Рӯзи 15 июли соли 2022 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари асосии пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ” баргузор намуд. Мақсад аз баргузории чорабинӣ ин натиҷагирӣ аз Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”, баррасии нақш ва ҷойгоҳи дипломатияи об дар пешбурди сиёсати хориҷӣ, коркарди пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023  ва таҳкими ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф ва ҳалли мушкилоти мавҷуда мебошад.

Дар кори конфронси илмӣ-амалӣ намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, мутахассисон ва коршиносони соҳаи обу муҳити зист, таҳлилгарони масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва доираи васеи рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, масъалаи “дипломатияи об” ҳамчун ҷавҳари пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бунёдгузори сиёсати хориҷии кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари конфронс қарор дошт. Ба ҳама маълум аст, ки дар шароити муосир дар баробари дигар мушкилоти ҷаҳонӣ масоили марбут ба об ва экология, аз ҷумла дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва гармшавии иқлим масъалаи ташвишовар гардида, ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Маҳз чунин  вазъият боис шудааст, ки дар рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ масъалаҳои вобаста ба об яке аз мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад. Мувофиқи маълумоти Созмони Миллали Муттаҳид дар соли 2021 тақрибан 2 миллиард сокини ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Бояд таъкид намуд, ки аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мазкур иқдомҳои муҳим роҳандозӣ гардида истодаанд. Дар ин раванд Ҷумҳурии  Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсаф ва ташаббускор дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ба шумор меравад. Ин воқеияти бебаҳс аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Масалан, Тоҷикистон дар муддати ду даҳсолаи охир чаҳор ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонии обу экология пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳо бо иттифоқи оро қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтанд. Айни ҳол ташаббуси чоруми кишвари мо Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” татбиқ гардида истодааст. Зимнан, дар заминаи ташаббуси мазкур аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” баргузор гардид. Дар конфронси дуюми сатҳи баланди Душанбе низ яке аз масъалаҳои меҳварӣ дастрасии сартосарӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар назар гирифта шуда буд, ки барои бартараф сохтани  мушкилоти мазкур ба рӯзномаи ҷаҳонии об роҳҳалҳои  нав ворид гардиданд.

Конфронси илмӣ-амалиро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Парвиз Муҳаммадзода кушода, сухани ифтитоҳиро ба директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода вогузор намуд. Ӯ зимни суханронии худ таъкид намуд, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон “дипломатияи об” самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта, пешбурд ва тақвияти он на танҳо ба манфиати давлати мо, балки ба манфиати тамоми башарият аст, чунки мушкилоти вобаста ба об рӯз то рӯз дар ҷаҳон афзоиш ёфта, давлатҳоро нигарон намудааст.

Хайриддин Усмонзода иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз охири солҳои 90-ум дар минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз афзоиши мушкилоти марбут ба об ва муҳити зист ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дода буданд. Воқеияти ҷаҳони имрӯзи аз он шаҳодат медиҳад, андешарониҳои мутавозин ва санҷидашудаи Пешвои муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мантиқ ва ҳақиқати худро дорад ва имрӯз маҳз ҳамон ҳушдорҳои Сарвари давлати мо буд, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли  мушкилиҳои обу экология кӯшиш доранд. Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд намуд, ки айни ҳол мо дар раванди татбиқи ташаббуси чоруми байналмилалии “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” қарор дорем. Зикр гардид, ки дар доираи ин ташаббус кишвари мо дар якҷоягӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд иқдомҳои муҳимми илмӣ-амалӣ ва оммавиро татбиқ намуда истодааст. Аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” идомаи татбиқи чорабиниҳои муҳимми байналмилалии Тоҷикистон аст.  Директори Марказ дар ин маврид иброз намуд, ки ҳамоиши имрӯза дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 нақши муҳим дорад. Ҳамчунин, зикр гардид, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъол дар ҳалли мушилоти ҷаҳонии об ба шумор рафта, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди эҳтиром, эътироф ва дар амал татбиқ гардида истодаанд.

Дар қисми маърузаҳо намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” – қадами навбатӣ ба сӯйи рушди устувор” суханронӣ намуда, аҳаммияти онро шарҳ дод. Қаюмов Абдулҳамид–директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи Ҳифзи пиряхҳо яке аз воситаҳои пешгирии мушкилоти вобаста ба об дар минтақасуханронӣ намуда, доир ба   зарурати ҳифзи пиряхҳо, ташаббусҳои наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт андешаҳои муҳимро баён дошт. Бойзода Саноӣнамояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар мавзуи “Нақши Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои об дар сатҳи глобалӣ: аз Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии об то Конфронси оби СММ дар соли 2023” маъруза кард. Давлатов Умед–роҳбари Дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон–ҳамчун минбари ҳамкорӣ ва муколама дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор” суханронӣ намуда, аҳаммияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти обу экологияро баҳогузорӣ намуд. Судуров Сайдисмонсардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Татбиқи чорабиниҳо ва моҳияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалии экологӣ дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” маъруза намуда, чорабиниҳои муҳимми кишварро дар беҳдошти муҳити зист ва татбиқи муваффақонаи онҳо барои иштирокдорони конфронс шарҳ дод. Инчунин, дар кори конфронс намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ суханронӣ намуданд.

Дар охир конфронси илмӣ-амалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намуд. Таъкид гардид, ки  мавзуъҳои баррасигардида, дидгоҳи олимону коршиносон ва мубодилаи афкор дар татбиқи “Дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари асосии пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ” нақши муҳимми худро мегузоранд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва фазои созанда ба анҷом расид.

 

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед