Дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 12 апрели соли 2024 конфронси байналмилалии илмӣ-амалиро таҳти унвони “Тоҷикистон ва Узбекистон: уфуқҳои нави ҳамёрии стратегӣ ва ҳампаймонӣ” баргузор гардид. Дар кори конфронс роҳбарият ва коршиносони пешбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Узбекистон намояндагон аз Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ, Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон, Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, Институти тадқиқоти макроиқтисодӣ ва минтақавии назди Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Узбекистон ва Институти тадқиқоти байналмилалии ояндабинии назди Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатия ширкат варзиданд. Ҳамзамон, рӯзноманигорони васоити ахбори оммаи ҳар ду кишвар ҷиҳати инъикоси кори ҳамоиш ҳузур доштанд.
Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, сараввал меҳмонро хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки баргузории чунин конфронсҳо дар сатҳи нишастҳои коршиносӣ ва таҳлилӣ бори нахуст набуда, пайваста ҳамоишҳо байни ниҳодҳои зеҳнии ҳар ду кишвар доир мегарданд. Бахусус ҳамкорӣ бо Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ аз Созишномаи ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Узбекистон, ки 4 июни соли 2021 ба имзо расидааст, сарчашма мегирад ва самар ҳам овардааст.
Мавсуф афзуд, ки ҳамоиши мазкур низ идомаи мантиқии талошҳои муштараки роҳбарони ҳар ду кишвар ва муносибати дӯстонаю хайрхоҳонаи мардуми Тоҷикистону Узбекистон доир ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди муштарак мебошад. Пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии давлатҳо, яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ду ниҳоди муҳимми давлатии ҳар ду кишвар ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки дар доираи ҳамкориҳо миёни марказҳои зеҳнӣ баргузор намудани семинару мизҳои гирд ва конфронсҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногун ҳамчун таҷрибаи амалӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Яъне меҳвари асосии кори конфронсро масъалаҳои марбут ба мундариҷаи мушаххас ва амалии санадҳои байнидавлатии қаблан имзошуда ташкил медиҳад.
Хайриддин Усмонзода ҳадафи баргузории конфронси муштаракро бо Институти байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар баррасӣ ва таҳлилҳои олимону коршиносон марбут ба масъалаҳо ва муҳокимаи дурнамои пешбурди муносибатҳои иттифоқӣ, таҳлили муфассали вазъ ва ҷараёни татбиқи барномаҳо ва санадҳои муштараки қабулшуда, ҷустуҷӯйи механизмҳои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда, таҳияи пешниҳодҳои мушаххас доир ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки кишварҳо (савдо, ҳамкориии саноатӣ, нақлиёт, рушди “иқтисоди сабз”, кишоварзӣ, масъалаҳои марбут ба иқлим, маориф ва фарҳанг ва ғайра) шарҳ дод.
Дар кори конфронс муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва директори ИБОМ Жавлон Вахабов суханронӣ карданд.
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ зимни суханронии худ доир ба вазъи муосири муколамаи сиёсӣ ва ҳамкориҳои стратегии байни Тоҷикистону Узбекистон ва масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳамкориҳои ҳар ду давлатро дар ин самт мусбат арзёбӣ намуд.
Сипас сухан ба директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Жавлон Вахабов дода шуд. Номбурда аз пазироии самимии роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Ӯ робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистонро мусбат ҳисобида, таъкид намуд, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду ҷониб мебошад, хусусан рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии ҳар ду давлатро муҳим дониста, зикр намуд, ки зарфият ва имкониятҳои воқеии ҳар ду давлат дар ин самт густариш ёфта, натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст. Дар оянда низ ҷониби Узбекистон омода аст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро бо Ҷумҳуриии Тоҷикистони ба мо дӯсту ҳамсоя тавсеа ва густариш диҳад.
Илова ба ин,–қайд намуд ӯ, муносибатҳои сиёсиву дипломатӣ, иқтисодию фарҳангии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон солҳои охир беш аз пеш густурда ва мустаҳкам мегарданд. Ҳамкориҳои воқеии ҳар ду давлат дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, маориф энергетика, саноати кӯҳӣ, кишоварзию саноат ва дигар самтҳои афзалиятнок ба роҳ монда шудаанд, ки итминони комил дорем минбаъд низ таҳким хоҳад ёфт.
Баъдан тибқи барнома конфронс кори худро дар се бахш идома дод ва баромадкунандагон бо маърузаҳо фикру андешаҳои ҷолиб худро ба самъи иштирокдорон расониданд.
Вобаста ба бахши якуми ҳамоиш Фатхуллоев Абрар Ҷаҳонгерович, мудири шуъбаи Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, Ҳайдарзода Рустам, директори Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Санҷар Валиев, директори Маркази иттилоотию таҳлилии муносибатҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон, Акбаршо Искандаров, мудири шуъбаи масъалаҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баромад намуданд.
Дар гузоришҳои таъкид гардид, ки Тоҷикистону Узбекистон дар баробари нигоҳдорӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои фаъоли сиёсиву иқтисодӣ барои бозидани нақши пешбар дар ҳамкориҳои минтақавӣ заминаи кофии муштарак доранд.
Дар бахши дуюми ҳамоиш: Анваров Насимҷон, муовини якуми раиси палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустам Раҳматзода, раиси Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Муҳсинҷон Холмуҳаммедов, муовини директори Маркази тадқиқоти иқтисодии ислоҳоти назди маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, Шариф Раҳимзода, директори Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Халдаров Замон, муовини директори Институти тадқиқоти макроиқтисодӣ ва минтақавии назди кабинети Вазирони Ҷумҳурии Узбекистон маърузаҳои илмӣ ироа намуданд.
Баромадкунандагон изҳор намуданд, ки иқтисоди ҷаҳонӣ бо таъсири манфӣ мувоҷеҳ мешавад, ки ин рушди устувор ва мутавозини иқтисодиро бозмедорад ва ин раванд, албатта, ба иқтисодиёти ҳар ду кишвар таъсиргузор аст. Аз ин рӯ, дастгирии мутақобилаи байнидавлатӣ барои пешгирии таъсири манфии омилҳои харобиовар ба сиёсату иқтисодиёти ҳар ду кишвар ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, молия, сармоягузорӣ, хоҷагидорӣ, энергетика, нақлиёт ва истифодаи об имрӯз беш аз ҳарвақта таваҷҷуҳи хосса мехоҳад.
Бахши сеюми конфронс бо гузоришҳои ҷолиб ва пурмазмун аз ҷониби баромадкунандагон: Акрам Умаров, муовини директори Институти тадқиқоти байналмилалии ояндабинии Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатия, Гузел Майтдинова, директори Маркази тадқиқоти геополитикии ДСРТ, Ализода Баҳриддин, мудири кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азизхон Назиров, сармутахассиси илмии ИБОМ дар бораи таҳкими дӯстии абадӣ тавассути густариши мубодила дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ ба самъи иштирокдорони ҳамоиш пешниҳод гардид.
Дар рафти суханронӣ маърузачиён ба масъалаҳои густариши дипломатияи халқӣ, рушди робитаҳои байниминтақавӣ, таҳкими ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Бо тасдиқи эҳтироми тарафайн, ҳамсоягии нек ва заминаи устувори дӯстии байни кишварҳо, иштирокчиён инчунин, мавҷудияти иқтидори назарраси истифоданашударо дар самтҳои гуногуни соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ қайд карданд. Дар бахше аз соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа, сарони ду кишвар дар музокироти қаблӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҳаҷми муомилоти тиҷоратии дуҷониба тавассути густариши ҳамкорӣ дар тарҳҳое, ки ҷанбаи мусбат ба Осиёи Марказӣ доранд (нақлиёт, кишоварзӣ, энергетика, истифодаи об ва ғайра) афзоиш диҳанд.
Дар интиҳои ҳамоиш ҷонибҳо равобити Тоҷикистону Узбекистонро дар ҳама самтҳо бомуваффақият арзёбӣ намуда, таҳкими минбаъдаи муносибатҳои иттифоқӣ талошҳои муштараки ҳукумат, доираҳои соҳибкорӣ ва коршиносони ду кишвар дар ҳоли тақвият натиҷагирӣ намуданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш як қатор пешниҳодҳои мушаххас ва амалиро оид ба таҳкими робитаҳои байни Узбекистон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баён намуда, равишҳои нави ғайристандартӣ барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро зарур ва муҳим қайд намуданд.
Дар интиҳои ҳамоиш Хайриддин Усмонзода ва Жавлон Вахабов истифодаи самараноки иқтидори ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва пайгирии амалии иҷрои шартномаҳоеро, ки дар рафти гуфтушунидҳо ва муколамаи созанда байни роҳбарони ҳар ду кишвар ба даст оварда шудаанд, зарур донистанд.
Хадамоти матбуоти
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон