“Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад”. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28-уми декабри соли 2023
Воқеан ҳам Тоҷикистон сарзамини сарсабзу меҳмоннавоз ва табиати зебову нотакрор буда, бо иқлими мусоид, боду ҳаво, манзараҳои дилфиреб, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффою шифобахш, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои ғании мардумӣ макони беҳтарини сайру саёҳат ба шумор меравад. Ҳамасола баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, дар доираи беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохилию хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт, аз ҷониби Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сарсабзию ободонии кишвар пайваста тадбирҳои назаррас амалӣ карда мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз самтҳои асосии гулгулшукуфӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба “кишвари сабз” ва рушди бахши сайёҳӣ дар кишвар мебошад. Ҳунӯз аз соли 2017 дар рӯйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ муаррифӣ гардида буд, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 136-ум ҷойи имконпазир ҷойи 107-умро касб намуда буд. Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон додаанд, алоҳида қайд карда шуд. Ин нишондиҳандаҳо баёнгари он мебошанд, ки кишвари мо қадам ба қадам ба стратегияҳои қабулгардидаи худ ва ба иқтисодиёти босубот мегузарад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷаҳони имрӯза дар ҳолати баду ногувори экологӣ қарор дорад. Масалан, дар асоси таҳқиқоти масъалаи мазкур маълум гардид, ки ҳамасола 2,24 млрд тонна партови сахти коммуналӣ истеҳсол карда шуда, 55 дарсади он дар иншооти назоратшаванда партофта мешавад. Ҳар сол тақрибан 931 миллион тонна хӯрокворӣ исроф мешавад ва то 14 миллион тонна партови пластикӣ ба экосистемаҳои обӣ ворид мегардад. Тақрибан 80 миллион тонна партови пластикӣ ба муҳити зист партофта мешаванд. Набояд фаромӯш кард, ки ҳар як ҳодисаҳои иқтисодӣ дар ҷаҳони имрӯза ба якдигар дар як занҷира пайваст буда, кандашавии он боиси мушкилоти дигар дар самтҳои дигари ҳаёти башарият мегардад.
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷаҳони имрӯза буда, дар масъалаҳои беҳдошти табиат ва ҳифзи муҳити экологӣ кӯшиш намуда, баҳри бартараф намудани оқибатҳои фоҷиаовари он талош меварзад. Ин талошҳо ба манфиати инкишофу тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ буда, дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва системаи иқлим ба манфиати наслҳои имрӯза ва оянда мебошанд. Мебояд эътироф намуд, ки тағйирёбии иқлим дар рӯйи Замин ва оқибатҳои манфии он боиси ташвиши умумии башарият гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасвиби Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлим дар соли 1998 ва қабули уҳдадориҳо ба муборизаи умумӣ алайҳи гармшавии глобалӣ ва оқибатҳои манфии он шомил гардидааст. Дар ояндаи наздик метавон гуфт, ки аз рӯйи се нишондод Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба гурӯҳи “кишварҳои сабз” дар ҷаҳон ворид кардан имконпазир мегардад.
–Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ камтарин партовҳои CO2 ба ҳар сари аҳолӣ дорад ва ҳамагӣ тақрибан 2−3% аз ҳаҷми умумии партовҳои CO2 дар минтақаро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, кишвари мо аз рӯйи партовҳои газҳои гармхонавӣ (гулхонаӣ) дар ҷаҳон дар ҷойи 135-ум қарор дорад, ки саҳми арзандаи Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки дар миқёси минтақавӣ ҳаҷми партовҳои газҳои гармхонавӣ дар Тоҷикистон ба як нафар камтартарин аст ва саҳми ин дар беҳбуди вазъи экологии минтақа ва сайёра хеле калон мебошад.
–Яке аз сарватҳои табиии Тоҷикистон об аст, ки беш 60 дарсади захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Тибқи маълумот ҳаҷми умумии захираҳои обии Тоҷикистон 46 км3, захираи об дар кӯлҳо, захираи об дар пиряхҳо 460 км3, захираи обҳои зеризаминӣ 6,6 км3 ва маҷрои дарёҳои солона ба 56,8 км3 дар як сол ташкил медиҳад.
Асоси энергетикаи Тоҷикистонро неругоҳҳои барқи обӣ ташкил намуда, дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, ки дар як сол 527 миллиард кВт/соат истеҳсол мекунад, дар ҷаҳон пас аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Заир, Ҳиндустон, Канада ва дар ҷойи 8-ум ва аз ҷиҳати самаранок истифода бурдани захираҳои об дар Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро ишғол менамояд. Бо замми ин, 90 дарсади обҳои мавҷуда барқароршаванда буда, дар 80 дарсади соҳаи кишоварзӣ бо об таъмин мебошанд.
–Тоҷикистон дар рушди иқтисодиёташ пайваста аз манбаъҳои барқароршавандаи захираҳои табиат истифода бурда, баҳри рушди босуботи оянда талош меварзад. Истифодаи густурдаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, пеш аз ҳама, неруи обӣ ба мо барои ба даст овардани чунин натиҷаҳо мусоидат мекунад. Ногуфта намонад, ки Тоҷикистон 98 дарсади неруи барқро аз ҳисоби неруи барқароршавандаи табиат истеҳсол менамояд. Ҳамзамон, дар Тоҷикистон баҳри рушди иқтисодиёти босубот дар соли 2023 “Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» барои солҳои 2023-2037” таҳия ва қабул карда шуд. Инчунин, баҳри расидан ба ҳадафҳои Стратегияи қабулгардида пайваста барномаҳои самарабхшро қабул мешаванд, ки яке аз онҳо “Барномаи нави миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Кишвари сабз” барои солҳои 2023–2027” мебошад, ки баҳри беҳдошти вазъи экологии кишвар нақши бориз мебозад.
Пеш аз ҳама, саволе ба миён меояд, ки зери мафҳуми “кишвари сабз” чӣ фаҳмида мешаваду кадом иқдомот амалӣ мегарданд?
“Кишвари сабз” гуфта, минтақае дар назар дошта мешавад, ки дар он иқлими муътадил, боду ҳавои мусоид, табиати сабзпӯш мавҷуд буда, сокинонаш дар оғӯши табиати сабзи иборат аз ҷангалзору гулзор ва дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан зиндагонӣ мекунанд. Дар ин маврид зисту зиндагонии мардум беҳтар гардида, сатҳи иҷтимоию иқтисодии онҳо ба таври назаррас баланд мешавад. Ин раванд имкон медиҳад, ки табиат ба мисли инсоният инкишоф ёфта, оқибатҳои фоҷиаовари он аз байн раванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зарфиятҳои худ метавонад тамоми минтақаҳои кишварро сабзу хуррам гардонида, дараҷаи зиндагонии аҳолияшро беҳтар гардонад. Аз ин лиҳоз, Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа гузоштааст, ки барои беҳбудии саломатии сокинонаш муҳити зисти мусоидро фароҳам созад. Ин нукта дар “Барномаи миллии ҷумҳурӣ таҳти унвони “Кишвари сабз” барои солҳои 2023–2027” таъкид шудааст. Ҳадафи асосии Барнома кам кардани партовҳои гази гармхонавӣ (гулхонаӣ), гузариш ба “иқтисодиёти сабз”, таъмини устувории табиӣ тавассути васеъ намудани майдони ҷангалзор ва ҳамчунин, афзоиш додани майдони боғу токзор мебошанд. Мувофиқи ин нақша, канори роҳҳои кишварамон сабзкорӣ ва дарахтзор мегардад. Ин ҳадаф ба васеъ гардонидани майдонҳои сабз ва ҳудуди табиии махсус ҳифзшаванда ва амнияти экологии аҳолиро таъмин намояд. Маҳз ин Барнома бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдадти миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю кӯшишҳои Роҳбарияти шаҳри Душанбе, ки оғоз аз соли 2020 баҳри боз ҳам устувории шаҳри сабз кӯшишу талош меварзанд, амалӣ мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми роҳбарияти вазорату муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллии ҷумҳуриро муваззаф гардонидаанд, ки барои татбиқи Барномаи мазкур чораандешӣ карда, ҳамасола аз кори анҷомдодаашон ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар ҳисобот диҳанд. Дар навбати худ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур гирифтаст, ки то 1 январи ҳар соли амали Барномаи мазкур ба Ҳукумат дар бораи татбиқи он гузориш ироа кунад.
“Барномаи миллии «Кишвари сабз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” самтҳои асосии рушди устувори ҷомеаро ҷиҳати танзими тавозуни табиии газҳои гармхонавӣ (гулхонаӣ), мутобиқшавӣ ба раванди тағйирёбии иқлим, гузариш ба “иқтисоди сабз” ва таъмини нигоҳдории устувории манзараҳои табиӣ, ташаккули захираҳои гуногунии биологӣ, идоракунии устувори муҳити зист ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои гузариш ба “иқтисоди сабз” фароҳам меоварад.
Барнома дар асоси “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия гардида, ҳадафи он амалӣ намудани тадбирҳои зерин мебошад: .
–васеъ намудани майдонҳои сабзгардонии ҳамаи минтақаҳои мамлакат, ҷангалзор, боғу токзор, майдонҳои сабз ва ноил шудан ба истифодаи мақсадноки онҳо;
–ташкил ва васеъ намудани майдони ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда;
–таъсиси фазои аз ҷиҳати экологӣ тоза барои беҳтар намудани саломатии аҳолӣ;
– барқарор намудани минтақаҳои вайроншуда бо истифода аз кабудизоркунӣ;
–рушди “иқтисоди сабз”;
– танзими кабудизоркунии маҳалҳои аҳолинишин, ки бо роҳҳои нақлиётӣ, кӯчаҳо ё хатҳои махсуси сабз ҷудо шудаанд;
– кабудизоркунии сарҳад бо обанборҳои табиӣ, ҷангалзор, инчунин, дар шафати роҳҳои нақлиётӣ;
–таъмини нигаҳдории навъҳои нодири наботот, ки ба минтақаҳо хосанд ва ба таври сунъӣ андешидани тадбирҳои зиёд кардани навъҳои онҳо;
–татбиқи нақшаи идоракунӣ доир ба кабудизоркунӣ ва баланд бардоштани донишу таҷрибаи корӣ, барқарор намудани системаи вайроншудаи табиии экологӣ, ташкили системаи экологии таъмини амнияти экологии кишвар;
–баланд бардоштани таваҷҷуҳи истифодабарандагони табиат бо ҳифз ва нигоҳдории майдонҳои сабз дар асоси арзишҳои миллӣ ва умумибашарии рушди мутаносиби табиат;
–беҳтар кардани рушду инкишофи системаи экологӣ бо роҳи андешидани тадбирҳои илмию амалии барқарор намудани майдонҳои сабз бо роҳи шинондани дарахту буттаю гул ва ғайра.
Мақсад аз қабули чунин Барномаи миллӣ ва талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки навобаста аз таъсири кам расонидан ба иқлими сайёра, мебояд таъсири мусбат якчанд баробар зиёдтар бошад. Ҳамчунин, тавасути афзоиш додани дарахтон ва сарсабзкунии минтақа самаранокии иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсиро доро мегардад, чунки мубаддал гардидан ба “кишвари сабз” бо экосистемаи худ чунин манфиатҳоро ба бор меорад:
–Ҳамеша тозаю озода гардидани боду ҳавои фазои кишварамон дар дилхоҳ фаслҳои сол. Боиси тазаккур аст, ки дар давоми як рӯз як гектар ҷангал аз ҳаво 120–280 кг гази карбон мегирад, ки дар сурати набудани ин гектар гази карбон дар атмосфера мемонад ва таъсири гармшавиро зиёд мекунад. Бунёди Ҷаҳонии Табиат қайд мекунад, ки буридани ҷангалҳо дар ҳаҷми 10% сабаби умумии гармшавии глобалиро ташкил дода метавонад. Илова бар ин, нобудшавии ҷангал барои навъҳои гуногуни наботот ва ҳайвонот маънои аз даст додани манзили онҳоро дорад.
–Афзун кардани дарахтон ва сарсабзнамоӣ имкон медиҳад, ки заминҳо аз эрозия ва шусташавӣ нигоҳ дошта шаванд. Махсусан, Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақест, ки ҳангоми кам гардидани дарахтон ва буттаҳо шуставӣ ва лағжиши замин (ярч) ба вуҷуд меояд. Ғайр аз ин, дарахтон ва буттазорҳо заминро аз ҳодисаҳои эрозияи шамолу об эмин нигоҳ дошта, боиси аз байн нарафтани заминҳои ҳосилхез мегардад. Дарахтон ба гардиши об мусоидат мекунанд, агар дар он ҷое, ки дарахтон кам гарданд, борон дар он минтақа хеле кам меборад. Як дарахт ҳар рӯз он қадар об хориҷ мекунад, ки таъсири хунуксозӣ дар натиҷаи ин раванд ба таъсири ду кондитсионери маъмулӣ дар давоми рӯз баробар аст.
–Макони мусоид барои сайёҳон. Дар “кишвари сабз” натанҳо ҷаҳонгардон сайругашт менамоянд, ҳамчунин, онҳо саломатии худро барқарор менамоянд. Кишвари мо низ яке аз чунин кишварҳое ба шумор меравад, ки дар ин минтақа сайёҳон метавонанд манзараҳо ва табиати биҳиштосои моро тамошо карда, инчунин, саломатиашонро барқарор намоянд.
Хулосаи калом, Ҷумҳурии Тоҷикистонро лозим аст, ки баҳри боз ҳам беҳтар гардидани рушди экология ва “иқтисодиёти сабз” пайваста сармояҳои хориҷиро барои амалӣ гардонидани “лоиҳаҳои сабз” ҷалб намояд.
Рустамҷони С.Қ.,
номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори Раёсати таҳлили
масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон