Санаи 30 октябри соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ таҳти унвони «Тарҳҳои дипломатии «С5+1» дар Осиёи Марказӣ: дастовардҳо ва дурнамо» баргузор гардид.

Ҳадафи баргузори конфронси мазкур таҳлил ва арзёбии нақш, аҳаммият, дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои форматҳои дипломатии “С5+1” дар  Осиёи Марказӣ бо иштироки ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Русия, Чин, Олмон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ҳиндустон, инчунин баррасии раванди нави муколама миёни кишварҳои  «Осиёи Марказӣ ва давлатҳои арабии Халиҷ» иборат буд.

Дар чорабинӣ собиқадорони хидмати дипломатӣ, сафирони фавқулодда  ва мухтори Тоҷикистон дар кишварҳои мавриди назар, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва олимону коршиносони соҳаи сиёсати хориҷӣ ширкат намуданд. Аз ҷумла, нафарони зерин доир ба форматҳои мавҷуда, суханронӣ ва  баёни андеша намуданд:

  • Ҳамрохон Зарифӣ – собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006-2013), номзади илмҳои сиёсӣ
  • Алимов Рашид – собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992-1994), котиби генералии СҲШ (2006-2018), доктори илмҳои сиёсӣ
  • Эркинхон Раҳматуллозода – собиқ мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ, собиқ  сафири ҶТ дар Шоҳигарии Белгия ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (2016-2023), доктори илмҳои сиёсӣ
  • Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул – сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (онлайн)
  • Киром Салоҳиддин Амриддинзода – сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея (онлайн)
  • Фаттоҳзода Саидмурод Самад – депутати МНМО, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, доктори илмҳои фалсафа
  • Акбаршо Искандаров – мудири шуъбаи масоили сиёсӣ ва муносибатҳои байнаалмилалии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳовидинови АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ
  • Комилова Хосият – профессори кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ
  • Глеб Василевич Коваленко – муовини директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, номзади илмҳои сиёсӣ.

 

Дар конфронс масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

  1. Формати ҳамгироии “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо”: дастовардҳо, мушкилот ва дурнамо.
  2. Натиҷаҳои саммитиякуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” ва заминаҳои нави ҳамгироӣ.
  3. Дастовардҳои формати дипломатии “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” ва роҳҳои нави тавсеаи ҳамкорӣ.
  4. Ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣва ИМА дар формати “С5+1”.
  5. Таҷрибаи ҳамгироӣ миёни давлатҳои Осёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ дар ҳошияи формати “С5+1” ва имкониятҳо барои тавсеи равобити фарогир.
  6. Имкониятҳо ва зарфиятҳои формати “Осиёи Марказӣ – Федератсияи Россия” ва дурнамои он.
  7. Формати“Осиёи Марказӣ –Ҳиндустон: дастовардҳо, масъалаҳо ва дурнамои рушди он.
  8. Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” ва дурнамои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ.
  9. Раванди нави ҳамгироӣ миёни кишварҳои «Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ» ва ғ.

Конфронсро директори Марказ Усмонзода Хайридин бо сухани ифтитоҳи оғоз бахшида, аз ҷумла, қайд кард, ки сол то сол робитаҳои гуногунсоҳаи кишвари мо бо давлатҳои дигар, созмонҳои бонуфузи байналхалқии сиёсӣ ва ташкилотҳои молиявию қарзӣ торафт густариш меёбанд ва самарабахш мегарданд. Ин далели он аст, ки густариши сиёсати “дарҳои боз”, муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо тамоми кишварҳои олам ҳамчун афзалиятҳои устувору бетағйири сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ  мемонд. Инчунин, директори Марказ  афзуд, ки қолаби 5+1 имконият фароҳам овард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити худро бо кишварҳои дигар ҳарчи бештар ба масири ҳамкориҳои мутақобилан судманд, солим ва пойдор равона созанд.

Зикр гардид, ки ин ҳамкориҳо ҳадафҳои амалгароёна дошта, роҳро барои таомулоти зичи онҳо дар сатҳу соҳаҳои гуногун ҳамвор месозад.

Ҳамзамон, таъкид кард, ки дар чаҳорчубаи аксари қолабҳои “С5+1” инчунин форумҳои марказҳои стратегии ин кишварҳо амал менамояд ва МТС назди Президенти ҶТ узви фаъоли онҳо ба шумор меравад. Моҳи сентяри соли равон форуми марказҳои зеҳнии кишварҳои Осиёи Марказӣ+Чин дар шаҳри Сиан баргузор шуд ва моҳи ноябр ташкили чунин қолаб миёни марказҳои стратегии Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ дар назар аст.

Сипас ҷаласаи асосии конфронси илмиву амалӣ таҳти модератории муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода идома ёфт.

Пас аз анҷоми суханронии иштирокчиёни ҳамоиш иштирокчиён конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намуда, ба меҳмонони чорабинӣ барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд. Изҳори умед карда шуд, ки ин нишаст ва тавсияву пешниҳодҳое, ки аз ҷониби иштирокчиён садо доданд, барои тавсеаи сиёсати хориҷии кишвар дар ҳошияи форматҳои мавҷуда муассир хоҳанд буд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Маркази матбуотии МТС-и
 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед