Рӯзи 22 июни соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “25 соли Ваҳдат ва суботи умумимиллӣ: дастовардҳо ва дурнамо” баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур ба муносибати 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардида, ҳадафи он арзёбии дастовардҳои кишвар дар зарфи чаҳоряк асри суботу оромӣ дар мамлакат ва дурнамои таҳкими сулҳу амният дар Тоҷикистон буд. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, олимону коршиносони ватанӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки ҳар миллат дар таърихи худ рӯйдодҳо ва санаҳои муҳимме дорад ва аз онҳо дарсҳое барои ояндаи худ мегирад. Бо ташаббус ва ҳидояти Сарвари давлати Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 сол муқаддам 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки кафили пойдории сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон гардид.

Ваҳдат, пеш аз ҳама, ба инсонҳо умед мебахшад ва онҳоро ба оянда дилгарм месозад, ки ин заминасозӣ талоши ҳамагонӣ баҳри ободии диёр ва фардои беҳтар аст. Дар рӯзҳои сахту душвори соли 1992 баргузории Иҷлосияи тақдирсозии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 16-уми ноябр ва рӯйи кор омадани Ҳукумати нав бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон умеду орзуи мардум ва ҷомеаи ҷаҳониро ба фардои нек, ба сулҳу ваҳдат ва созандагиҳо дар кишвари мо бедор намуд.

Талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта буд, то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ расиданд ва натиҷаи ин заҳматҳоро мо имрӯзҳо дар мисоли пешрафтҳои беназири кишвар дар ҳамаи самтҳои рушди давлатдорӣ мебинем ва аз он баҳравар мешавем.

Бояд зикр намуд, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи наверо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат ва дар умум, рушди давлатдории миллӣ оғоз бахшид. Бо шарофати ваҳдат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ талафоти зиёди моливу ҷонӣ дида, аркони иқтисодиву иҷтимоии он хароб гардида буданд ва бо амри тақдир дар сароғози даврони навини таърихи давлатдории хеш ба буҳронҳои шадиди сиёсӣ мувоҷеҳ гардида буд, бар асоси сабақҳои андӯхта аз таҷрибаҳои таърихии гузаштагони худ заминаҳои мувофиқ барои суботи миллӣ ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам омада, ҷомеаи моро ба сӯйи созандагӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд тамоюл бахшид.

Маҳз Ваҳдати миллӣ нақшаи душманони миллати тоҷикро, ки мехостанд бо дасти зархаридону хоинон фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми кишвар ба таври иҷборӣ таҳмил намуда, низоми осоиштаи давлатдориро тағйир диҳанд, барбод дод ва заминаи тамоми таҳаввулоти нави давлатӣ дар Тоҷикистон шуд. Дар ин радиф нақши Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муҳим ва тақдирсоз мебошад. Имсол, ки 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳам иттифоқ афтодаанд, хеле рамзӣ ва мантиқӣ мебошад. Зеро маҳз Иҷлосияи мазкур як нуқтаи гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсии мамлакат, сароғози таърихи навтарини даврони истиқлол, расидан ба сулҳу субот гардид.

Ба ёд овардани ин санаи муҳими таърихӣ, яъне Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки воқеан оғози аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфтан ва тадриҷан ба остонаи сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар фарди солимфикри ҷомеа мебошад.

Аз ин рӯ, вазифаи пуршарафи насли имрȳзаи мардуми Тоҷикистон, хусусан ҷавонон, аз он иборат аст, ки пойдевори истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллии давлаташро мустаҳкам намуда, ин дастовардҳоро бо ҷону тан ҳифз намоянд. Ваҳдати миллӣ ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он барои наслҳои имрӯза ва оянда ҳам фарз ва ҳам қарз мебошад.

Бо ҳамин нуктаҳои муҳим конфронс ба кори худ шуруъ кард. Дар аввал муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода маҷмӯаи Сулҳу амният дар суханрониҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” рӯйнамоӣ намуд. Ӯ зимни муаррифии худ тазаккур дод, ки дар ин маҷмӯа суханҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуи сулҳ ва амнияти миллӣ гирдоварӣ шудааст. Маҷмӯа ба ифтихори ҷашни 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Ҳозирин дар рафти рӯйнамоӣ дар бораи ин маҷмӯаи арзишманд маълумоти зарурӣ гирифта, бо мазмуну муҳтавои он шинос шуданд.

Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам дар мавзуи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ”, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ–ҷавшани истиқлоли мост”, роҳбари дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода дар мавзуи “Таҳкими Ваҳдати миллӣ дар низоми бисёрҳизбӣ”, мудири шуъбаи таърихи адабиёти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода дар мавзуи “Фарҳанги сулҳу ваҳдат: барору нобарор ва дурнамои он”, раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Сайфулло Сафаров дар мавзуи “Масоили стратегии ҳифзи ваҳдати миллӣ дар вазъияти нави геополитикӣ”, дотсенти Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Шуҳрат Саъдиев дар мавзуи “Ҳалли сиёсии низои дохилӣ дар Тоҷикистон: музокироти байни тоҷикон, натиҷаҳои гуфтушунид, таҷрибаи сулҳсозӣ”, директори иҷроияи Бунёди миллии Шоҳроҳи Абрешим–Шоҳроҳи ваҳдат Марям Мамадазимова дар мавзуи “Пешвои миллат ва Корвонҳои сулҳу ваҳдат дар бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ”, , намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Алиев дар мавзуи “Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат – роҳнамои ҷавонон барои имрӯзу ояндаи дурахшон”, сармутахассиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳбоз Шосаидзода дар мавзуи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона”, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саймуҳаммади Бобохон дар мавзуиВаҳдати миллӣ – бақои миллат” суханронӣ намуданд.

Баъдан пиромуни маърузаҳои ироашуда ибрози назар ва табдули афкори арзишманд сурат гирифт.

Умуман, дар нишасти илмию амалии номбурда мавзуъҳои зерин мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд: сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон; дастовардҳои муҳимми давлат пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; зарурати ҳифзи Ваҳдати миллӣ дар партави воқеиятҳои нави геополитикӣ; таҳдиду хатарҳои дохилӣ ва берунӣ ба Ваҳдат, сулҳ ва амнияти мамлакат; нақши ҷавонон дар тарғиби сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳифзи суботи миллӣ дар Тоҷикистон; дурнамои таҳкими Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу ваҳдат ва амнияти миллӣ дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати милл, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғайра.

Дар интиҳо конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни нишасти илмию амалӣ барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед