Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз муассисаҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва такмили механизми татбиқи сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият менамояд. Дар ин ниҳоди муҳимми давлатӣ дар радифи донишмандони варзидаи собиқадор, ҷавонони қобилиятнок низ фаъолият доранд ва дар пешрафти корҳои илмию пажуҳишии он саҳми шоиста мегузоранд. Яке аз ин ҷавонони лаёқатманду кордон сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Марказ, ки чанде қабл бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 31 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста” сазовор гардид, Амин Одинаев мебошад. Ӯ дар мавзуъҳои гуногуни соҳаи иқтисодиёти кишварамон мақолаҳои арзишманди илмӣ ва маводҳои таҳлилии пурмазмун менависад ва дар нашрияҳои муътабари ватаниву хориҷӣ ба табъ мерасонад. Чанд рӯз қабл ба унвони мавсуф бо чунин мазмун мактубе расид:
“Амин Иброҳимович, салому дуруди самимӣ. Ба Шумо маълум менамоям, ки мақолаи илмии шумо таҳти унвони “Таҳлили мавқеи бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ” дар маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳои имрӯз” (№2 (74), соли 2021) чопшударо барои ширкат ба Озмуни 17-уми байналмилалии корҳои илмии Созмонҳои ғайридавлатӣ аз ҷониби Маркази илмии шаҳри Москва тавсия намудем.
Ба Шумо барори кор ва комёбиҳо орзумандем.
Бо арзи эҳтиром,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Калеменова Е.А.,
муҳаррири масъули Комиссияи Озмуни
17-уми байналмилалии корҳои илмии
Маркази илмии шаҳри Москва
Чунин тавсияву пешниҳод бори дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки ба мақолаву матолиби илмии дар маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз”-и Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашргардида дар хориҷи кишвар низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Бинобар ин, минбаъд низ мақолаҳои барои нашр ба маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” пешниҳодгардида, хусусан аз ҷониби кормандони Марказ, бояд рӯзмарра ва дорои сатҳи баланди илмӣ бошанд, зеро чунин матолибу маводи илмӣ обрӯю эътибори ин ниҳоди муҳимми давлатиро дар хориҷи кишвар боз ҳам баланд менамоянд.
Мо, кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкори муҳтарами худ Амин Одинаевро бо ин дастоварди муҳими илмӣ табрику муборакбод намуда, барояшон дар ҷодаи илму пажуҳиш фатҳи қуллаҳои нав ба навро таманно дорем.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон