Рӯзҳои 24–25 июни соли 2021 бо ташаббуси Маркази омӯзиши Созмони Ҳамкории Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин, Академияи илмҳои ҷамъиятии Шанхай ва котиботи СҲШ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин конфронси байналмилалӣ дар шаклҳои ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро бо сухани табрикӣ ректори Донишгоҳи илмҳои сиёсӣ, ҳуқуқи Шанхай, мудири дабирхонаи Маркази байналмилалии омодагии ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ барои СҲШ Лю Сяҳхун ифтитоҳ карда, иштирокчиёни нишастро хайрамақдам гуфт.
Сипас Президенти Академияи проблемаҳои байналмилалии Чин, директори Маркази таҳқиқоти миллии СҲШ-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Сюй Бу, котиби ҳизбии Донишгоҳи илмҳои сиёсӣ ва ҳуқуқ, директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии мудирияти амнияти глобалӣ Ся Сяохэ, Котиби генералии СҲШ Владимир Норов, намояндаи раёсати СҲШ, мушовири Сафир, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Котиботи СҲШ Муҳаммад Эгамзод, инспектори дарҷаи дуюми Департаменти Авруосиёгии Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Цзюн, намояндаи махсуси Ҳукумати Чин доир ба корҳои Авруосиё Ли Хуэй, собиқ котибони генералиии СҲШ Чжан Дэгуан, Болат Нургалиев, Муратбек Иманалиев, Димитрий Мезецев ва Рашид Олимов суханронии табрикӣ намуданд.
Дар охири ҷаласаи пленарӣ рӯйнамоии китоби кабуди СҲШ–“20 соли СҲШ: дастовард ва таҷрибаҳо” доир гардид. Дар таълифи ин китоб Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳм гузоштааст. Дар ин китоб мақолаи илмии муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода таҳти унвони “Нақш ва саҳми Тоҷикистон дар раванди ташаккулёбӣ ва рушди СҲШ” нашр гардидааст.
Дар бахши аввали конфронс таҳти унвони “20 соли Созмони Ҳамкории Шанхай: таҷрибаи ғании созмон ва дастовардҳои он” дар радифи намояндагони ҳайатҳои дигар давлатҳо, бо дарназардошти мақоми раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ, ҷойгоҳи вижаи кишварамон дар таъсис ва ташаккули ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ва муаррифии сиёсати шоистаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода дар мавзӯи “СҲШ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҷрибаи беназири ҳамкорӣ, дастовардҳо ва дурнамо” дар бахши сеюми ҳамоиш таҳти унвони “20 соли СҲШ: мушкилот ва ҳалли онҳо” директори Маркази таҳқиқоти геосиёсии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон профессор Гузел Майтдинова маърӯза карданд.
Иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ андешаҳои худро доир ба таърихи ташаккулёбии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) иброз намуданд, инчунин, оид ба вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи фаъолияти созмони номбурдаро мавриди арзёбӣ қарор дода, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ ба мақсади бартарафсозии оқибатҳои ногувори иҷтимоӣ, иқтисодии пандемия, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсиву амниятӣ, иқтисодиёту тиҷорат, амалисозии самарабахши зарфияти иқтисодӣ, транзитию нақлиётӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф, туризми давлатҳои узви СҲШ-ро таъкид ва таъйид намуданд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон