Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми доимоамалкунандаи муҳокимаю машваратҳои васеи самаранок доир ба масъалаҳои стратегии рушди кишвар 27 октябри соли 2022 конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи “Саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон–роҳи асосии таъмини рушди устувор”-ро баргузор намуд. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олиии касбӣ ва коршиносони варзида ширкат варзиданд.
Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ аз ҷумла қайд кард, ки ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон бо пешниҳоди стратегияи ҷаҳоруми худ таҳти унвони “Саноатикунонии босуръат ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум” вориди марҳалаи ҷадиди навсозӣ гардид. Ташаббуси чунин навсозии ҷомеа омили рушди иқтисодӣ ва беҳбудбахшии зиндагии мардум дониста мешавад.
Пешниҳоди тарҳи саноатикунонии босуръати кишварамонро Президенти мамлакат дар Паёми моҳи декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ ҳамчун ҳадафи чаҳоруми стратегӣ эълон карда буданд. Барои ба воқеият пайвастани ин ҳадаф амалисозии босифати барномаҳои соҳавии қабулгардида, ҷалби васеи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ зарур дониста мешавад. Бо ин мақсад айни замон баҳри татбиқи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030 як қатор барномаҳои соҳавӣ амалӣ шуда истодааст, ки мақсадашон фароҳамории шароит барои гузариши иқтисодиёти кишварамон ба тадриҷ аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ мебошад. Бо татбиқи чунин амалҳо солҳои охир дар саноати мамлакатамон тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, дар самтҳои алоҳидаи он суръати афзоиши тавлиди молу хизматрасониҳо таъмин гардидааст.
Дар баробари ин, саноатикунонӣ таъмини мавҷудияти як силсила шарту шароитеро дорад, ки аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо ба вуҷуд овардани муҳити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, навовариҳо дар фаъолияти ниҳодҳои хоҷагидорӣ, вуридсозии густурдаи мардум, аз ҷумла занон, ба бозори кор ва ҳузури онҳо дар дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, тамаркуз ба иқтисоди навоварона ва ғайра мебошанд.
Барои таъмини ниёзҳои рушди саноатии ҷомеа бояд дар самти коркарди захираҳои табиӣ талоши бештар сурат гирад. Шароити зикршуда ба назари коршиносон бисёр муҳим мебошад. Заминаҳо барои барқарор кардани истеҳсолот дар Тоҷикистон вобаста ба афзоиши солонаи истеҳсоли барқ вуҷуд доранд ва дар “Барномаи саноатикунонии мамлакат барои солҳои 2020-2025” банди алоҳида таҳти унвони “Таъмини соҳаи саноат бо энергияи барқ” ҷой дода шудааст.
Дар ин раванд пешбинӣ мегардад, ки соҳибкории хурду миёна ба ҷузъи муҳимми фарҳанги иқтисодии ҷомеа табдил ёфта, ба ҳадафи асосии сиёсати иқтисодии давлат табдил дода мешавад. Дастгирию таъмини малакаҳои касбии мардум дар фаъолияти сохторҳои шуғлтаъминкунию молиявӣ афзалият пайдо мекунанд.
Дар ҷомеаи саноатӣ нақши асосиро дар таъмини рушди иқтисодиёт пажӯҳишҳо ва коркардҳои илмии аз тарафи мутахассисони касбӣ амалишаванда мебозанд. Бинобар ин, муносибати эҳтиёткорона ба истеъдодҳо ва дастгирии ниҳодҳои таълимӣ ва зеҳнӣ пайваста мадди назар қарор доранд. Аз ин ҷиҳат эълон шудани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле мантиқист. Зеро яке аз роҳҳои модернизатсиякунонии истеҳсолот марбут ба тарбияи насли ҷавон ва аз дастовардҳои муосири илмиву техникӣ бархӯрдор сохтани онҳо аст.
Аз ин ҷиҳат ҳарчанд дар барномаҳо таъмини рушди соҳаи саноати бо сенарияи индустриалию инноватсионӣ, бунёди асосҳои рушди инноватсионии иқтисодиёти кишвар дар заминаи гузаронидани ислоҳот дар соҳаи маориф ва илм пешбинӣ шудааст, вале дар ин самт мушкилоти ҳалталаб мавҷуданд.
Ҳадафи конфронси имрӯза арзёбии вазъи кунунӣ ва корбурди тавсияҳои амалӣ доир ба рушди равандҳои навсозии технологияи инноватсионӣ дар соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Инчунин, таҳлили системавии вазъи кунунии саноати ҷумҳурӣ ва арзёбии он ва таҳқиқи инкишофи равандҳои технологияи инноватсионӣ дар соҳаи саноат ҳадафи конфронс маҳсуб меёбад. Боварии комил дорем, ки олимону мутахассисони дар ин нишаст ширкатдошта равандҳои гуногуни саноатикунонии кишварамонро аз лиҳози инноватсионӣ таҳлилу таҳқиқ намуда, тавсияҳои муфид пешниҳод менамоянд,–гуфт дар фарҷоми суханронӣ Хайриддин Усмонзода.
Ҳамин тавр, ҳамоиш ба кори худ шуруъ намуд. Дар назди ҳозирин сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳоии рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомназар Каримиён дар мавзуи “Саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон–роҳи асосии таъмини рушди устувор”, сардори Раёсати технологияҳои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Абубакр Пириев дар мавзуи “Саноатикунонии босуръати кишвар омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ”, муовини якуми директори Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода дар мавзуи “Нақши технологияи иттилоотӣ дар рушди соҳаи саноати кишвар”, сардори Раёсати рушди соҳаҳои саноат ва инфрасохтори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Юнусов дар мавзуи “Ҳуҷҷатҳои стратегӣ, консепсия ва барномаҳои амалкунадаи соҳаи саноат ва натиҷаҳои татбиқи онҳо”, сардори шуъбаи сиёсати аграрӣ ва дастгирии бахши хусусии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳимов дар мавзуи “Саҳми соҳаи кишоварзӣ дар таъмини коркард ва ашёи хоми ватанӣ”, муовини сардори Раёсати иқтисодиёт ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Халифаев дар мавзуи “Нақши комплекси энергетикии кишвар дар рушди соҳаи саноат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимову иқтисодӣ” суханронӣ карда, ба саволҳои иштирокчиёни конфронс посухҳои қаноатбахш доданд.
Сипас ҳозирин пиромуни маърузаҳои ироашуда фикру андешаҳои муфид ва арзишманд баён намуданд.
Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона ва ибрози андешаҳои судманд изҳори сипос намуд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон