Мутолиаи китоб яке аз воситаҳои ғанӣ гардидани ҳофиза мебошад. Маҳз тавассути гирифтани ахбор ва хондани китоб инсон дар бораи воқеа ва рӯйдодҳои олам маълумот пайдо карда, доираи ҷаҳонбинии хешро васеъ мегардонад. Дар олам миллатҳое ҳастанд, ки аксари мутлақи афроди онҳо ба китобхонӣ машғул шуда, ин амали шоистаро ба фарзандон аз овони кӯдакӣ меомӯзонанд. Барои ин қабил миллатҳо китоб ғизои рӯҳ, роҳати ҷон ва манбаи илҳом мебошад.  
Тоҷикон ба доираи ҳамин қабил халқу миллатҳо дохил шуда, аз қадим ба китоб арҷ мегузоштанд ва хондани китобро ба фарзандон тарғиб мекарданд. Онҳо китобро муқаддас ва рафиқи мунис медонистанд. Аксарашон зери болини фарзандон китоб мениҳоданд. Саромадони ҳикмат ва адаби тоҷик ба китоб бо меҳру муҳаббат муносибат намуда, онро ягона омили дарёфти дониш медонистанд ва дар осору ашъори пурмуҳтавои хеш арзиши баланди ин дӯсти беминнатро ситоиш мекарданд. Дар маҷмӯъ, китоб барои тоҷикон фонуси зиндагӣ ва чароғи ақл ба шумор мерафт. Масалан, Абулқосими Фирдавсӣ доир ба ин масъала мегӯяд:
Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,
Ба дониш тавон риштану бофтан.
Муҳтавои ин андешаи шоирро дарёфти донишу ҳунар ташкил медиҳад. Аммо илму дониш бе мутолиаи китоб, хондани осори таърихиву адабӣ ва фалсафиву ахлоқӣ ба даст намеояд. Инсони донишманд аз овони хурдӣ ба мутолиа машғул шуда, на танҳо илмҳои замонаашро аз худ мекунад, балки китобҳои зиёди гузаштагону ҳамасрони ҳамватани худ ва осори тарҷумашударо аз забони дигар халқҳо мехонад ва ҷаҳонбиниашро васеъ месозад. Шахсе, ки зиёд мехонад ва ба мутолиа ҷиддӣ машғул мешавад, дар зиндагӣ ҳатман ба муваффақият ноил мегардад.
Дар гузашта одамони босавод мисли имрӯза боқадру соҳибэҳтиром буданд, зеро китоби зиёд мехонданд, қисми бештари умрашонро ба мутолиа сарф мекарданд. Баробари ин, қиссаву ривоятҳоро бо завқи баланд нақл мекарданд ва ба ин восита маҳбубият пайдо менамуданд. Ин ҳама бузургиву тавоноӣ, пеш аз ҳама, аз китобхонӣ сарчашма мегирифт. Чунончи, Абулқосими Фирдавсӣ ба хотири зинда гардондану ҷовидона намудани гузаштаи халқи худ умрашро ба мутолиаву ҷустуҷӯ бахшида буд. Вай даҳҳо сарчашмаҳои қадимиро дарёфт карда, садҳо луғату тафсирро варақ зада, маъхазҳои зиёди бостонӣ, аз ҷумла паҳлавиро, омӯхтааст. Дар баробари ин, қиссаву ривоят ва осори пешиниёнро ҷамъоварӣ намуда, баъди ба даст  овардани  ахбори  фаровон достони безаволи «Шоҳнома» – ро таълиф кардааст. 
Дониши васеъ ба ӯ имкон дод, ки аз хеш чунин ҳамосаи бузургу безаволро ба мерос гузорад. Достонҳои таълифкардаи вай ҳар кадом дарахти пурбори гузаштаи мардуми ориёӣ буда, аз ҳар баргаш бӯйи таърих меояд ва барои ошноӣ пайдо кардан ба гузаштаи халқ чун раҳнамои беҳтарин хидмат мекунад.
Ахбори ин ҳамосаи бузург аз асотири бостонӣ оғоз шуда, то анҷоми ҳукмронии сулолаи Сосониён идома меёбад. Фарогирии чунин давраи тӯлонии асотириву таърихӣ нишон медиҳад, ки Фирдавсӣ осори зиёдеро мутолиа ва луғати фаровонеро аз худ кардааст. Ҳамзамон, аз сарчашмаҳои нодир истифода карда, достонҳои ҳаммонанди назмиву насрии  паҳлавиву форсии қадимро аз мадди назар дур насохтааст. Шоир бо ҳиммати баланд  ва хоксории бемисл дар муқаддимаи достон аз баъзеи онҳо ёдовар шудааст. Ҳамин ахбори фаровон ва кирдорҳои шоистаи шахсони хирадманд боис шудааст, ки Фирдавсӣ борҳо хонандаро ба донишандӯзӣ даъват мекунад, аз оини хирадмандӣ ёд менамояд, накуиро ситоиш месозад ва доир ба пайдоиши садҳо ҷашну маросим ва устураҳои офариниш хабар дода, саҳифаҳои дурахшони таърихи гузаштаи халқашро дар шакли ҳамоса ҳунармандона бозтоб менамояд.
Ба назари мо, ошноӣ ба осори гузаштагону муосирон ба Фирдавсии бузург имкон додааст, ки аз овони хурдӣ то рӯзгори пирӣ ба хондану таълифи шеър машғул бошад ва дар ниҳояти кор шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намояд.
Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳам ба шарофати мутолиаи китоб ва аз худ кардани осори шоирони пешин ба дараҷаи «одамушшуаро» расидааст. Ин абармарди дунёи сухан «Калила ва Димна» – ро бо чанд забон мутолиа намуда, дар ниҳоят маснавии хешро бо диду андешаи нав таълиф кардааст, ки мазмуни баланди инсондӯстона дошта, фарогири муҳимтарин масъалаҳои ҳаётӣ мебошад. Шоир дар таълифи достонҳо низ ин роҳу равишро идома дода, ба сарчашмаҳои зиёди таърихиву бадеӣ рӯ овардааст ва дар заминаи маводи фаровон достонҳои «Синбоднома», «Даврони Офтоб» ва осори дигарро эҷод кардааст.
Адибону олимони баъдӣ низ маҳз дар заминаи мутолиаи китоб ва омӯзиши осори зиёди илмиву адабӣ ва таърихӣ ба дараҷаи бузургиву ҳашамат расидаанд.
Ба маънои дигар, китоб сарчашмаест, ки инсон ба воситаи он иттилоъ мегирад, захираи луғавии худро бой месозад, аз дигаргуниҳои олам бохабар мешавад ва ба ҷаҳони мураккаби одамони дигар ошно шуда, неку бади дунёро мефаҳмад. Китоб, инчунин, имкон медиҳад, ки инсон қобилияти фикрронии худро ташаккул диҳад, доир ба ҷузъитарин масъалаҳои зиндагӣ назари мустақил дошта бошад, дар доираи асарҳои мутолиакардаи хеш ва дар мисоли рафтору кирдори одамони гуногун хулосабарорӣ намояд. Яъне, китоб ҷанбаи зеҳниву маънавӣ ва равонии шахсро тақвият бахшида, ба ӯ имкон медиҳад, ки оид ба ҳар як ҷузъиёти ҳаётӣ натиҷагирӣ кунад ва ба иштибоҳ роҳ надиҳад.
Китоб воситаи дилхушӣ ва берун овардани шахс аз рӯҳафтодагӣ низ мебошад.  Баъзе одамон ягона роҳи тасаллои хотирро дар китобхонӣ мебинанд ва вобаста ба завқашон китобҳое, ки онҳоро аз ҳолати вазнини равонӣ берун меоранд, мутолиа карда, аз нав неру мегиранд.
Китоб роҳнамои шахс мебошад. Дар бисёри ҳолатҳо одамон ба хотири дарёфти роҳи ҳалли мушкилот ба китоб рӯ оварда, садҳо китобро варақ мезананд ва бо қаҳрамону персонажҳои зиёде рӯ ба рӯ шуда, афкору андеша, рафтору гуфтори онҳоро арзёбӣ мекунанд ва гиреҳи бастаи зиндагиашонро боз менамоянд. Доир ба бузургии китоб муаллими ахлоқу маърифат Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Шоири орифу муаллими ҳикмат бо таҷрибаи ҳаётӣ ба хулосае омадааст, ки китоб ҳамроҳу рафиқ, мунису ғамхор, манбаи илҳом, рӯҳбахши ҷону тани инсон, сарчашмаи дониш ва ғизои зеҳну шуури шахс мебошад. Китоб аст, ки кас танҳоиро эҳсос намекунад, ғаму андуҳро фаромӯш месозад ва аз асрори бисёр ҳодисаҳо огаҳӣ меёбад. Чунин абёти ҳакимона ва ишораҳои оқилона дар осори олимону адибони гузашта ниҳоят зиёд мебошанд. Махсусан, дар ашъори устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Ҳаким Саноӣ, Шайх Аттор, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдулқодири Бедил, Соиби Табрезӣ, Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин, Садриддини Айнӣ ва садҳо нобиғаи илму адаби тоҷик ишора ва таъкидҳои зиёд дар бораи аҳамияти китоб ва мутолиаи он гуфта шудаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ба шарофати ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштан ба китоб ва тарғибу ташвиқи он дар кишвар ба ҳукми анъана даромада, ба ҷузъи ҳаёти фарҳангии ҳар як шахс ва ҷомеаи навини Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Маҳз бо дастгирии Роҳбари давлат ҳар сол асарҳои адибони тоҷик аз чоп баромада, дар мамлакат китобҳои зиёди таълимиву соҳавӣ ва илмиву оммавӣ чоп мешаванд. Баробари ин, номгӯй ва шумораи рӯзномаву маҷаллаҳо дар мамлакат нисбат ба замони сохти гузашта бамаротиб зиёд шуда, барои шаҳрвандон имконияти ба даст овардани ахбор бештар гардидааст. Ҳамзамон, истифодаи китобҳои аудиоӣ ва электронӣ низ ба роҳ монда шуда, китобхонаҳои электронӣ таъсис ёфтаанд, ки барои бо тарзи муосир, яъне бо истифода аз технологияҳои нав гирифтани ахбор ва хондани осори адибони гузаштаву муосири ватаниву ҷаҳонӣ бо забони асл ва тарҷума роҳандозӣ шудаанд.
Иқдоми аввалине, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт пеш гирифтанд, ҷудо намудани маблағ барои чопи китобҳои адибони кишвар буд. Соли 2007 баъди вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 250 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки бо ин маблағ асарҳои Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Ато Ҳамдам ва дигарон ба теъдоди зарурӣ чоп гардиданд ва қисми зиёди онҳо ройгон ба муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимии кишвар тақсим карда шуданд. 
Ташаббуси Роҳбари давлат дар ин самт солҳои баъдӣ низ идома ёфта, аз соли 2008 то соли 2019 бо ин мақсад беш аз ду миллион сомонӣ ҷудо гардид ва бо ин маблағҳо ҳамасола китобҳои адибони муосиру гузашта ба нашр расонда мешаванд. Ин ибтикори фарҳангпарварона имкон дод, ки адибони тоҷик асарҳои тозаэҷодашонро сари вақт ба хонанда пешниҳод кунанд ва соҳиби ҳаққи қалам шуда, вазъи иҷтимоии худро беҳтар гардонанд. Дар баробари ин, чопи асарҳои нав, албатта, дӯстдорони адабиётро хушҳол мегардонад.
Ибтикори дигаре, ки Роҳбари давлат ба ин мақсад амалӣ намуданд, чопи силсилаи осори ниёкон мебошад. Дар доираи ин иқдоми нек аз соли 2007 чопи «Ахгарони адаб» дар панҷоҳ ҷилд ба роҳ монда шуд. То ба имрӯз бо ин мақсад муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҷудо карданд ва нашриёти «Адиб» 38 ҷилди ин силсиларо аз чоп баровард. Дар ин силсила аз ашъори пурмуҳтавои устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сар карда, осори Абулқосими Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳаким Саноӣ, Носири Хусрав, Шамсиддини Шоҳин, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Зуфархони Ҷавҳарӣ ва дигарон ба нашр расид ва ба дӯстдорони каломи бадеъ тақдим гардид.  Бовар дорем, ки ҷилдҳои баъдии ин силсила пайдарпай нашр хоҳанд шуд.  Ҳар як китоби ин силсила аз ҷониби мутахассисони варзида омода гардида, баъди муқоиса бо дастхатҳо ва нашрҳои пешин интишор мешавад.
Ҳамин тариқ, бо ташаббуси Пешвои миллат дар мамлакат чопи китоб тадриҷан ба танзим дароварда шуд ва нашриётҳои давлатӣ, аз ҷумла «Адиб», «Ирфон», «Маориф» аз ҳисоби буҷети давлат ва нашриётҳои хусусӣ аз ҳисоби муаллифон ва дӯстдорони китоб чопи китобҳои илмиву оммавӣ ва бадеиву таърихиро ҷиддӣ ба роҳ монданд. Бо ҳамин тарз дар зарфи солҳои 2005 – 2020 даҳҳо ҳазор ҷилд китоб нашр гардида, ҳар ҳафта бо ташаббуси нашриёти «Адиб» ва дигар ноширон дар пойтахти мамлакат, маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо рӯнамоӣ ва фурӯши китобҳо баргузор мегардад. Бо вуҷуди ин, то имрӯз танҳо дар анбори нашриёти «Адиб» 460 номгӯйи китоб ба теъдоди қариб 144000 нусха боқӣ мондааст, ки дӯстдорони китоб, роҳбарони мақомоти марказиву маҳаллии давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ метавонанд ин китобҳоро харидорӣ намоянд.
Дар идомаи ин амали нек Пешвои миллат чопи «Куллиёт» – и Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлониро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карданд ва ин китоб низ аз ҷониби нашриёти «Адиб» ба теъдоди 5000 нусха аз чоп баромад ва ба дӯстдорони шеъру сухан пешниҳод гардид. Куллиёти мазкур, ки аксари осори шоирро фарогир мебошад, бори аввал дар асоси сарчашмаҳои муътамад, яъне дастхатҳои мавҷуда ва бо истифода аз нашри пешин аз чоп баромад.
Ғайр аз ин, Пешвои миллат ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлат барои тарҷума, бознашр ва чопи китобҳои нодир ҳамасола маблағ ҷудо мекунанд, ки иқдоми ниҳоят саривақтӣ ва ватандӯстона мебошад.  Тавассути ин маблағҳо асарҳои нодире, камёфт шудаанд ё осори пурқимате, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума нашудаанд, чоп карда мешаванд. Дар чанд соли охир бо ин роҳ китобҳои Саолабии Нишопурӣ «Таърихи ғурур-ус-сияр», Абусаид Абдулҳайи Гардезӣ «Зайн-ул-ахбор», «Авасто», китоби якум, Абулфазли Байҳақӣ «Таърихи Байҳақӣ», Аҳмади Тӯсӣ “Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот”,  “Мероси хаттии бостон” дар ду ҷилд, “Динкарт”, Эмомалӣ Раҳмон “Забони давлатӣ ва истиқлолият”, Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат”, китоби якум,  “Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик” дар ду ҷилд ва осори дигар чоп шуда, имкони истифодабарии онҳо аз ҷониби дӯстдорони адабиёт ва аҳли таҳқиқ муҳайё гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китоб ва мутолиаи он муҳаббати хосса доранд, зиёд мехонанд, доир ба асарҳои аз давраи наврасӣ то ба имрӯз хондаашон бо завқ нақл карда, аксари қаҳрамонону персонажҳои дӯстдоштаашонро дар хотир доранд ва оид ба хислатҳои ҳамидаи онҳо қисса мекунанд. Ҳарчанд ки корҳои давлатдорӣ тамоми вақташонро мегиранд, вале ҳар рӯз бо дарёфти фурсати муносиб ба мутолиа машғул шуда, рӯзномаву маҷаллаҳои давриро варақ мезананд, бо вуҷуди он ки аз хабарҳои дохилу хориҷ огоҳии пурра доранд, гузоришҳои кӯтоҳи ёрдамчиёнро дар бораи авзои кишвар, минтақаву ҷаҳон, навовариҳои илму техника, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ  ва фарҳангиву сиёсӣ мутолиа карда, дастуру супоришҳо медиҳанд. Дар баробари ин, осори адибони гузаштаро бо шавқ хонда, гоҳо дар мулоқоту суҳбатҳо, маҷлисҳои корӣ ва муҳокимаи маърӯзаҳо аз онҳо ёд мекунанд. Баъзан дар назди ҳозирон ва ҳамсуҳбатон аз корномаҳои Шерак, Спитамен, Маздак, Абумуслими Хуросонӣ, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Восеъ ва дигарон ёдоварӣ карда, асарҳоеро, ки дар бораи ин чеҳраҳои таърихиву миллӣ таълиф шудаанд, номбар намуда, ба шахсиятофаринии муаллифони онҳо баҳои воқеӣ медиҳанд.
Мо борҳо дидаем, ки Роҳбари давлат номи адибону олимони бузурги гузаштаи тоҷикро бо самимият ва эҳтироми хосса ба забон оварда, аз офаридаҳои оламшумулашон ёд мекунанд. Аз заҳматҳои кашидаи онҳо, ки дар давраҳои ниҳоят вазнину мураккаб асар эҷод намудаанд, бо ифтихору муҳаббат сухан мегӯянд ва ба хидматҳояшон таҳсин мехонанд. Ҳамзамон, ҳамеша таъкид мекунанд, ки асарҳои таълифкардаи баъзе аз бузургони миллати тоҷик, аз ҷумла Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Умари Хайём ва дигарон ба рушди илму адаби ҷаҳонӣ таъсири амиқ расонда, аҳамияти худро то ба имрӯз гум накардаанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсият ва осори устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, достонҳои «Шоҳнома» – и Абулқосими Фирдавсӣ, ғазалиёт ва «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ, «Рӯшноинома», «Саодатнома»-и Носири Хусрав, «Гулистон», «Бӯстон» – и Саъдии Шерозӣ ва ашъори дилкаши Ҳофизи Шерозиву Камоли Хуҷандӣ муҳаббати беандоза доранд, дар лаҳзаҳои фориғ аз кор ва ҳангоми танҳоӣ ба ин хазинаи маънӣ рӯ оварда, аз андешаҳои ҳакимонаи ин пирони адаб сабақи маънавӣ мегиранд.
Пешвои миллат асарҳои устод Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода ва китоби «Тоҷикон» – и Бобоҷон Ғафуровро низ мунтазам мутолиа мекунанд ва доимо аз ишораву таъкидҳои ватандӯстона ва худогоҳонаи онҳо ёдовар мешаванд. Махсусан, мақола ва асарҳои публитсистии устод Садриддин Айниро, ки дар бораи халқи тоҷик, забони тоҷикӣ ва масъалаҳои худшиносии миллӣ таълиф шудаанд, дар вақтҳои зарурӣ истифода мекунанд.
Бо шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» воқеан ифтихор дошта, дар бештари суҳбатҳо ва маҷлисҳои кориашон аз заҳматҳои ватандӯстонаи ин донишманди нотакрор бо эҳтиром ёд мекунанд ва хидматҳои беназирашро дар рушди тафаккури таърихии халқи тоҷик зикр менамоянд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъсири асарҳои меҳанпарастонаву миллатдӯстонаи устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон дар ойинаи таърих» ва «Забони миллат – ҳастии миллат» – ро (дар ду ҷилд) таълиф карданд, ки ин китобҳо ҷанбаи баланди  худшиносӣ,  худогоҳӣ  ва  ватандӯстона  дош-та, бисёр саҳифаҳои таърихро, ки ин ду шахсияти барҷастаи миллати тоҷик дар бораи онҳо иҷмолан изҳори назар кардаанд, такмилу пурра намуда,  аз рӯйи сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ва асарҳои муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ баъзе масъалаҳоро муфассал ва бо далелҳои раднопазир ба доираи таҳқиқ кашида, ба ин давраҳои дурахшони ҳаёти халқ, бо ҷасорат изҳори ақида кардаанд.
Дар китобҳои зикршудаи Пешвои миллат воқеияти таърих холисонаву одилона ва олимона баён гардида, масъалаҳои бостонӣ будани халқи тоҷик, аз насли ориёиҳо сарчашма гирифтани он ва дар Осиёи Марказӣ мардуми бумӣ будани ин халқ муфассал шарҳ ёфтаанд.  Махсусан, назари Роҳбари давлат доир ба ташаккулу таҳаввули забони тоҷикӣ, давраҳои таърихӣ ва ҳифзу ҳимояи он аз ҷониби соҳибони меҳанпарасташ пураҳамият буда, дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллии аҳли ҷомеа нақши бузург мебозад.
Дар баробари ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон услуби хоси суҳбатороӣ дошта, пеш аз ҳар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар кӯшиш мекунанд, ки бо асарҳои тозаэҷоди адибону олимони муосир шинос шаванд. Бо ин мақсад вақт ёфта, маҷмӯаи шоиронро мехонанд, рисола ва китобҳои нави олимону донишмандонро аз назар мегузаронанд, ба қиссаву романҳои таърихӣ диққати бештар дода, онҳоро бо завқ мутолиа мекунанд ва дар мулоқоту вохӯриҳо назару андешаҳои худро ба муаллифонашон озодона ва дӯстона баён месозанд. Борҳо дидаем, ки баъди чорабиниҳои фарҳангиву идона Пешвои миллат адибони шинохта, аз ҷумла Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Муъмин Қаноат, Муҳаммад Ғоиб, Фарзона, Низом Қосим, Муҳиддин Хоҷа, Ато Ҳамдам, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Бароталӣ Абдураҳмон ва дигаронро дар атрофи худ ҷамъ оварда, бо онҳо дар бораи офаридаҳояшон сухан мегӯянд ва аз эҷодиёти ҳар кадоми онҳо огоҳ буданашонро баён медоранд.
 Баъзан  чунин  ҳам  шудааст,  ки  бо  ихлосмандӣ шеърҳои  «Аз хоки Сиёвушем» – и Бозор Собир, «Забони  модарӣ» – и  Лоиқ Шералӣ, «Ман ориёиям» – и Масъуди Сипанд, «Ватан гуфтам» – и Рустам Ваҳҳобро хотиррасон карда, байтҳои алоҳидаи онҳоро бо як самимият такрор мекунанд ва ба маҳорати эҷодии ин шоирон таҳсин мехонанд.
Пешвои миллат асарҳои чеҳраҳои сиёсиву иҷтимоии гузаштаву муосирро низ аз назар мегузаронанд, ба навиштаҳои онҳо диққати махсус медиҳанд. Борҳо дидаем, ки аз асарҳои Ҷавоҳирлол Неру, Моҳандас Карамчанд Ганди, Муҳаммад Алӣ Ҷино, Ден Сяопин, Си Ҷинпин ва дигарон ёд карда, назари онҳоро доир ба давлатдорӣ, усули роҳбарӣ ва рушди иқтисоди миллиашон баррасӣ карда, аз таҷрибаи назариявию амалии онҳо баҳравар шуданашонро таъкид месозанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳорати хоси эҷодӣ дошта, дар фурсатҳои мувофиқ ишораҳои шахсиашонро дар варақҳои алоҳида қайд карда, онҳоро ҷудогона дар як гӯшаи дафтари кории худ ҷамъ менамоянд. Ҳангоми сафарҳои хидматӣ ба  шаҳру  ноҳияҳо  ва  хориҷи  кишвар  низ Пешвои миллат ин усули эҷодиро истифода намуда, хулосаҳои худро дар варақаҳо навишта, онҳоро пас аз бозгашт ё ба котибот месупоранд ё ба маводи қайдҳояшон зам карда, ҳангоми таълифи мақолаҳои илмӣ, оммавӣ ё таҳияи маърӯзаҳо аз ин навиштаҳои хеш истифода менамоянд. Як қисми ташаббус ва идеяҳои нав аз байни ҳамин гуна варақаҳо пайдо шуда, ҳамчун мавзӯъ ё масъалаи мубрам ба матни мақола ва маърӯзаҳои ин шахсияти таърихӣ ворид мешаванд. Чунончи, соли гузашта дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи мутолиаи китобро дар байни хонандагону донишҷӯён ҷиддӣ ба миён гузоштанд. Ин ташаббус пешниҳоди шахсии худи Пешвои миллат буда, аз дохили варақаҳои қайди шахсӣ ба муҳокимаи ёварон гузошта шуд ва вориди матни Паём гардида, дар миёни ҷомеа ҳамовозии гарм пайдо намуд.  Роҳбари давлат масъалаи мазкурро ниҳоят муҳим арзёбӣ карда, масъулони соҳаҳои маориф ва фарҳангро вазифадор намуданд, ки: 
«…ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд».
Дар пояи ин иқдоми маърифатпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падару модарон, омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён, инчунин, мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ ба харидории китоб шурӯъ намуда, китобхонӣ дар муассисаҳои таълимӣ, миёни аҳолӣ ва байни хизматчиёни давлатӣ вусъати тоза пайдо кард. Дар бисёр муассисаҳои давлатӣ китобхонаҳо таъсис ёфтанд, ки ҳар як корманд баробари пайдо кардани вақт дар ин китобхонаҳо нишаста, ба мутолиаи китоб машғул мешавад. Дар мактабҳо тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илм мусобиқаҳои гуногуни китобхонӣ ба роҳ монда шуд ва сафи китобхонҳо дар кишвар рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Ҳамзамон, наврасону ҷавонон ҷиҳати ҳифзи абёти шоирон ва аз худ кардани порчаҳои насрӣ талош доранд. Тибқи гузоришҳое, ки тавассути воситаҳои ахбори омма пахш мегарданд, маълум мешавад, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат дӯстдорони китоб зиёд шуда, наврасон китобҳои бадеиву таърихиро бо завқ мутолиа мекунанд.  
Дар доираи ин супориши Сарвари давлат Вазорати фарҳанг якҷо бо мақомоти маҳаллӣ барои таъмиру тармими китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, бахусус деҳаҳои дурдаст иқдом гирифта, ба таъмини онҳо бо китобҳои тозанашр шурӯъ кардааст. Ғайр аз ин, дар кишварамон шахсони ҳимматбаланд ва китобдӯсте пайдо шудаанд, ки бо мақсади амалӣ кардани ташаббуси Пешвои миллат дар деҳаҳои худ китобхонаҳо бунёд карда, дари онҳоро барои дӯстдорони китоб боз карда истодаанд.
Воқеан, ин амали шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи сокинони кишвар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо хушнудӣ пазируфта шуд. Волидайн дар пайи дарёфти асарҳои адибон шуда, баъди дарс нури дидагони хешро ба китоб хондан водор месозанд.  Калонсолон низ рӯ ба китоб оварда, ба китобхонаҳо рафта, вақти холии худро дар ин макони маърифат мегузаронанд. Аз рӯи маълумоти оморӣ вақтҳои охир шумораи муштариёни китобхонаҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бамаротиб зиёд шудааст.
Пешвои миллат ба фаъолияти китобхонаҳо низ диққати махсус дода, доир ба ин масъала низ ҷиддӣ изҳори назар намуданд. Аввалан, нисбат ба фаъолияти номуназзами китобхонаҳо изҳори нигаронӣ намуда, камбудиҳои ҷойдошта, аз қабили нарасидани китобҳои тозанашр, истифода нагардидани маводи мавҷуда ва кам шудани шумораи китобхонҳоро зикр карданд. Ва мақомоти марказӣ ва маҳаллиро вазифадор карданд, ки минбаъд китобхонаҳоро ба макони мутолиаи китобу рӯзнома ва ахбору маҷаллаҳои даврӣ, ҷойи баргузории чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ ва муоширати наврасону ҷавонон табдил диҳанд ва фаъолияти онҳоро зери назорати ҷиддӣ қарор дода, хазинаи китобхонаҳоро ғаниву пурра гардонанд.
«Китобхонаҳо, – ишора карданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём, – бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Муносибати некбинонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи кишвар ҳар як инсони бедордилро водор месозад, ки ба мутолиаи китоб машғул шуда, ҷаҳонбинии худро такмил бахшад. Аксари сокинони кишвар ин иқдомро пазируфта, рӯ ба   китобхонӣ оварданд ва тарғиби китобу китобдӯстӣ дар миёни аҳли ҷомеа вусъат гирифт.  
Иқдоми дигаре, ки Пешвои миллат дар ин самт пеш гирифтанд, дар сатҳи кишвар эълон намудани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»  мебошад, ки натиҷаҳои хуб ба бор оварда истодааст. Дастовардҳои наврасону ҷавононро ба инобат гирифта, Пешвои дурандеш имсол ҳам ин озмунро дастгирӣ карданд. Ташаббуси мазкур боис мешавад, ки доираи иштирокчиён бамаротиб васеъ ва дар он табақаҳои гуногуни ҷомеа, новобаста аз синну сол, ширкат варзанд.
Ин чорабинии фарҳангӣ ба баланд бардоштани завқи наврасону ҷавонон, қавӣ намудани ҳофизаи онҳо, ошно шудан ба сухани асил ва қувват бахшидан ба қобилияти зеҳнии шахс мусоидат менамояд. Барои озмуни мазкур як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад сомонӣ ҷудо шуда, номинатсияҳо ба қисмҳои алоҳида ҷудо шудаанд ва аз кӯдаки боғча то калонсолон метавонанд дар ин озмун иштирок карда, соҳиби мукофот гарданд. Дар ин бора Сарвари давлат дар ин паёмашон ба вазоратҳои дахлдор, бахусус Вазорати маориф ва илм дастур доданд, ки:
«Ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” – ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад.
Вазорати  маориф  ва  илм,  вазорату   идораҳое, ки дар   сохторашон  муассисаҳои  таълимӣ  доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” – ро аз рӯи се самт: якум- миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм – таҳсилоти  ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм – дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд».
Дар асоси ин таъкиди Роҳбари давлат ба озмуни зикршуда на танҳо тарбиягирандагону таълимгирандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, балки дигар табақаҳои ҷомеа, новобаста аз синну сол ҷалб мешаванд. Акнун шаҳрвандони мамлакат метавонанд боз ҳам бештар ба китобхонӣ рӯ оваранд, суханҳои пурмазмунро  аз  бар  созанд,  шеър  ва порчаҳои насриро ҳифз намоянд ва доираи ҷаҳонбиниашонро васеъ карда, луғат ва калимаву ибораҳои зиёдро дар зеҳни худ ҷой диҳанд. Ба назари мо, баргузории озмун, такони ниҳоят ҷиддӣ дар роҳи ташаккули маънавиёти аҳли ҷомеа мегардад ва ба ҷалби бештари хоҳишмандони шеъру сухан мусоидат менамояд.
Дар доираи ҳамин андешаҳои судманд Пешвои миллат дар суханрониашон ба ифтихори Рӯзи дониш 1 сентябри соли 2019 ба ҷавонони кишвар муроҷиат карда, онҳоро ба мутолиа, китобхонӣ, ҷустуҷӯҳои илмиву таҳқиқотӣ даъват карда, аз ҷумла гуфтанд:
«Шумо – ҷавонони азиз, ҳаргиз фаромӯш накунед, ки гузаштагони мо – тоҷикон дар тӯли тамоми таърих соҳиби саводу маърифат, китобу қалам, илму дониш ва офарандагони яке аз тамаддунҳои бостонӣ, инчунин, шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин буданд».
Воқеан, ин таъкидҳои саривақтии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як наврасу ҷавони бедордилро водор месозад, ки ба донишомӯзиву  китобхонӣ  машғул шавад ва  ҷаҳони маънавии хешро ҳарчи бештар ғанӣ гардонад.
Аз ин рӯ, наврасону ҷавонон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки китобхониро ба одати доимӣ табдил диҳанд, ба омӯзиши илму дониш ҷиддӣ машғул шаванд ва дар рушди Тоҷикистони азизамон, ки хонаи умеду орзуи ҳар кадоми мову шумо мебошад, саҳми арзанда гузоранд ва Ватани маҳбубамонро ба як кишвари пешрафтаи фарҳангӣ мубаддал гардонанд.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

Бознашр: Аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”

Чоп кунед