Ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати ислом аз оғози пайдоиш то ба имрӯз дар фаъолияти тахрибкоронаи худ, ташкили бетартибӣ, ҷанг ва иҷрои амалҳои террористиро дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор додааст. Даҳҳо далелҳои таърихӣ ва даҳҳо намунаи таҳлили коршиносони дохиливу хориҷӣ мавҷуданд, ки ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ будани Ҳизби наҳзати исломро собит намудаанд. Яке аз далелҳои равшан ва раднопазир, ин ташкили ҷанги шаҳрвандии соли 1992 дар Тоҷикистон мебошад. Дар натиҷаи фаъолияти террористии ТТЭ ҲНИ дар кишвар беш аз 150 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, садҳо иншоотҳои гуногуни таърихӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо хароб гардиданд. Маврид ба ёдоварӣ аст, ки дар он вақт яке аз ҳадафҳои асосии ТТЭ ҲНИ ин аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ва пароканда кардани миллати тоҷик ташкил медод, ки хушбахтона бо ҷонфидоии фарзандони қаҳрамони миллати тоҷик давлати тозаистиқлол аз хатари ТТЭ ҲНИ ҳифз карда шуд.
Ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати ислом пас аз ҷанги шаҳрвандӣ низ чандин амалҳои террористиро анҷом додааст. Аз ҷумла сӯиқасд ба ҷони зиёиён ва равшанфикрони миллати тоҷик, кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ҷониби Ҳоҷӣ Ҳалим дар соли 2015, ба мактабҳои экстремистии хориҷа барои таҳсил равон кардани ҷавонони тоҷик аз ҷониби роҳбари Ҳизби наҳзати ислом, ба ташкилоти террористии Давлати исломӣ бо роҳи фиреб равон намудани ҷавонони гумроҳгашта аз ҷониби ҳизби болозикр, иштирок дар террори сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ва ғайраҳо аз амалҳои зишти ТТЭ ҲНИ ва аъзоёни он мебошад. Маҳз бо назардошти чунин ҳолат соли 2015 нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далелу фактҳои радношаванда исбот намуда буданд, ки Ҳизби наҳзати ислом ташкилоти экстремистиву террористӣ аст ва дар асоси далелҳои раднопазир Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳизбро террористӣ ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ намуд.
Аммо доираҳои наҳзатӣ ва роҳбарони он ҳамеша даъво менамоянд, ки ташкилоти террористӣ нестанд ва мақсади ноором сохтани ҷомеаро надоранд. Албатта чунин иддаоҳои онҳо аз воқеияти амалкардҳояшон фарсахҳо дур аст. Зеро таърихи фаъолияти наҳзат бозгӯи террористӣ ва экстремистӣ будани он аст. Як воқеияти аҷоиб дар он аст, ки то имрӯз ҳеҷ яке аз созмони экстремистиву террористие худро террорист ва ё экстремист нагуфтааст. Ва бештраи ин гуна созмонҳо бар ҳамон даъвое будаанд, ки дар роҳи дурустанд. Чӣ гунае, ки “ДОИШ”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ”, “Ал-Қоида”, “Толибон” ва дигар созмонҳои ифротгаро худро шабакаи террористӣ намепиндоранд, Ҳизби наҳзати ислом низ худро ифротгарову террорист намеҳисобад. Ҳақиқат ин аст, ки ин созмонҳо воқеан шабакаҳои ифротгарову террористӣ мебошанд ва муассисони онҳо бо чунин шева мехоҳанд амалҳои ифротиву террористии онҳоро зери чодар қарор диҳанд. Аммо, кайҳо исбот гардидааст, ки таҳриру толиб ва наҳзативу ансорӣ ифротгарову террористанд. Ҳамасола, қатл гардидани ҳазорҳо одамони бегуноҳ аз ҷониби созмонҳои террористӣ ва ба харобазор табдил ёфтани давлатҳои ором маҳз натиҷаи фаъолияти чунин ташкилотҳо аст. Яъне, дигар ҳама чиз маълум аст, амалҳои иҷро намудаи ТТЭ ҲНИ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он, қатли даҳҳо олиму журналисту ҳунарманду равашанфикру сиёсатмадор аз ҷониби наҳзатиён далели экстремисту террорист будани онҳо аст. Ин гуна мисолҳо хеле зиёданд.
Масалан, яке аз далелҳои дигаре, ки ташкилоти террористиву экстремистӣ будани Ҳизби наҳзати исломро собит менамояд, баёния ё изҳороти роҳбари ҳизб М.Кабирӣ оид ба ташкили ҷиноҳи низомии ТТЭ ҲНИ аст, ки чанд рӯз қабл дар расонаҳои марбути ТТЭ ҲНИ садо дод. Инчунин, санаи 11 майи соли 2022 дар мусоҳибае бо Радиои озодӣ ӯ изҳороти худро бори дигар баён дошта, мавқеи террористии ҳизбашро мушаххас намудааст. Дар робита ба изҳороти М.Кабирӣ чанд масъаларо баён менамоем, ки воқеияти амалкардҳои наҳзат ва ҳадафҳои нопоки онро дар нисбати миллату давлати тоҷик нишон медиҳад. Яъне, чанде аз андешаҳои роҳбари ТТЭ ҲНИ-ро ба риштаи таҳлил мекашем, ки бори дигар ҳизби бадхоҳи миллат будани онро нишон медиҳад.
Ӯ дар суханронии худ оид ба ташкили ҷиноҳи низомии мухолифин андешае баён доштааст, ки идеяи “таъсиси ҷиноҳи низомиро хеле табиӣ ва ором” қабул намудааст. Ин, ки роҳбари наҳзатиён ташкили нерӯи ҷангиро ором ё табиӣ қабул намудааст, барои шахсони огоҳ ҳолати нав ё муъҷиза нест. Чунки, ба ҳама маълум аст, ки наҳзат ҳамеша дар фаъолияти худ аз силоҳ, оташ ва ғайра истифода менамуд ва ҷиноҳи низомӣ яке аз бахшҳои асосии фаъолияти он маҳсуб мегардид. Масалан, ҳанӯз соли 2021 дар “Конфронси минтақавии мубориза алайҳи терроризм” Аҳмадзиё Сироҷ роҳбари Раёсати умумии амнияти миллии ҳукумати қаблии Афғонистон суханронӣ намуда, вазъи ҳамонвақтаи Афғонистон ва номи гурӯҳҳои ифротиву экстремистии дар хоки кишвараш қарор доштаро баён намуда буд. Ба иттилои ӯ дар соли 2020 дар Афғонистон аз 6 то 10 ҳазор ҷангҷуёни террористии хориҷӣ қарор доранд, ки дар дохили ин шумора ҷангҷуёни Ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати ислом низ вуҷуд доранд. Ҷаноби Аҳмадзиё Сироҷ махсусан таъкид намуд буд, ки аъзоёни ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом дар сафи террористони дар қаламрави Афғонистон мавҷуд буда, ба куштору ғоратгарии мардуми осоишта машғуланд. Ин яке аз далелҳои аз фаъолияти наҳзатиён аст. Аз ин рӯ роҳбари наҳзатиён агар ҳамеша аз амалҳои хунини наҳзатро пинҳон менамуд, дар охир иқрор гардид, ки ТТЭ ҲНИ аз ҷиноҳи низомӣ дар фаъолияти худ истифода менамояд. Чунин изҳорот баёнгарӣ созмони ифротӣ ва террористӣ будани наҳзат аст.
Инчунин, роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ дар суҳбати худ бо Радиои Озодӣ изҳор доштааст, ки “баъди ҳодисаҳои Афғонистон ва Украина наҳзат ба хулосае расидааст, ки бояд муборизаро бо силоҳ” идома диҳад. Бояд зикр кард, ки изҳори чунин андеша ҷонибдории ошкорои роҳбари наҳзатиёнро аз ДОИШ ва дигар ташкилотҳои террористӣ шаҳодат медиҳад. Яъне, роҳбари наҳзатиён бар андешае аст, ки барои расидан ба мақсадҳои нопокаш бояд аз тамоми василаҳои ҳарбӣ истифода намояд. Дигар, ин ки аз чунин изҳорот хулоса намудан мумкин аст, ки ТТЭ ҲНИ аз дигар ташкилотҳои террористӣ ҳеҷ тафовуте надорад.
Умуман, бояд қайд кард, ки ТТЭ ҲНИ ҳоло ҳам ҳадафҳои ғаразноки қаблиашро пайгирӣ намуда, ноором сохтани ҷомеаи тоҷикро яке аз мақсадҳои асосии худ қарор додааст. Аъоёни ин ташкилот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фиреби корбарон ва туҳмат нисбати давлату миллат машғул мебошанд. Аз ҳамин лиҳоз имрӯз сокинони кишварро зарур аст, ки беш аз пеш ҳушёр бошанд ва фирефтаи чунин ташкилотҳои террористии тахрибкор нагарданд.
Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷик имрӯз соҳиби истиқлолияти сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, арзишҳои олии давлатдорӣ ва тамаддуни бузурги созандагӣ аст. Барои сокинон фазои сулҳу субот ва оромиву осудагӣ таъмин аст. Ҳар як шаҳрванд метавонад, аз ин фазои осуда истифода намуда, зиндагии дурахшони худро пеш барад.
Ҳамин тавр, изҳороти охири роҳабри наҳзатиёни ифротӣ бори дигар чеҳраи воқеии ТТЭ ҲНИ-ро ба мардуми тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дод. Наҳзатиён бо чунин изҳорот собит намуданд, ки ба мардуми тоҷик танҳо бадхоҳӣ ва хиёнатро мехоҳанд.
Пайрав Зиёӣ,
коршиноси масъалаҳои сиёсӣ