Рӯзи 20 апрели соли 2021 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмию амалӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар мавзӯи “Таъмини амнияти иқтисодӣ: таҳдидҳо ва дурнамо” баргузор намуд. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, донишмандони соҳаи иқтисодиёту ҷомеашиносӣ, коршиносон ва рӯзноманигорони расонаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.
Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки мақсади конфронси имрӯза, ки “Таъмини амнияти иқтисодӣ: таҳдидҳо ва дурнамо” унвон дорад, таҳлилу баррасӣ ва арзёбии дастовардҳо ва тамоюлҳои рушди иқтисодиёти миллӣ бо мақсади ноил шудан ба амнияти иқтисодӣ мебошад, зеро ба ҳамагон маълум аст, ки таъмини амнияти иқтисодӣ яке аз масъалаҳои афзалиятноки стратегии ҳар як давлат ба шумор меравад. Ин аз ҳисоби афзоиши таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ буда, на танҳо ба амнияти иқтисодӣ, балки дар маҷмӯъ, ба амнияти миллӣ хавф дорад.
Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ аз 26 январи соли 2021 фармуданд, “Соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон, яке аз солҳои вазнинтарин буд. Дар натиҷаи паҳншавии пандемия, ки фарогирии COVID–19 ва коҳиши босуръати фаъолияти иқтисодӣ ва афзоиши сатҳи бекорӣ, вазъи сайёра боз ҳам мураккабтар гаштааст, тақрибан ҳамаи кишварҳо ба буҳрони шадиди иқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ дучор омадаанд”.
Дар ҳақиқат, оқибатҳои пандемия ба рушди иқтисодиёти миллии мо, аз ҷумла буҷети давлатӣ, тиҷорати беруна ва қурби асъори миллӣ, инчунин, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва агентиҳои хизматрасонӣ то ҳол таъсири манфӣ расонда истодаанд. Бояд тазаккур дод, ки рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, баланд шудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, татбиқи бомуваффақияти сиёсати иҷтимоии давлат, таҳкими қонуният ва тартибот, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ дар соҳаи истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баромадани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии кишвар ба ҳалли муассири мушкилоти ба миёномада вобаста аст.
Таъмини амнияти иқтисодӣ, чун як бахши муҳимми амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун шароит ва кафолати рушди устувори иқтисодӣ дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки амнияти иқтисодӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як ҳолати амнияти иқтисодиёти кишвар аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ буда, низоми ташкилӣ ва хориҷиро соҳибаст, ки тавассути системаи ташкилӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ, моддӣ, иттилоот ба миён меоянд, мебошад ва чун тадбирҳои техникӣ, технологӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, субот, қонуният ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баромад мекунанд. Система ва рушди устувори иқтисодиёти кишвар, ба беҳтар кардани системаи идоракунии давлативу фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ иртибот дошта, ҳамаи ин чорабиниҳо дар маҷмӯъ, барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ ва ҳадафи иҷтимоии аҳолиро хидмат мекунанд ва ҳадафи баландтарини давлат мебошанд.
Бо мақсади коҳиш додани таъсири таҳдидҳо ба амнияти иқтисодӣ то соли 2030, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ мақсад гузоштааст, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ се маротиба зиёд карда, сатҳи камбизоатиро беш аз ду маротиба паст кунад ва ҳиссаи аҳолиро бо даромади миёна аз 22 то 50 дарсад афзоиш диҳад. Дар натиҷаи беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ, ҳиссаи сармояи хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бояд панҷ маротиба афзун гардида, саҳми бахши саноат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад, ки ин имкон медиҳад то Тоҷикистон ба як кишвари саноативу аграрӣ табдил ёбад.
Умуман, дар марҳалаи нави рушд дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се вазифаи асосӣ қарор дорад: аввалан, ба даст овардани сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии ба кишварҳои сегменти миёна воридбуда бо сатҳи даромади миёна, сониян, таъмини устувории рушд тавассути диверсификатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва сеюм, тавсеа ва тақвияти синфи миёна.
Ҳадафи асосии конфронс табодули таҷрибаи пешқадам ва дониш дар соҳаи таъмини амнияти иқтисодӣ мебошад. Умедворем, ки натиҷаҳо ва арзёбиҳои иштирокчиёни ҳамоиш барои пешрафти иқтисоди кишварамон мусоидат намуда, тавсияҳои пешниҳодшуда ҳатман дар амал татбиқ хоҳанд ёфт.
Ҳамин тавр, ҳамоиш таҳти барандагии роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов ба кори худ шурӯъ намуд. Дар назди ҳозирин муовини сардори Раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Толиб Раҳимов дар мавзӯи “Саноатикунонӣ–омили некуаҳволӣ ва амнияти иқтисодӣ”, мутахассиси пешбари Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Холов дар мавзӯи “Муаррифии лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025”, сардори шуъбаи равзанаи ягонаи Кумитаи давлатии сароягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Бодурзода дар мавзӯи “Имтиёзҳо–омили ба ҷалби самоягузорӣ мусоидаткунанда”, мудири шуъбаи ҳифзи меҳнати Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Савлатшоҳ Хоркашев дар мавзӯи “Омилҳои самарабахшгардонии муколамаи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, омӯзгори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Умарҷон Шарипов дар мавзӯи “Сармоягузориҳо: масъалаҳои ҷалби онҳо ба рушди соҳаи неруи барқ”, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Саодат Ҷӯрахонзода дар мавзӯи “Зарурати таъмини амнияти иқтисодӣ дар замони муосир”, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои соҳавиии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Насриддинов дар мавзӯи “Зарурати таҳияи стандартҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Салимова дар мавзӯи “Амнияти иқтисодӣ ва таҳдидҳо: моҳият ва равишҳо нисбати таърифи он” суханронӣ намуданд ва ба саволҳои иштирокчиёни ҳамоиш посухҳои қаноатбахш доданд.
Сипас пиромуни маърӯзаҳо дар фазои озод мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва изҳори назар сурат гирифт. Иштирокчиёни чорабинии мазкур масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ ва таҳлилу баррасӣ қарор доданд:
–амнияти иқтисодӣ – асоси рушди иқтисодиёти кишвар;
–таъмини амнияти иқтисодӣ ва таъсири он ба рушди соҳаҳои хоҷагии халқ;
–таъмини иқтисодӣ-ҳуқуқии амнияти иқтисодӣ;
–таҳдидҳо ва дурнамои таъмини амнияти иқтисодӣ;
–таъмини амнияти иқтисодӣ – тақвияти ҳамкориҳо бо шарикони рушд.
Ҳангоми муҳокимаи илмӣ иштирокчиёни конфронс пешниҳодҳои зеринро ироа намуданд:–васеъ намудани доираи таҳқиқот доир ба амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;–таҳияи таҳқиқот дар таҳияи меъёрҳои амнияти иқтисодӣ дар сатҳи давлатӣ;–натиҷаҳои ин таҳқиқот бояд аз рӯйи арзишҳои ҳадди тасдиқшудаи нишондиҳандаҳои мақсадноки амнияти иқтисодӣ ҳидоят карда шаванд;–таҳияи дурнамо ва стратегияҳои дар асоси арзишҳои ҳадди аққали нишондиҳандаҳои амнияти иқтисодӣ ташаккулёфта бояд ба муайян кардани омилҳое равона карда шаванд, ки ба ноил шудан ба меъёрҳои мақсадноки амнияти иқтисодӣ халал мерасонанд ва чораҳои рафъи ин омилҳои манфиро пешбинӣ кунанд.–ҳавасмандгардонии таҳқиқоти илмӣ, ки ба арзёбӣ ва ҳифзи амнияти иқтисодии ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд.Бо мақсади татбиқи амалии хулосаҳо ва пешниҳодҳо, маърӯзаҳо дар пленум ва бахшҳо шунида ва муҳокима карда шуданд, иштирокчиёни конфронс:–зарур мешуморад, ки иттилоот дар бораи ин ҳамоиши илмию амалӣ дар маҷаллаҳои илмӣ-назариявӣ нашр шавад.–дастгирии муколамаи доимии мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, аз як тараф ва ҷомеаи илмӣ ва донишгоҳӣ, аз тарафи дигар, дар бораи самаранокии системаи ниҳодҳои таъмини амнияти иқтисодӣ;–идомаи ҳарсолаи ин иқдом дар заминаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории конфронси илмию амалӣ барои баррасии мушкилоти амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ бо васеъ кардани мавзӯъҳо ва ҳайати иштирокчиён.Дар охир, конфронси илмиву амалии байналмилалиро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҷӯрахонзода натиҷагирї ва ҷамъбаст карда, изҳори умед намуд, ки ин нишасти илмию амалӣ барои беҳтар гардидани таъмини амнияти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон