Санаи 29.11.2024 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қаринаи таҳдидҳо ба амнияти минтақавӣ” баргузор гардид.
Дар раванди конференсия роҳбарият ва ҳайати кормандони Марказ, инчунин меҳмонон аз Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.
Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИҶТ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.У. Усмонзода оғоз намуда, ҳозиринро хушомадед гуфтанд.
Зимни суханронӣ директори Марказ аз вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳамгироӣ ва таъмини амнияти дастаҷамъӣ беш аз ҳарвақта ниёз дорад. Таъкид гардид, ки дар чунин шароити мураккаби сиёсӣ ҳамкории зич дар самти ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки ҳалли масъалаҳо муҳим мебошад. Ҳамзамон, иброз гардид, ки Тоҷикистон пайваста талош менамояд, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти таъмини амнияти дастаҷамъӣ ҳамкории ҳамаҷониба дошта бошад.
Сипас, коршиносон ва олимони соҳа аз ниҳодҳои илмии кишвар ва Марказ ҷанбаҳои гуногуни масъаларо бо маърузаҳо ва суханрониҳои худ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, Баротзода Файзулло номзади илмҳои филологӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Вазъи Ховари Миёна ва бардоштҳо барои Осиёи Марказӣ” суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки буҳрони Ховари Миёна бевосита ба вазъи сиёсии ҷаҳон, аз ҷумла ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири худро мерасонад.
Сипас, Шарипов Амриддин Нуриддинович номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикстон дар мавзуи “Мушкилот ва дурнамои таъмини амнияти дастаҷамъӣ дар Осиёи Марказӣ” баромад намуда, ҷанбаҳои гуногуни таъмини амнияти дастаҷамъӣ ва фаъолияти Тоҷикистонро дар дираи ниҳодҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таҳлилу баррасӣ намуданд.
Инчунин, Шарифзода Саидҳомид Сафар номзади илмҳои таърих, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ибрози андеша намуда, ҳамзамон “вазъи иҷтимоӣ ва мафкуравии аҳолии баъзе шаҳру навоҳии кишварро”, ки зимни баргузории тадқиқоти сотсиологӣ омӯхта шуд, таҳлилу баррасӣ намуд. Дар анҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, он дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.
Хадамоти матбуотии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон