Рӯзи 12 ноябри соли 2021 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмию амалиро дар мавзӯи “Арзёбии дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатӣ” баргузор намуд. Ҳадаф аз баргузории конфронс арзёбии ҳамаҷонибаи дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ, ҳолат ва дурнамои татбиқи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии воқеият ва дурнамои шинохти мусбати Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳайси давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, равандҳои муҳимми геополитикии минтақавию байналмилалӣ ва таъсири онҳо ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи кунунии сиёсати хориҷӣ ва дурнамои рушди он дар партави Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидояту дастурҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масоили мубрами сиёсати хориҷӣ иборат буд.
Дар конфронс ходимони сиёсию давлатӣ, собиқадорони сиёсати хориҷӣ, муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, олимону коршиносони соҳа, намояндагони вазорату кумита ва муассисаҳои дахдори давлатӣ, намояндагищои Тоыикистон дар хориҷи кишвар, рӯзноманигорони васоити ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд:
- Эмомалӣ Раҳмон–меъмор ва бунёдгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон;
- Нақш ва ҷойгоҳи ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ;
- Давраҳои асосӣ ва хусусиятҳои ташаккули сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Дастовардҳо ва дурнамои татбиқи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои дипломатияи дуҷониба, дипломатияи бисёрҷониба, дипломатияи иқтисодӣ, дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об, дипломатияи фарҳангӣ ва башардўстона, дипломатияи иттилоотӣ;
- Ҳифзи манфиатҳои стратегии кишвар дар арсаи байналмилалӣ;
- Ҳолат, воқеият ва дурнамои шинохти мусбати Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳайси давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд;
- Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ;
- Усулҳои наву муассири таҳкими пояҳои истиқлолу соҳибихтиёрии кишвар аз тариқи сиёсати хориҷӣ;
- Равандҳои геополитикии минтақавӣ ва байналмилалӣ, таҳдидҳо ва чолишҳои ҷаҳони муосир ва таъсири онҳо ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Аҳаммияти сиёсати хориҷии бисёрсамта дар вусъати ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми байналмилалӣ;
- Таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дўстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд;
- Арзёбии талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли ҳамаҷонибаи қазияи Афғонистон;
- Ҳимояи манфиатҳо ва таҳкими имкониятҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ ва ғайра.
Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ кушода, зимни суханронии ифтитоҳии худ тазаккур дод, ки сиёсати хориҷӣ яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати давлатӣ буда, дар ҳифзу таҳкими давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллии он нақши муҳим дорад. Чуноне аз Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд: “Ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи худ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии мустақили бисёрсамтиро, ки ба талаботи манфиатҳои олии давлативу миллӣ ҷавобгӯ буда, ҳадафи ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судмандро бо кишварҳои гуногуни олам пайгирӣ мекунад ва ба эҳтироми бечунучарои ҳуқуқи байналмилалӣ асос ёфтааст, татбиқ менамояд”.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ давраҳои асосии ташаккули худро аз сар гузаронида, марҳала ба марҳала ба як мактаби усулманд, суфта ва коркардшудаи сиёсӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, имрӯз метавон дар бораи таҷрибаи амалии татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як мактаби ташаккулёфта суҳбат намуд.
Меҳвари асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати “дарҳои боз” мебошад, ки ин мафҳум пайваста ҳам дар Консепсияи сиёсати хориҷӣ ва ҳам дар Паёмҳо ва суханрониҳои барномавии бунёдгузори сиёсати хориҷии кишвар, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод шудааст. Сиёсати “дарҳои боз” дар замони Истиқлоли давлатӣ воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро борҳо нишон дод. Махсусан, тавассути амалинамоии пайгиронаи ин сиёсат доираи шарикони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ афзоиш ёфта, дар таъмини фаъолияти фарогир ва пурсамари Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Бо вуҷуди ин, равандҳои ҷаҳони муосир ва таҳаввули низоми байналмилалӣ хусусияти нав ба худ касб намуда, таҳдиду хатарҳои ҷиддиро ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар эҷод менамоянд. Дар манзараи геополитикии сайёра воқеиятҳои нави сиёсиву иқтисодӣ ба вуқӯъ омаданд, ки боиси дигаргуншавии низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар даҳ–понздаҳ соли оянда хоҳанд гашт. Вобаста ба ин, зарур меояд, ки бо дарназардошти ин омилҳо бознигарӣ ва коркарди роҳҳои нави мутобиқгардонии сиёсати хориҷии кишварро ба ин равандҳо анҷом диҳем.
Сипас дар ин бахши конфронс мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Фаррух Умаров, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим, собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2006–2013), собиқ Вазири корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ Котиби генералии СҲШ Рашид Олимов (солҳои 2016–2018) суханронӣ намуда, дастоварду комёбиҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар даврони Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ карданд.
Дар дар ҷаласаи якуми ҳамоиш муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон–меъмори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили дастовардҳо”, собиқ муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи таърихи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода дар мавзӯи “Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Афғонистон ва зарурати такмили сиёсати хориҷӣ”, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия, доктори илмҳои таърих Зафар Саидзода дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори сиёсати хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (ба тариқи онлайн), устоди Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе Муҳаммадӣ Сафолзода дар мавзӯи “Ташаккули принсипҳо ва асосҳои косептуалиии сиёсати хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳалли мушкилоти Афғонистон”, устоди ДМТ, доктори илмҳои таърих Ҷӯра Латипов дар мавзӯи “Сиёсати муваффақи Ҷумҳурии Тоҷикистон–таъмини шоистаи кадрӣ” суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласаи дуюми конфронс директори Маркази таҳқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Гузел Майтдинова аз мавзӯи “Тоҷикистон дар зерсохтор муносибатҳои байналмилалии Авруосиёи Марказӣ: инкишофи авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ, ҳадафҳо ва дурнамо“, муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рустам Ҳайдаров дар мавзӯи “Оид ба вазъи геополитикӣ дар минтақа баъд аз хуруҷи ҳарбиёни амрикоӣ аз Афғонистон”, декани факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Холмаҳмад Самиев дар мавзӯи “Афзалиятҳо, самтҳо ва механизмҳои татбиқи дипломатияи фарҳангиии Тоҷикистон”, муовини директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, номзади илмҳои сиёсӣ Глеб Коваленко дар мавзӯи “Таҳаввули сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлоли давлатӣ”, дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Амриддин Шарипов дар мавзӯи “Дастовардҳои дипломатия ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даврони Истиқлол”, собиқадори дипломатияи тоҷик Абдулфайз Атоев, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти милиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Назаров. мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Зулфия Қурбонова дар мавзӯи “Чанде аз комёбиҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ”, омӯзгори калони кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шералӣ Ризоён дар мавзӯи “Дурнамои тавсеаи дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона Худойдодова дар мавзӯи “Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ” дар давраи солҳои 1955 – 2021″ ва дигарон маърӯзаҳои илмӣ карданд.
Пас аз анҷоми маърӯзаҳои болозикр иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни суханрониҳои ироашуда фикру андешаҳои судманд баён намуданд. Маърӯзачиён ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.
Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.
Конфронси ҷумҳуриявии илмиву амалӣ дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон