Санаи 16 ноябри соли 2023 дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии назариявию амалӣ дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон” баргузор гардид.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд ва зимнан қайд кард, ки тибқи моддаи дуюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ки аз 14-уми майи соли 2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳои тантанавӣ, ҳамоишҳои илмию амалӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир гашта, мардуми Тоҷикистон ин ҷашни миллиро бо суруру шодмонӣ таҷлил менамоянд.

Санаи 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол тибқи аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба тарзи ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд. Он як интихоби огоҳона буда, маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид. Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳаммияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу пешрафти давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Бинобар ин, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати мутамаддини тоҷик аҳаммияти таърихии беандоза муҳим дорад, зеро агар таърихро ҳамчун арсаи тағйироту рӯйдодҳои ҷамъиятӣ арзёбӣ намоем, пас дар саҳифаи истиқлоли комили Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ниҳоди президентӣ, ки бевосита бо ташаббусу роҳнамоии маънавию ғоявии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфт, хеле бузург аст.

Сипас дар назди ҳозирин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода, муовини якуми Президенти АМИТ Абдураҳмон Муҳаммад, раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода суханронӣ намуданд.

Инак, матни суханронии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзодаро дар мавзуи «Нақши ниҳоди президентӣ дар таъмини рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин ҳамоиш пешкаши шумо мегардонем.

***

Ниҳоди президентӣ дар шароити мушкили ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон ташаккул ёфта, бо саъю талошҳои пайвастаи сарвари сиёсии худ дар роҳи таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, эҷоди низоми мукаммали давлатдории миллӣ, таъмини рушди муътадили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар байни сокинони мамлакатамон сазовори арзёбиҳои шоиста гардид. Боиси ифтихори мост, ки Сарвари давлатамон дар лаҳзаҳои хеле ҳассосу тақдирсози таърихӣ бо таъсиси ин ниҳоди идоракунии давлатӣ масъулияти бузурги таҳкими пойдевори низоми нави давлатдориро ба дӯши худ гирифта, бо ташаббуси қабули қарорҳои калидӣ ва сафарбарнамоии одамон барои татбиқи онҳо кишварамонро дар як муддати аз фарози фурсати таърихӣ кӯтоҳтарин ба суботу тамоюли рушдгароёна оварда расониданд. Аз ин нигоҳ ҳақ ба ҷониби он соҳибназароне аст, ки кору пайкори сарвари давлатамонро дар радифи шахсиятҳои бузурги миллатсози муосир қарор додаанд. Аз ин рӯ дар Рӯзи Президент беихтиёр шахсияти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои бузурги ӯ дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши рӯй меоянд.

Табиист, ки аксари мардум, чи дар дохил ва чи дар берун, пайваста ҳисси баланд ҷӯёи посух ба саволе ҳастанд, ки омилҳои таҳти шахсияти сиёсии Пешвои миллат чеҳраи муносиби ифодакунандаи ҳокимияти олии мамлакатро касб кардани ниҳоди президентии амалкунанда аз куҷо маншаъ мегирад? Дар умум ин омилҳоро ба се даста метавон гурӯҳбандӣ кард:

Аввалан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар лаҳзаҳои мушкилу печидаи ҳаёти ҷамъиятӣ бо иродаи матин пешниҳоди барномаҳои аз чунин вазъиятҳо баромаданро бо ҳисси масъулияти баланд ба зиммаи худ гирифта, маҳбубияташонро миёни мардуми ин сарзамин афзудаанд. Агар тасвири ин лаҳзаҳоро холисонаю беғаразона пеши назар оварем, ба хубӣ мебинем, ки онҳо лаҳзаҳое буданд, ки дар бисёр мавридҳо ҳисси ноумедию ҳаросро дар кунҷи дили бештари мардум ҷой медоданд, вале боз ҳам ҳамон иродаи масъулиятшиносию ташаббускории шахсияти сиёсии Пешвои миллат мардумро ба уммеду бовармандӣ нисбати имрӯзу ояндаи давлатамон ҳидоят мекарданд. Мисолҳо дар ин маврид хеле зиёданд ва бо онҳо бештари ҳозирин аз мутолиаи таҳқиқоти анҷомдодаи олимони мо шинос ҳастанд.

Омили дигари ҳамеша дар атрофи ташаббусу ғояҳои созандаи Президенти кишварамон самимона муттаҳид шудани мардуми Тоҷикистон аз он иборат аст, ки онҳо аз умқи дилашон дарк менамоянд, ки ҳидоятҳои ӯ амиқан аз ҳисси волои ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, ҳаётдӯстӣ, илммеҳварӣ ва аз ҳама муҳимтар аз арзишҳои фарҳангиямон сарчашма мегиранд. Бинобар ин, Президентро тамоми сокинони кишварамон «мардумӣ» унвон мекунанду дар асоси иродаю боварии қавӣ атрофи ӯ муттаҳид мешаванд. Зеро унсури асосии муттаҳидсозию ба фаъолияти созанда раҳнамун сохтани ҷомеа, пеш аз ҳама, дар асоси дарку амалисозии талаботу манфиатҳои мардум ба даст меояд. Намунаи барҷастаи чунин амалияи бо мардум будан ҳамеша зимни сафару вохӯриҳои бепоёни Президент дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ҳувайдо мегардад. Тавассути чунин муносибат имконияти амиқан донистани талаботу манфиатҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа ба даст меояд ва одамон ҳамарӯза беҳтаршавии шароити зиндагияшонро бо чашми худ мебинанд ва шарики фаъоли ташаббусҳои созандаи Президент мешаванд.

Қудрати беназири намояндагӣ кардан аз манфиатҳои кишварамон дар сатҳи муносибатҳои байналмилалӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар ҳалли масъалаҳои глобалию минтақавӣ аз омили дигари маҳбубияти беназир пайдо кардани Президенти кишварамон ба шумор меравад. Бинобар ин, аҳли илму маориф ва эҷод низ амиқтару густурдатар ба дарку омӯзиши онҳо фурӯ мераванд ва солҳои охир осори хуберо барои хонандагон пешниҳод намудаанд. Ин худ табиист, зеро бо пуштибонии Президенти мамлакат дар сиёсати давлати Тоҷикистон ин соҳаҳо самти афзалиятноки рушди давлат эътироф шудаанд. Чунонки Президент пайваста дар суханрониҳояшон мефармоянд, агар омили асосии рушди ин соҳаҳо маблағгузорӣ маҳсуб шавад, пас ҳоло маблағгузориҳои ин соҳаҳо ба кишварҳои дар ин самт пешқадами ИДМ дар як сатҳ қарор дорад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети соли 2024” низ, ки дирӯз қабул гардид, ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2024 дар ҳаҷми 18971,1 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки афзоиши он нисбат ба буҷети соли 2023-ум 2025,5 млн сомонӣ ё 43,0 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дурнамои хароҷоти ин соҳаҳо ба 13,2 дарсади ММД баробар мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи маориф ба маблағи 8231,9 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 1021,5 млн сомонӣ ё ин ки 14,2 дарсад афзоиш ёфта, 18,7 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 5,7 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Бо эҳтирому арҷгузорӣ аз дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаҳо мехоҳам баён дорам, ки нуқтаи назардиҳии эшон ба аксари масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа аз нигоҳи назариявӣ арзиши нотакрори консептуалӣ доранд ва мо бояд малакаи даркашонро дошта бошем. Вале бояд иқрор шуд, ки яке аз ҷанбаҳои заъфи илми ҷомеашиносии мо ин баъзан надоштани қудрати ба таври фаврӣ бо нигоҳи консептуалӣ ба арзёбии ҳодисаҳои ҷамъиятӣ наздик шудан аст. Дар ин ҷо танҳо ду мисолро марбут ба сиёсати дохилӣ ва дуи дигар марбут ба сиёсати хориҷиро барои исботи ин фикр меорам. Дар мавриди сиёсати дохилӣ яке марбут ба дарки муносиби дастёбии истиқлоли миллиямон ва дигаре муносибати усулӣ ба Созишномаи сулҳи байни тоҷикон аст. Дар гузаштаи на чандон дур одатан истиқлоли кунунии кишварамонро бисёриҳо ҳамчун «туҳфа» арзёбӣ мекарданд ва онро танҳо марбут ба паёмади ҳодисаҳои солҳои охири асри бисти милодӣ вобаста медонистанд. Чунин арзёбӣ аз касби истиқлол то андозае эҳтиромро аз хидмату ҷоннисориҳои наслҳои пешин, ки воқеан ҳам тавассути заҳматҳои онҳо фарҳангу ҳувияти мардуми тоҷик барқарор монд, камрангтар менамуд. Барои ислоҳи муҳтавои чунин баҳодиҳиҳо иқдомҳои амалии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шакли ҳамчун рамзи ҳувияту ваҳдати миллӣ пешниҳод намудани симои Исмоили Сомонӣ ва сазовор донистани унвонҳои аввалин қаҳрамонони миллати тоҷик ба шахсиятҳои сиёсию фарҳангии миллатамон, дигаргуншавии назардиҳиҳои усулиро ба ин масъалаҳо ташаккул доданд.

Чунин назардиҳии усулии Пешвои миллат соли 2019 зимни суханронияшон дар минтақаи Рашт, инчунин, доир ба заминаю муҳтавои муоҳидаи сулҳи байни тоҷикон сурат гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки он на зимни тавофуқ бо гурӯҳи алоҳидаи сиёсӣ, балки бо Иттиҳоди неруҳои мухолифине, ки баъдан бо дарназардошти иҷрои ҳадафҳои пайгирикунандаашон ҳузурашонро ба сифати субъекти ҳуқуқӣ дар фазои ҷамъиятии Тоҷикистон зарур нашумориданд, ба даст омадааст. Ин қазоват минбаъд диди муҳаққиқонро ба арзёбии масъалаи мазкур дигар карда бошад ҳам, вале мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо нодидабиниҳоро низ мо аз ҷониби баъзе афроде, ки ба нозукиҳои илми ҷомеашиносӣ ошно нестанд, вале мехоҳанд доир ба ин масъалаҳо қазоват намоянд, мушоҳида мекунем.

Дар арсаи сиёсати хориҷӣ зикри мисоли мо марбут ба таъкидҳои Пешвои миллат аз минбарҳои ҷаҳонӣ оид ба таъсири фарогир доштани қазияи Афғонистон на танҳо ба кишварҳои ҳамсояи он, балки ба тамоми кишварҳо ва дигаре доир ба ҷанбаи башардӯстона доштани ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Эътирофи арзишмандии ин назардиҳиҳоро мо имрӯз дар арсаҳои гуногуни сиёсати минтақавию байналмилалӣ равшан мушоҳида мекунем.

Чунин бардоштҳо дар шароити олами муосир, ки ҳар лаҳза на танҳо чеҳраи ҷомеаҳои миллӣ, балки диду арзишҳои одамон ва шеваи бархӯрди онҳоро бо воқеияти ҳаёти ҷомеаҳои худ ва умуман ҷомеаи башарӣ тағйир дода истодаанд, хеле муҳим аст. Аз ҷумла, аз эҳтимол дур нест, ки зимни баҳсу мунозираҳо дар фазоҳои гуногун минбаъд низ рақибони давлати миллиямон кӯшиш хоҳанд кард, ки масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро ба таври буғранҷ нишон диҳанд. Табиист, ки мавқеи мо дар ин маврид бояд на маҳкумсозию носазогӯйӣ нисбати рақибони сиёсӣ, балки гуфтугӯйи тахассусӣ бо онҳо бошад. Дар ин самт бо итминони қавӣ метавон гуфт, ки иқтидори бузурги зеҳнии кишварамон зарфияти посухгӯйии муносиб ба ин амалҳо дорад.

Бо ифтихор бояд гуфт, ки ғояҳои умумимиллие, ки тайи ин солҳо дар заминаи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфтааст, имрӯз танҳо дар қолаби шиору назарияпардозиҳо маҳдуд намешаванд ва онҳо аллакай дар сохтмони иншоотҳои азими аср ба монанди сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун”, роҳу пулҳои сатҳи сифати байналмилалӣ, корхонаҳо, биноҳои муассисаҳои иҷтимоӣ, таъмини сатҳи муносиби зиндагӣ ва ғайра татбиқи худро меёбанд.

Маҳз дар натиҷаи роҳнамоиҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 дарсад таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Яъне имрӯз дар заминаи ин ғояҳо муҳити куллан пешрафтаи ҳаётие ташаккул ёфта истодааст, ки сокинони ин сарзаминро бидуни эҳсоси ташвишу нигаронӣ ба ояндаи дурахшон уммедвор месозад.

Бигзор, ҷилои хиради Пешвои миллат ояндаи миллати моро мунаввар сохта, кишвари моро ба қуллаҳои боз ҳам баландтарини рушд ноил гардонад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон–ҷашни миллӣ ба мардуми шарифи сарбаланди кишвар муборак бошад!

Хадамоти матбуотии Маркази
 тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед