҳамкориҳои ҳасана миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон”, коршиноси мустақил  – Саъдӣ Ворисов дар мавзуи “Тоҷикистон ва Қатар: имкониятҳои истифоданашуда  ва роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ” ва муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёстаи хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  – Неъматулло  Нуриддинзода дар мавзуи  “Омилҳои зуҳури бесуботиҳо дар Ховари Миёна  ва таъсири он ба дурнамои шаклгирии вазъият дар ин минтақа” суханронӣ намуданд.

Дар бахши музокира иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни маърузаҳои ироашуда фикру андешаҳои судманд баён карданд.

Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъол изҳори сипос намуд.

Конфронс дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

 

Хадамоти матбуоти МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед